Главная / Гуногун / Илми Химия дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Илми Химия дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

259

Дар ин давра химия ҳам ба пеш қадами бузург гузошт. Соли 1869 олими рус Д. И. Менделеев системаи даврии унсурҳои химиявии худро ҷой кард. Он вақт дар ҷадвали Менделеев ҳамагӣ 63 унсур мавҷуд буд, вале ӯ хосияти унсурҳои химиявиеро, ки ҳануз худи онҳо маълум набуданд, пешакӣ муайян карда, дар ҷадвал ҷои онҳоро холӣ монд.

Дар солҳои 70-90-уми асри XIX мухаққикоии химия унсурҳои нави химияро кашф карданд. Фаронсавӣ Лекок Буабодран галлийро, швед Л. Ф. Нилсон скандийро, немис К. Винклер германийро, англис У. Рамзай дар таркиби ҳаво аргонро кашф кард. У. Рамзай соли 1898 бо ҳамроҳии Ҷ. Рзлей унсурҳои химиявии криптон, ксенон ва неонро кашф карданд.

Дар ин давра соҳаҳои нави химия ба вуҷуд омаданд. Алоқаи байниҳамдигарии химия ва физика имконият дод, ки физикаи химиявӣ ба вуҷуд ояд. Ҳисоби протсессҳои химиявӣ ин илмро ба риёзӣ бештар алоқаманд кунонд. Электрохимия низ яке аз соҳаҳои химия гардид. Омӯзиши хосияти физикии кристаллҳо барои ба вуҷуд омадани стереохимия сабабгор шуд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …