Главная / Гуногун / Илми Биология дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Илми Биология дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Биология. Дар ин илм инкишофн назарияи эволютсионӣ идома ёфт. Соли 1871 асари Чарлз Дарвин “Пайдоишн одам” аз чоп баромад. Аз ин пештар ӯ назарияи инкишофро кор карда баромада, дар ин бора асар навишт. Дарвин дар асоси таҳлили як қатор илмҳо дар бораи аз маймунҳои одамшакл пайдо шудани одам фикр баён кард.

259

Асосгузори услуби эволютсионӣ дар палеонтология В. А. Ковалевский ба шумор мерафт. Ӯ исбот намуд, ки протсессҳои эволюсионии ширхӯрон ба ивазшавни мухити зисти онҳо вобаста аст. Кори ӯро баъдтар олими белгиягӣ Л. Долло давом дод.

Олимп чех Грегор Мендел қонунияти аз насл ба насл гузаштанн нишонаҳои ирсиятро кор карда баромад. Ӯ исбот намуд, ки ирс аз чизҳои таркибие иборат аст, ки асоси моддии онро ташкил медиҳанд. Дар ибтидои асри XX олимони дигар пешгӯиҳои Г. Менделро исбот намуда, мақоми хромсомаҳоро дар ирсият муайян карданд. Онҳо ба хулоса омаданд, ки ҳар як хромосома аз воҳидҳои зиёди фоидаовар иборат аст.

Олими рус И. П. Павлов дар соҳаи системаи физиологияи дил ва рагҳои хунгард ва физиологияи ҳазм тадқиқот гузаронид. Ӯ мақоми фаъолияти системаи асабҳоро дар протсессҳои физиологӣ санҷид. Бо ҳамин роҳ И. П. Павлов назарияи рефлексҳои шартӣ ва ғайришартиро кор карда баромад.

Одими ҳоландӣ Г. да Фриз ва олимони рус К. А. Тимирязев ва И. В. Мичурин ҳам дар инкишофи илми биологияи охири асри XIX – аввали асри XX саҳми калон гузоштаанд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

Агар аз бачаҳои синф дар ин хусус пурсон шавӣ, албатта, ба ин фикр розӣ мешаванд. …