Главная / Илм / ИДИОСИНКРАЗИЯ

ИДИОСИНКРАЗИЯ

idiosinkraziaИДИОСИНКРАЗИЯ (Idiosyncrasia; аз юн. idios – худӣ ва synkrasis – омехта, махлут), мизоҷвайронӣ, ҳассосияти ирсии организм ба баъзе хӯрокворию доруҳо. Нишонаҳои аллергияро дорад. И. бо паст шудани фишори хун, осеби девораи рагҳо, таровидани хун дар зери пӯсту луобпарда, маҳв гаштани эритроситу лейкоситҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда ва диг. узвҳо ҷараён мегирад. Сабаби асосии ин ҳама нарасидани ферментҳои муайян аст. Агар ферментҳои шираи меъдаю рӯда кам бошанд, хӯрок ҳазм нашуда, кори узви ҳозима халал меёбад. Мас., ҳангоми дар рӯда нарасидани ферменти лактаза одам аз истеъмоли шир дарунрав мешавад.
И. аз аксуламали аллергӣ нисбати хӯроку доруҳо тафовут дорад. Аз истеъмоли хӯрокворӣ ва доруе, ки ҳассосияти организмро бедор мекунанд, худдорӣ бояд кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …