Главная / Гуногун / ҲИКОЯТЕ АЗ ҶАВОНӢ

ҲИКОЯТЕ АЗ ҶАВОНӢ

Ёд дорам, он сол падарам хона бино мекарданд. Дар дашти Марғедар ба мардум заминҳои наздиҳавлигӣ дода буданд, ки ба оилаи мо ҳам як порча расида буд. Тибқи расми роиҷ, ба ҳар падари тоҷик се чиз фарз аст: ба писар номи некӯ гузош- тан, ӯро зан додан ва барояш хона сохтан. Падарам дар фикри соҳиби хона кардани ҳар як фарзандашон буданд ва сохтмони ин хона қадаме буд дар иҷрои ин фариза.

Қисса кӯтоҳ, он сол ман дар сохтмони қабати дувуми ҳамин хона, ки аллакай ошёнаи зераш сохта шуда буд, дастёрӣ кардам. Устои чӯбкор, усто Раҳмонқул аз деҳаи Қумоқи ҳамсоя буд. Мардуми Киштӯд сабки махсуси хонасозӣ доранд. Қариб ҳамаи хонаҳо як гуна сохта мешуданд. Як айвони дароз ва аз дохили он вобаста ба талаботи соҳибхона якчанд дар хона.

javoni

Баданаи ин иморатҳо хеле мустаҳкам сохта мешавад. Ҳатман дар хонасозӣ заминларзаро ба ҳисоб мегиранд. Мегӯянд, ки сох- тори ин хонаҳо ба заминларзаи шадид тобовар аст. Сараввал тарҳи хона комилан аз чӯб сохта мешавад. Аввал синҷҳои поёнро мегузоранд, сонӣ дар ин синҷҳо комак бароварда сутунҳои асо- сиро амудӣ барқарор мекунанд. Ва як рӯз ҳашари синҷбардорон даъват карда, сарсинҷҳоро дар сари ин сутунҳои аслӣ устувор мекунанд. Пас аз ин тамоми ин тарҳро бо каҷсутунҳо муҳкам мекунанд ва ҷолиб ин аст, ки дар сохтани ин бадана умуман аз мехи оҳанӣ истифода намекунанд, таҳсинҷу сарсинҷро ба ҳам бо сутунҳо комак бароварда, васл мекунанд, фақат ҷо-ҷо он ҳам мехи чӯбӣ истифода мекунанд, ки мегӯянд ин равиш муқовимати биноро ба заминларза боло мебарад. Баъд дар болои синҷҳо болорҳои чӯбинро гузошта, устувор мекунанд. Ҳамин тавр, баданаи хонаро комилан аз чӯб месозанд ва баъд аз ин кори лойгарӣ сар мешавад, ки байни ин сутунҳоро хишти лойӣ чида, аз рӯяш андова мекунанд.

ҶАВОНӢ РАФТ – СУРУД АЗ АФЗАЛШО

Албатта, хиштчиниву андова хеле кори пурзаҳмат аст. Аммо панҷрӯдиҳо дар корҳои хиштчиниву андова ҳашар даъват ме- кунанд. Дар ҷойҳои мо ҳашар расми хубест, ки ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор ҷамъ шуда, корҳои пурзаҳмати соҳибхонаро ба таври дастаҷамъӣ дар як рӯз анҷом медиҳанд.

Баъд аз ин ҳама, устои чӯбкор вассаҳоро мечинаду боз ҳам- деҳагонро ҳашар даъват карда, бомро сиёҳпӯш мекунанд. Ва навбатро боз ба устои чӯбкор медиҳанд, то болои бомро пӯ- шонад. Дар гузашта, ки шифер набуд, болои бомро гилпӯш мекардаанд, то ки об нагузаронад.

Хулоса, он тобистон ман ҳунари усто Раҳмонқулро тамошо карда, шоҳиди ҳунари муҳандисии хонасозии суннатии маҳаллӣ шудам ва ин ҷузъиётро ба он хотир ҳикоя кардам, ки расми хонасозии суннатии бобоӣ сабт бошад.

Мо ниҳоятан хонаро шиферпӯш кардем. Усто пас аз итмоми кор чанд рӯзе наомад. Як бегоҳ падарам аз амакам хоҳиш кар- данд, ки усторо бегоҳ ба хона даъват кунанд. Бегоҳ усто ҳамроҳи шогирдаш омад. Падараму амакам бо устову шогирдаш гирди дастархон барои хӯроки шом нишастанд. Модарам хӯроки шомро ҳозир намуданд ва ман дастархончӣ будам.

Пас аз хӯрок, модарам ду бастаро, ки яке бузургтар ва дигаре хурдтар буд, ба ман доданд. Ман бастаҳоро ба хона даровардам, ки амакам хеста, бастаи бузургтарро пеши устову он дигариро пеши шогирдаш бурда гузоштанд. Ба расми панҷрӯдӣ, ба усто сарупо ё ҷомаеро дар миёнбанд баста ҳадя мекунанд. Баргашта берун баромадам, ки модарам як бастаи хурдакакеро, ки ба рӯймолча печонида шуда буд, ба ман дода ишора карданд, ки инро ҳам бибарам. Баргашта он бастаи дохили рӯймолчаро пеши падар гузоштам. Падарам оромона рӯймолчаро боз кар- данд ва бандчаҳои пулро берун оварда:

– Хӯш, усто, ҳаққатона гӯед, чанд? – гуфта пурсиданд. Усто:

  • Чӣ, ман барои пул кор кардам, магар? Як хона пӯшондам. Ҳеч кори арзишманде накардаам. Ба худатон ва фарзандҳотон насиб кунад, – гуфта, ҷавоб дод ба падарам.

Падарам:

  • Не, барои пул неву лекин ҳаққатона гиред охир, ош шавад,
  • гӯён як миқдор пули ҳисоб кардаашонро пеши усто гузоштанд.

Усто ба пул эътиное накарда, сӯи дигар рӯй тофта, нишаста буд. Ба назари ман ҳолат ногувор намуд. Гумон мекардам, ки усто аз пешниҳоди падарам нороҳат аст.

Падарам:

  • Гиред, ба хизмататон розӣ шавед, ҳазор сӯм, ҳаққу ҳалол,
  • гуфтанд.
  • Як тинатон ҳам ба ман даркор нест. Пулатон ба худатон насиб кунад, – гӯён усто пулро баргардонда ба пеши падарам гузошт. Ман, ки бори аввал шоҳиди чунин ҳисобукитоб мешу- дам, сарфаҳм намерафтам, ки чаро усто ноз мекунад ва пули корашро гирифтан намехоҳад.

Падарам бо табассум аз бандчаҳои пули наздашон чанд донаи дигар ҳисоб карда рӯи он пулҳо ҳамроҳ карданд ва боз назди усто гузоштанд, ва:

  • Ана дуруст шуд, сад сӯми дигар, гиреду розӣ шавед, – гуфтанд. Усто бо оҳанги мулоимтар:
  • Гуфтам, ки пулатон ба худатон насиб кунад! – гӯён бо дасташ пулҳоро андаке ба сӯи падарам тела дод. Падарам бо табассуми саволомез ба сӯи амакам нигоҳ карданд. Амакам:
  • Усто, хуб шуд, гиред, розӣ шавед! – гуфтанд. Усто ба гапи амакам эътиное надода аз падарам:
  • Чӣ тавр ҳисоб кардед? – гуён пурсид, зоҳиран, ӯ то ҳол пулро аз сабаби камияш нагирифта будааст, ноз мекардааст, то маблағи дилхоҳашро пешниҳод кунанд.
  • Чилучор рӯзи корӣ, ҳар рӯзе 25 сӯмӣ, – ҷавоб доданд па- дарам.

Ва илова карданд:

  • Усто Бозор хонаи ҳамсояро сохт, барои ҳар рӯзи кораш 23 сӯмӣ гирифт, ман барои шумо 25 сӯмӣ ҳисоб кардам, ки хурсанд шавед.
  • Устои дигарро бо ман муқоиса накунед, кори мана бинеду кори дигарона, – гуфт усто.
  • Охир, барои ҳамин 23-сӯмӣ нею 25-сӯмӣ ҳисоб кардам, – гуфтанд падарам.

Усто:

  • Гуфтам-ку, пулатон ба худатон насиб кунад, як хона пӯ- шондам аз шири модар ҳалол, ба наслҳотон насиб кунад, – гӯён боз ҳам пулро бо нӯги ангушташ андаке ба сӯи падарам тела дод. Ин дафъа амакам ба падарам «пулро ба ман диҳед», гуфта нимхез шуданд. Падарам пулҳоро бардошта ба амакам доданд. Он пулҳоро ҳам диҳед, гуфтанд амакам. Падарам пулҳои боқи- мондаро, ки наздашон рӯи дастархон меистод, низ ба амакам доданд. Амакам чолокона аз он пулҳо чанд коғази дигарро ҷудо карда ба бастаҳои қаблӣ ҳамроҳ карданд ва:
  • Ҳазору саду чил сӯм, усто, гиред розӣ шавед! – гӯён ба усто дароз карданд.

Усто:

  • Чанд? – гуфта пурсид. Амакам такрор карданд. Ӯ даст дароз карда, пулро гирифта ба ҷайбаш андохту:
  • Насиб кунад, – гӯён даст ба рӯй кашид ва филфавр аз ҷояш хеста, бухчаи наздашро гирифта, ба берун баромад…
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

Агар аз бачаҳои синф дар ин хусус пурсон шавӣ, албатта, ба ин фикр розӣ мешаванд. …