Главная / Ҷамъият / ИДИ РАМАЗОН 2 МАЙИ 2022 таҷлил мешавад

ИДИ РАМАЗОН 2 МАЙИ 2022 таҷлил мешавад

Раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ  дар аҳли нишаст ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Раиси Маркази исломӣ , қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар кишвар ба рўзи 2-уми майи 2022 рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи душанбе 2-уми майи соли 2021 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 7-00 дақиқа муайян карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …