Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд.
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи шанбе 22-уми апрели соли 2023 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 7-30 дақиқа муайян карда шавад.
Дар мавъизаҳои идона роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.