Главная / Гуногун / ИДРОК ЧИСТ?

ИДРОК ЧИСТ?

Дар китоби дарси иттилое дода мешавад, ки табиат ва ашёю ҳодисаҳои онро шарҳ медиҳад. Вазифаи толибилм дарки олами иҳотакунанда, фаҳмидани ин маълумот аст.

Раванди идрок аз мушоҳидаи зиндаи олами муҳит шуруь мешавад. Мушоҳидаи зинда-ин эҳсосоте мебошанд, ки тавассути аъзои гуногуни ҳис: биной, шунавой, ломиса, зоиқа, ҳисси мулоимию сахтии ашё, эҳсоси ҳарорат(ҷӯшон, гарм, сард) ворид мешаванд.

Аз ин рӯ, шуруй идрок ин эҳсос мебошад. Вай тавассути аъзои ҳисси одам дарк мешавад.

Иттилои қабулшуда ба мағзи сари инсон интиқол дода шуда, образҳои ашёи мушоҳидашавандаю эҳсосшаванда ва ҳодисаҳо дар шакли тасаввурот боқӣ мемонанд. Ин марҳилаи мушаххаси эҳсосотии дарки инсон номида мешавад. Онро дар шакли схемаи зерин нишон додан мумкин аст:

Эҳсос Идрок —> Тасаввурот

Ҳар он низе, ки дар магзи сари( шуури) инсон тасаввур мешавад, дониши ҳақиқӣ шуда наметавонад. Барой ин одам бояд перомуни ин тасаввурот қазоват намояд ва онҳоро таҳлил кунад.

Дар натиҷаи таҳлили ҳамаҷониба одам аз рӯйи андешаҳои хеш хулоса мебаро- рад.

Агар хулосаи ( умозаключение) инсон табиатро дуруст иньикос намояд, пас маъ- лум мегардад, ки вай асрори табиатро дарк кардааст.

Чунин марҳилаи дуввуми тафаккураи меҳнати ақлӣ номида мешавад. Инро ме- тавон бад-ин тартиб ифода кард:

Қазоват—> Хулосабарорй —> Фаҳмиш

Зинаи аз ҳама олии идрок ин фаҳмиш аст. .Агар одам ашё ва ё ҳодисаро дуруст дарк , тахдил намуда ва хулосаи дуруст кунад, пас мегӯянд, ки вай фаҳмид ва дар шуури ӯ мафҳум ташаккул ёфтааст.

.Агар марҳилаҳои якум ва дуввуми идрокро ( ҳисси мушаххас ва тафаккуриро) якҷо намоем, пас чунин тасвир пайдо мешавад:

Эҳсос Идрок —> Тасаввурот —> Қазоват
—> Хулоса —> Фаҳмиш

Гуфтем, ки мо маводҳои китоби дарсиро дар бораи табиат хонда ва фаҳмидаем. Вале ин барои одам чаро лозим аст?

Дониши мазкур ба одам чӣ медиҳад? Дониш барои он барои одам лозим аст, то вайро дар ҳаёти шахсияш истифода барад. Танҳо ҳангоми истифодаи донишҳои одам дар ҳаёти рӯзмаррааш натиҷаҳои он маълум мегардад. Инро амалия меноманд.

Дар хулоса метавонем бигӯем, ки дарки модияти табиат аз тарафи инсон аз дар- ки диссй шуруъ туда ба тафаккур интиқол меёбад.

Натиҷадои( донишдои) ба дастомада дар амалия истифода мешаванд. Чунин аст роди диалектикии дарки табиат (В. И. Ленин).

Толибилмони азиз! Кӯшиш намоед, то модияти табиатро дуруст дарк намо­ед, қазоват карданро биёмӯзед, хулосаи дуруст бароварданро аз андешадои худ ёд бигиред. Тандо он вақт Шумо дорой салодиятнокие мешавед, ки ба Шумо фанни «Табиатшиносй» такдим медорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …