Главная / Гуногун / Иди Забони тоҷикӣ санаи 5-уми октябр ҳамасола аст!

Иди Забони тоҷикӣ санаи 5-уми октябр ҳамасола аст!

Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иди забони тоҷикӣ ҳар сол санаи 5-уми октябр дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад, ки ин боиси дар ҳақиқат хурсандиву саодатмандии миллати тоҷик аст.

Забони точики

Таърихи иди забони тоҷикӣ: Бо соҳиб шудани тоҷикон давлати худ соли 1924 ва солҳои тӯлонӣ ба забони руссӣ дар замони шӯравӣ бурдани корҳои расмӣ ба забони хориҷӣ боиси нигаронии роҳбарону зиёиёни миллатӣ мо гардидааст ва бо пешниҳоду қарори онҳо соли 1989 санаи 22-юми июл, қонун дар бораи забони тоҷикӣ қабул шудааст.

Аз ҳамон сол тӯли 20-сол иди забони тоҷикӣ санаи 22-июл таҷлил мешуд. Лек соли  2009 бо ворид кардани тағийроту иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Забони тоҷикӣ санаи 5-уми октябр минбаъд бо санаи нав таҷлил мешавад. Инчунин қобили зикр аст, ки cанаи рӯзи таввалуди роҳбари амалкунандаи кишвар ба рӯзи забони давлатӣ рост меояд.

Мувофиқи қонуни таҷдидшуда ки иборат аз 28-шт мода мебошад, забони давлатии Тоҷикистон забони «Тоҷикӣ» мебошад ва донистани он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Солҳои шӯърави донистани забони тоҷикӣ ҳатмӣ набуд, чунки дар Тоҷикистон он замонҳо ҳокимон асосан халқӣ рус ва ё узбек буданд. Масалан солҳои 1970-1980-ум дар пойтахти Тоҷикистон 60%-и сокинонаш халқи русс, 20%-аш мардуми узбек ва боқимонда тоҷикон буданд.

Сабаби воло омадани забонӣ тоҷикӣ дар ҷамъияти имрӯза ин талошҳои тоҷикпарваронаи зиёӣ ва ҳокимони ҷасур буданд, ки бо таъсири сиёсати беруна соҳиб ба мақсаду орзуҳои худ расиданд. Солҳои шӯравӣ на кам аз нисфи мактабҳои пойтахт ба забони руссӣ дарс мехонданд ва дар сатҳи ҳукумату давлат танҳо ба забони руссӣ мактубнависию ҳуҷҷатнигорӣ бурда мешуд, ки мавқеи забони тоҷик доимо тангу торик мекард.

Андешаи бузургон оиди забон

Ба андешаи ҳам бузургон ва ҳам олимону шаҳрвандони қаторӣ маълум аст, ки забони тоҷикӣ соҳиби адабиёту ниёгонӣ бой аст ва аз замонҳои қадим тоҷикон ба ин забон шеър мегуфтанду китобҳои илмии худро доштанд. Масалан Абуабдуллои Рӯдакӣ – яке аз бузургтарин шоирӣ тоҷик дар асри 10-и мелодӣ ва ё Абуалии Сино дар бой кардани забонӣ адабии тоҷикон ки он замонҳо Самарқанду Бухоро пойтахту гаҳвораи тоҷикон буд  басо калон аст.

Бузургони мо медонанд, ки забони тоҷикӣ зиёда аз 3000 сол таърих дорад ва ба ин забон дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 30 млн. одамон сухан меронанд. Умуман забони тоҷикӣ як шохаи забонӣ форсӣ аст ва инро забоншиносони бузургӣ ҷаҳонӣ холо чунин мешиносанд. Ҳамин тавр забони тоҷикӣ ба забони форсӣ қариб 80-90% монандӣ дорад ва дар ҷаҳон бошад ба забони форсӣ зиёда аз 200 млн. одамон сухан меронанд, ки дар 20-давлатӣ ҷаҳон масканӣ мекунанд.

Бузургон мегӯянд, ки ҳар як миллат бояд забони худро дошта бошад ва ин барои мустақилияти соҳибистиқлолии давлат яке аз унсурҳои асосӣ мебошад. Ин ҳамчун пуллӣ худдӣ давлатию сарҳади ҷуғрофӣ доштан унсури муҳим мебошад.

Шеър дар бораи забони тоҷикӣ

Забони модарии ман, забони тоҷикӣ  аст,

Забони илму фан, эъҷоду ахбор аст,
Ба гуфтори забони тоҷикӣ мирам,
Аз он ки шеъваи лафзи аҷдодам аст.
Ман нома ба номи дустон кардам,
Эълону, таклифу, сухан кардам.
Ба он чи буду набуд тақдим,
Бо забонӣ тоҷикӣ кардам.
Мулки тоҷикон пур аз дурру гуҳар аст,
Якто гуҳараш забони тоҷикӣ аст.
Ин кӯҳи баланд қомати забонам аст,
Тозаву фораму ғанитарини ҷаҳон аст.
Забони ман забони бузургони дунёст,
Забони тоҷикӣ забонӣ ҳазорон китобҳост,
Забони маърифату забони ширину карим,
Азизтарин мисли модрам аст.
Аз он рӯзе, ки худро бишнохтам,
Пои худ дар роҳи ҳақ бинҳодаам.
Кумакам кард забони модариям,
Забони тоҷикӣ – забони бобоиям.
Забони тоҷикӣ кунад ҳидоят,
Ба ободӣ, ба илму ҳам рафоқат
Агар дарде дар тан дошта бошӣ,
Аз забони тоҷикӣ шифо биёбӣ
Ҳазорон дуоҳои илоҳӣ,
Ба забони тоҷикӣ гар биёбӣ,
Агар хушнудӣ дар дил бихоҳӣ,
Ғунчаҳои суруди тоҷикӣ биёбӣ.
Ҷонам фидои номи ту, забони ман ҷаҳони ман,
Садот шавад олам гар ватанам хурамтар аст.
Меҳру муҳаббат аз модар ҷумла пайвандтар аст,
Маро гӯед ба тоҷикӣ аз он фаҳмам дилбастагӣ.

БА ҲАВОДОРОНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ  

 

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест гавҳар бе ҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ,
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Аскар Ҳаким  (1963 сол)

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …