Главная / Илм / «ИКСИРИ АЪЗАМ»

«ИКСИРИ АЪЗАМ»

iksiri-azam«ИКСИРИ АЪЗАМ», асари Муҳаммад Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902), ки бо номи Аъзамхони Ҳаким ва тахаллуси Нозими Ҷаҳон ҳам машҳур аст. «И. А.» яке аз шомилтарин ва бузургтарин китобҳои тиббии асрҳои ахир буда, с. 1873 дар чаҳор муҷаллади бузургҳаҷм ва ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф ба он «Иксир» ном додааст, ки маънои он доруи бағоят муфид буда, онро «моддату-л-ҳаёт» низ мегӯянд. Китоб ҳам бахши назарӣ ва ҳам бахши амалии тибро дарбар мегирад ва дар он дар бораи ҳамаи бемориҳои инсон аз сар то пой ва роҳҳои муолаҷаи онҳо маълумот дода мешавад. «И. А.» якчанд маротиба дар Ҳиндустон ба усули сангӣ ба табъ расидааст.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …