Главная / Илм / ИЛЛЮЗИЯ

ИЛЛЮЗИЯ

iluziaИЛЛЮЗИЯ, тахайюл, фиреби хотир, дарки барғалат ва нодурусти ашё ва ҳодисаҳои воқеӣ. И. бисёр вақт дар заминҳои афсурдарӯҳӣ бо эҳсоси тарсу ваҳм, ихтилоли аъзои ҳис (мас., шунавоӣ, биноӣ ва ғ.) пайдо мешавад. Баъзан И. мумкин аст дар одамони солим низ ба вуҷуд ояд (мас., ҳангоми аз ҷангал ё қабристон гузаштан). Дар аснои бемориҳои рӯҳӣ И. бештар дар давраи аввали психозҳои шадид рух менамояд. Ҳангоми ин ҳам И.-и биноӣ ва ҳам И.-и каломӣ пайдо мешавад. Мас., ягон ашёи ҷилодор дар дасти шахси ношинос ба назар корд менамояд; сухангӯии одамони бегона ба гӯши бемор мисли таҳдид, таҳқир ё дашном мерасад. Баъзан беморон дар гули зардеворӣ ё роғи девор ҳодисаҳои рангоранг, суроби одамону ҷонваронро мебинанд.
Барои муолиҷаи И. бемории асосиро табобат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …