Главная / Илм / ИКРОМОВ Зиё Хонович

ИКРОМОВ Зиё Хонович

ikromov-zioИКРОМОВ Зиё Хонович (11. 06. 1911, ш. Бухоро – 18. 10. 1997, ш. Душанбе), ҷарроҳ, аввалин доктори илми тиб (1950) ва профессор аз байни мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ. Писари мударриси мадраса Икром Абдусалом, машҳур ба лақаби домулло Икромча. Аз ӯ нависандаи маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон С.Айнӣ сабақ гирифтааст. И. с. 1930 Техникуми омӯзгории тоҷикӣ ва с. 1936 Донишкадаи давлатии тиббии ш. Самарқанд ба номи И.П. Павловро хатм намудааст. Аспирант (1936 – 39) ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии факултавии Донишкадаи тиббии Тошкент (1939 – 42), сардухтури беморхонаи ноҳ. Ургути вил. Самарқанд (1942 – 45), дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон сардори шӯъбаи тандурустии ш. Сталинобод (1945 – 48), дотсент ва сипас мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Донишкадаи тиббии Самарқанд (1948 – 53), мудири кафедраи ҷарроҳии умумии ДДТТ (1953 – 55), проф. кафедраҳои анатомияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1956 – 76). Муаллифи 40 китобу мақолаҳои илмист, ки ба омӯзиши манбаъҳои маҳаллии пайдоиши санги пешоб дар сокинони водии Вахш бахшида шудаанд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …