Главная / Гуногун / Ҳикояи Ғук ва Моҳӣ (Афсона)

Ҳикояи Ғук ва Моҳӣ (Афсона)

Ғуке (Қурбоқа) аз ҷуфти худ ҷудо монду меҳнати беҷуфтияш бар канори дарьё нишонд: ҳар сў назар меандохт ва хотири ғамдидаро аз ғами беҷуфтӣ мепардохт. Ногаҳон:

М а с н а в ӣ

Моҳие дид дар  миёнаи об,
Ҳамчун оби равон равон ба шитоб.
Ё чу миқрозе аз сабикаи сим,
Атласи сатҳи об аз ў ба ду ним.
Ё чу эмин ҳилоле аз каму кост,
Мутамоил ба ҷунбиш аз чапу рост.

Чун ғук вайро бидид, хотираш ба сўҳбати вай кашид. Қиссаи беҷуфтии худро дар мнён оварду аз вай талаби мусоҳабат кард.

ҚурбоқаМоҳӣ гуфт:

— Мусоҳабатро муносибат дарбоист аст ва мусоҳиби номуносиб сўҳбатро ношоист. Маро бо ту чӣ муносабат?! Маро ҷо дар қаъри дарёву туро манзил бар канори соҳил, маро даҳон хомўшу туро забон пур аз хурўш; туро қубҳи лиқо – сипари бало, ҳар кӣ шакли туро бинад, нахоҳад, ки бо ту нишинад; ва маро ҳусни манзар сармояи хавфу хатар, ҳар кӣ ба ҷамоли ман дида барафрўзад, чашми тамаъ дар висоли ман дўзад; мурғони осмон дар ҳавои мананд ва вуҳуши саҳро дар савдои ман; сайёдон гоҳ чун дом дар ҷустуҷўи ман бо ҳазор дида ва гоҳ чун шаст аз бори орзуи ман бо пушти хамида.

Ин бигуфт ва роҳи қаъри дарё бардошт ва ғукро бар соҳил танҳо бигузош.

Қ и т ъ а

Бо касе маншин, ки набвад бо ту дар гавҳар яке,
Риштаи пайванди сўҳбат иттиҳоди гавҳар аст.
Ҷинсро бо ҷинсу бо ноҷинс агар гирӣ қиёс:
Ин ба сони обу равған в-он чу ширу шаккар аст.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …