Главная / Илм / ИХРОҶ

ИХРОҶ

ihrojИХРОҶ (ба истилоҳи тибби илмӣ экскретсия, ба таъбири тибби қадима қувваи дофеа ё ронанда), аз тани ҳар ҷонвар берун омадани барзиёдии обу намакҳо, маҳсулоти вопасини нодаркор ва зарарноки мубодилаи моддаҳо ба воситаи пешоб, арақ, нафас, пасафканд, қай ва ғ.
Маҳсулоти охирини мубодила дар мавҷудоти соддатарин аз ҳуҷайра бевосита ба муҳити моеи гирду атрофи он хориҷ мешавад, дар ҳайвоноти ширхӯр бошад, вай аввал ба моеи байниҳуҷайравӣ ронда шуда, сонӣ аз ин ҷо ба воситаи хун ва лимфа ба узвҳои И. (гурдаҳо, ҷигар, ғадуди арақ, рӯдаҳо ва ғ.) оварда мешавад. Системаи И. бо фаъолияти худ таркибу хосиятҳои муҳити дохилии баданро ҳамеша дар як дараҷаи муайян дошта меистад. Аз ҷумлаи аъзои И. асоситарин ва муҳимтарин гурдаҳо мебошанд: онҳо зиёдии обу намак ва моддаҳои зарароварро аз бадан дафъ мекунанд. Қисми зиёди CO2 (98 – 99%) ба воситаи шуш, каме аз пӯст хориҷ мешавад.
Олимони маъруф ва машҳури форс-тоҷик Абӯбакри Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Исмоили Ҷурҷонӣ ва диг. дар асарҳои худ дар боби ҳар чизе, ки аз тани мардум берун меояд, чун арақ, бавл, нафас, фазла, қай ва ҳолу аҳамияти онҳо дар ҳадди тандурустӣ ва беморӣ фикрҳои муҳим баён карда, аз рӯи сифату хислат ва миқдори ин моддаҳо бисёр дардҳоро ташхис ва табобат менамуданд. Дар вақти вайрон шудани фаъолияти системаи И. (узвҳои нафас, пешоб, ҳозима ва ғ.) саломатӣ дар хатар мемонад. Масалан, агар пешоб ва пасафканд 7 – 8 рӯз берун наояд тани инсон заҳролуд ва ҳалок мегардад. Аз ин рӯ табибони қадим фармудаанд, ки мардуми тандуруст ҳам барои аз боқимондаи моддаҳои нодаркор ба куллӣ тоза кардани бадан бояд дорую хӯрокиҳои пешоброн (мудиррот), дарунрон (мусҳилот), арақрон (муарриқот) ва қайовар (муқайиот) истеъмол намоянд. Фаъолияти узвҳои И.-ро системаи асаб ва ғадудҳои дохилиусоравӣ (эндокринӣ) идора карда, ба тартиб медароранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …