Идона

 

Яке аз рўзҳои тираи моҳи ноябр. Мо аз маъракаи ҳафт бармегаштем. Пеш-пеши мо марде дар арқааш як лингаи вазнин заминро газам-нагазам базўр роҳ мерафт.

– Ана, ид ҳам наздик омад, – гуфт Ботур, марди навчаи газгўшт, шонапаҳн.

Дар ҳамин ҳангом бачае баланд нидо намуд:

– Ид омаду ид омад, идона фаровон шуд!

– Эъ, дар қаври бачадор… – мард лингаро ба замин партофту аз қафои бача сур кард. Лекин ба бача расида натавонист. Бача чун оҳу парида-парида мегурехт.

– Ист! – мегуфт ў.

Вале бача гўш намедод, намеистод.

– Ист мегўям! – амр мекард мард.

Дар охир мард аз давидан хаста шуд.

– Қапам мекушам! – таҳдиду таъкид кард мард, ки ба обу арақ ғутида, ҳаш-ҳаш мезад. Ва баъд худашро дошта натавониста, боз ба дашноми бача сар кард:

– Э дар гўри падарат… дар арвоҳи… дар зоту зуриётат…

– Ба ў чӣ шуд? – пурсидам аз Ботур, ки ўро хуб мешинохт.

– Ба иззати нафсаш расид.

– Чӣ тур?

– Қимоб аст ў.

– Не-е? Қимоб аст? Аз шеър?

– Не, аз идона.

– Не-е! – дар тааҷҷуб мондам ман. – Охир, дар тўй тўёна ва дар ид идона медиҳанд. Чӣ ҷои қимобӣ дорад?

– Бале! Лекин вай аз пушти идона дар маҳбас шишта баромад.

– На-а-аход? Аҷоиб-ку! Ку, нақл бикун.

Ботур гўиё ин хоҳиши маро нашунида бошад, ҳарфе назад, хомўш монд.

– Хайр, ку, нақл кун.

– Не, – рад кард ў.

– Барои чӣ?

– Метарсам.

– Аз ў?

– Не, аз ту, – гуфт Ботур, – даррав менависӣ.

– Хайр чӣ?

– Чӣ бисёр? Иғвогару шўрандоз. Алов мемонанд, дар бало мемонам.

Ў лаб фурў баст.

“Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу!” – гуфтагӣ барин ман аз хоҳиши худ даст намекашидам.

– Хўш-хўш?

Вай ба рўи ман нигарист.

– Натарс, бигў!

Вай рўяшро ба дигар тараф гардонд.

– Мақсад аз навиштани ҳикоя, – гуфтам ба ў, – на ҳикоя аст, балки ҳикмати он аст, ки барои дигарон сабақ мешавад, ё ба ин ё он хонанда раҳнамо.

– Эъ, биё мон! – даст афшонд ў. – Ҳоло аз мўи сар ҳам бисёр менависанд, вале кам мехонанд, ё хонанд ҳам на ҳамеша сари хондаашон фикр мекунанд. Имрўз дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби ман қариб 50 нашрия чоп мешавад, лекин 50 сухани ҳалол намеёбӣ. Аз пашша фил месозанд!

– Оҳ-ҳа, ана гапу мана гап! Лекин айби кӣ? Айби ту баринҳо!

– Чӣ, чӣ?

– Ҳа, ҳа. Наранҷ. Ана, ҳоло ту намехоҳӣ нақл кунӣ. Ман маҷбурам, ки бофам. Чизи бофта, албатта, ганда мебарояд.

Вай дақиқае чанд хомўш монд. Баъд гуфт:

– Хайр, ин хел бошад чӣ ҳам гўям… Лекин номашро иваз мекунӣ.

– Майлаш. Хўш… Номашро Рустам мемонам. Мешавад?

– Чӣ-ӣ?! Рустам? О, ин номи падарарўси ман! Чӣ, мехоҳӣ, ки хонаи ман вайрон шавад?!

– Не, не! Ҳеҷ гоҳ! Худо нишон надиҳад. Хайр, худат таклиф кун.

– Давлат. Мешавад? Набошад гўш кун…

 

2

 

Тўй бо тўёна ва ид бо идона зеб дорад. Ин одати аҷдодии мо сахту сангин аст. Ба мисли кўҳсорамон. Қанд хўру дар тўй тўёна набар ва ё дар ид идона надеҳ. Э-ҳа! Ради маърака мешавӣ! Пес, махав шуда мемонӣ! Ё худро меовезӣ ё саратро гирифта аз деҳа баромада меравӣ. Роҳи сеюм вуҷуд надорад. Ё ва ё! «Не»-яш нест! Амаки Давлат чилу ҳашт соле, ки дар деҳа зиндагӣ кард, аз ин одати аҷдодӣ қадаме берун нагузошт. Соли чилу нўҳуми умр тақдир ўро ба шаҳри калон оварад. Дар ин шаҳри пурдуду пурғавғо ҳам, ки саг соҳибашро намеёбад, ин одат риоя мешудааст. Дар ин ҷо ҳам чун дар деҳа бачаҳо села-села шуда ба таги дарат омада, хурсандона:

– Иду айём муборак, пайса, майса қаторак, як тухмаки ҳаворак! – гўён нидо мекардаанд.

Тез дарро мекушоию гўё гулзорро мебинӣ. Ҳазор гул бо ҳам печида ҳазор ранг ба ҳам омехта. Ба онҳо идона медиҳиву худат ҳам ҳаловат мебарӣ. Аз хандаи чун хуршедашон, аз шодиву нишоташон, аз таровати чун гулғунчаҳои ношукуфтаашон маст мешавӣ. Ба ростӣ то оғози бозсозӣ масъалаи идона ба қавле дарди сар намешуд. Бозсозӣ омаду ба гардани борику дарози амаки Давлат боз як ғам бор шуд. Бале ғами идона. Оббо! Замони карахтӣ чӣ хел хуб буд-а! Тухму чормағз фаровону арзон. Садта тухму панҷ кило чормағз мехаридӣ, олам гулистон. Ё ки якта панҷсўмая майда карда мегирифтиву ба ҳар бача медодӣ, сад бор раҳмат гуфта, хурсанд мерафт. Тангаву тухму чормағз байзаи тилло шуда монд. Вале иди соли гузашта, амаки Давлат илоҷашро ёфт. Ҳазор дона пуфаки ҳарранга харида, се рўз идона дод. Боз се донааш монд. Худаш онҳоро дам карда ба бачаҳояш дод. Имсол ҳам ният дошт, ки пуфак мехараду ҷон халос. Вале як бегоҳ ба сараш гўё яхоби Сибирро рехтанд, пас аз таробеҳ Бўрии пакана, забонаш хорид ё барқасди амаки Давлат аз домулло пурсид;

– Муҳтарам домулло, бигўед, ки чӣ идона шуда метавонад?

Ин саволи ногаҳонӣ беш аз ҳама амаки Давлатро хавотир кард. Вай бесаранҷом шуда, ба даҳони домулло дида дўхт.

– Ҳмм, – домуло, ришашро ҳилол карда, ба андеша рафт. Сипас оиди пайдоиши идона як соат ваъз хонд ва баъд худаш ҳам монда шуд магар, ки гуфт:

– Лўнда карда гўям, ҳама чизи хўрданӣ идона шуда метавонад!

Ба дили амаки Давлат оташ афтод.

– Пуфак чӣ? – оҳиста пурсид аз домулло.

– Пуфак, пуфак… – қиёфаи мутафакиронае гирифт, – не, пуфак идона шуда наметавонад!

– Барои чӣ? – бо умеди охирин пурсид амаки Давлат.

– Барои чӣ? Ҳмм… Чунки… вақте ба бача пуфак медиҳед, хурсанд мешавад, вале вақте пуфак мекафад, ғамгин. Аз ин рў пуфак идона додан макрўҳ аст. Беҳтараш тухм диҳед.

– О пеш…

– Кори дунё пеш – меш надорад, бандаи Худо, – норозиёна сўяш нигарист домулло ва гапи амаки Давлат дар даҳонаш монд. Тарбуз аз бағалаш афтоду шикаст ва обаш ба рўяш парида, ба донаҳои арақ табдил ёфт…

Вай хафаву бедимоғ ба хона омада, аламашро аз завҷаву бачаҳояш гирифт ва хаставу бедимоғ хоб рафт, вале саҳар бо пои рост хеста будааст, ки бахташ хандид: аз дўкони пеши хона чор қуттӣ, яъне яксаду бист дона тухми арзон дастрас кард.

– Худоё! Ин қадар тухмро чӣ кор мекунӣ? – бо изтироб истиқболаш кард ҳамсараш.

– Тухмбозӣ! – шўхӣ пеш овард амаки Давлат.

– Пирию хартозӣ?!

– Ҳафтафаҳм! Барои ид!

– О, то ид ҳоло дур-ку?

– Ҳой мўйдарози ақлкўтоҳ, ин тухмҳоро Худо дод! Дар балкон мон, истодан мегирад. Ошу нон намехўрад-ку!

– О, вайрон мешавад! – гуфт зан норозиёна, вале амаки Давлат дигар гўш накарда, баромада рафт.

 

3

 

Ду рўз пеш аз ид ногаҳон чирроси очаи бачаҳояш ба фалак печиду амаки Давлат, хавотир шуда ба балкон тохт.

– Чӣ гап? Чӣ газид?

– Ҳеҷ чиз нагазидааст, – оҳ кашид завҷааш. – Тухмҳо…

– Ба тухмҳо чӣ шуд? Муш бурдааст?

– Кошки муш мебурд… Чўҷа баровардаанд!

– Чўҷа?! – Аз ин ҷавоби ногаҳонӣ амаки Давлат қариб носи даҳонашро фурў бурда буд.

– Худо шоҳид!

Дар ҳақиқат балконро чўҷа зер карда буд. Аз 120 тухм 120 чўҷа баромадааст гўем, бовар кунед. Сафед, зард, сиёҳ, алобуло…

Ҳуш аз сари амаки Давлат парид, вале чўҷаҳо чириқ-чириқкунон гўё ба ҳоли зораш механдиданд.

– Чӣ кор мекунем? Рўзи ид шармандаи ду дунё мешавам! – мушт ба сар зад ў.

– Нанолед, мардак! – тасалло дод ҳамсараш. – Шукр кунед!

– Шукр кунам? Ба чӣ шукр кунам? Маро масхара мекунӣ?

– О, ном мебарорем, мардак, ном! Ҳоло як чўҷа – сӣ сўм! Бачаҳо ҷон-ҷон гуфта ин идонаро мегиранд.

– Рост мегўӣ, занак, – ба тани амаки Давлат ҷон даромад. – Ҳақиқатро бигўем, аз ин идонаи зўртар нест-ку! Бача хурсанд мешавад? Мешавад! Пас идона аст? И-до-на!

Дар ҳақиқат ид бисёр хуб гузашт. Бачаҳо хурсанд буданд. Ҳазл не, идона – чўҷа!

Вале баробари расидани шом, амаки Давлат худ ба худ зиқ шудан гирифт.

– Чӣ шуд? – пурсид ҳамсараш.

– Намедонам, як тарафи дилам торик.

– Ин аз хастагӣ, хоб кун, дам гир, мегузарад.

Аммо хоб куҷо? То қарибии субҳ фикру хаёлҳои мухталиф оромаш нагузоштанду субҳдам занги дар бедораш кард. Вай хавотир дарро кушода, дар остона ду марди паҳлавонҷуссаро дид.

– Давлат Давлатов? – пурсид яке бо дағдаға.

Вай ҳайратзада:

– Ҳа-а… ман, – гуфт.

– Бо мо меравӣ!

– Шумо кистед?

– Ҳомиёни қонун!

Ҳамсараш баромада шўру ғавғо бардошт, вале он ду тан ба дасти амаки Давлат кашан зада, бурдандаш.

 

4

 

Амаки Давлат, дар милисахона ба худ омада пурсид:

– Чӣ гап?

– Чӣ гап?! – дўғ зад яке аз милисаҳо. – Аз кисаи давлат савлат мекунию, боз мепурсӣ, ки чӣ гап?

– Чӣ хел савлат? – Амаки Давлат даступо хўрд.

– Кӣ чўҷаҳои давлата дуздида ба бачаҳо тақсим кард?!

Амаки Давлат таги гапро фаҳмида, оҳи сабук кашид ва қиссаро начакондаву нарезонда гуфт.

Милисаҳо аввал қоҳ-қоҳ занон хандинанд. Баъд яке бо ангушташ таҳдид намуд:

– Ҳа, доное, пухтае!

– Бофтанаша бинед-а! Нависанда-ку нестӣ? – Теғи нигоҳ сўяш кашид дигаре.

– Не… – гаранг-гарангу канда-канда гуфт амаки Давлат.

– Нависанда ки набошӣ, чаро мебофӣ?!

– Чӣ бофтам?

– Афсона!

– Афсона набофтаам. Худо шоҳид!

– Дар ин хел корҳо Худо шоҳид шуда наметавонад!

– Хаёл накун, ки мо намефаҳмем! Мо ҳарду то ба қарибӣ дар фермаи мурғ кор мекардем. Шукри Худо мефаҳмем, ки мурғ чисту чўҷа чист.

– Гапа бин-а?! Аз 120 тухм 120 чўҷа-а! Э рўт сиё-е! Дар инкубатори давлат аз сад тухм базўр даҳ чўҷа мебарояду дар хонаи ту аз 120 тухм 120 чўҷа баромадааст?!

– Мўъҷиза…

– Мўъҷизаро дар суд мефаҳмонӣ!

То қонундонҳо “мўйро аз хамир ҷудо карданд”, ки амаки Давлат понздаҳ рўз шишта, аз идона қимоб ба дунёи рўшан баромад…

10 октябри соли 2000

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …