Главная / Илм / ИҒМО

ИҒМО

igmoИҒМО (юн. Coma – хоби чуқур), кома, мадҳушии вазнин, ки дар натиҷаи зарб хӯрдани сар, заҳролудии ҳуҷайраҳои силсилаи асаби марказӣ ва ё амрози системаи асаб ба вуҷуд меояд. Ихтилоли нафаскашӣ ва гардиши хун метавонанд боиси марги бемор шаванд. Сабабҳои пайдоиши И. гуногун аст. Он бештар ҳангоми ихтилоли шадиди гардиши хун дар майна, диабети қандӣ, бемориҳои вазнини ҷигар ва гурдаҳо, инчунин заҳролудӣ аз нӯшокиҳои спиртдор, оксиди карбон ва ғ. ба амал меояд. Беҳушӣ ногаҳон мавриди нисбатан дуруст будани авзои бемор сар мезанад. Чунин ҳодиса, мас., ҳангоми сактаи мағзи сар ё якбора кам шудани қанди хун ( ниг. Диабети қандӣ) рӯё медиҳад. Аксар И. – е, ки ҷараёни бемории музминро вазнин мегардонад, мас., И. – и диабетӣ, И. – и хунпешобӣ (ниг. Уремия) тадриҷан инкишоф меёбад; дар аввал нишонаҳои иллати асабияи марказӣ (беҳолӣ, гарангӣ, хоболудӣ) зоҳир мегардад, вале ҳуш гум намешавад.
Дар вақти И. фавран ёрии тиббӣ зарур аст, зеро кумаки саривақтии духтур И.- ро пешгирӣ карда, ҳаёти беморро наҷот медиҳад. Либосҳои болои маризро кашида, ӯро мехобонанд, протези дандонҳои сунъи (ҷудошаванда)-ро аз ҷояш мегиранд (то ки роҳи нафас баста нашавад). Азбаски худи бемор дар ҳолати И. ба саволҳо ҷавоб дода наметавонад, бояд атрофиён ба корманди тиб дар бораи рафтори ӯ пеш аз сар шудани И. нақл карда, барои ташхиси беморӣ ёрӣ расонанд. Нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бемор – справка аз муассисаи табобатӣ, маълумот дар бораи беморӣ ва доруҳои мавриди истеъмоли ӯ хеле муҳим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …