Главная / Маданият ва санъат / Иди баҳор. Композитсияи идона, ки кайфияти идонаро инъикос менамояд: тӯҳфаҳо, тасвирномаҳои табрикотӣ, газетаи деворӣ

Иди баҳор. Композитсияи идона, ки кайфияти идонаро инъикос менамояд: тӯҳфаҳо, тасвирномаҳои табрикотӣ, газетаи деворӣ

Наврӯз – наҷибтарин ва дӯстдоштатарин иди мардумони қадими Осиёи Марказӣ ва Шарқ. Дар ин вақт шабу рӯз баробар мешавад. Одамон бо арча хонаҳои худ ва ҳайвоноти хонагиро дуд мекарданд, ба ҳамдигар осудаҳолӣ, ҳосили хуб ва беҳбудӣ таман- но менамуданд.

Дар иди Наврӯз либосҳои нав мепӯшиданд, орзуҳои нек ме- карданд, табиат аз нав эҳё мешуд. Пиру ҷавон ҷамъ шуда, бозиҳои миллӣ мегузаронданд. Дар замонҳои гузашта рӯзи Наврӯз одамон ба Худованд, обу замин, кӯҳу сангҳо саҷда мекарданд ва барои худ саломатӣ, беҳбудӣ талаб мекарданд, то ин ки чорво солим, ҳосил фаровон бошад, суманак мепухтанд, ҳар як оила лазизтарин ғизо таҳия мекард ва ба ҳамдигар зиёфат медоданд.

Мо бо ёрии воситаҳои бадеӣ, аз рӯйи хотира, дар тобиши миллӣ композитсияи эҷодиро тасвир менамоем. Чизеро, ки тавассути су- хан ифода кардан ғайриимкон аст, ба воситаи мусиқӣ, рақс, расм ифода мегардад. Дар санъати тасвирӣ тобишҳои равшан, дилни- шин кайфияти идона мебахшад. Тобишҳои тира, нозук пурасрор ва маҳзунона мебошанд, ҳангоми таҳияи тасвирномаҳои табрикотӣ дар ин бобат мо набояд фаромӯш кунем.

01 02

Аз намунаҳои дар боло овардашуда метавонед писандидаа- тонро интихоб карда, зимни он донишҳои то ин замон андӯхта ва малакаатонро истифода баред, мустақилона тасвирномаҳои та- брикотиро омода намоед.

Машқҳо бо истифодаи ҷузъиёти оддӣ барои иҷрои кори эҷодӣ.

Газетаи деворӣ чӣ гуна омода карда мешавад?

Мо хуб медонем, ки дар ҳар ид газетаи девории аҷоиб ва эҷодӣ таҳия карда мешавад. Эҳтимол, дар мактаби шумо низ ҳар сол озмунҳо барои беҳтарин газетаи деворӣ баргузор мегардад ва ба шумо тӯҳфаҳои қиматнок тақдим менамоянд. Дар якҷоягӣ

05

бо синф газетаҳои деворие, ки онро қаблан тайёр карда будед, бозбинӣ намуда, нисбат ба газетаи нави деворӣ фарқиятро пай- до кунед, андеша намоед, аз чӣ бояд оғоз кард ва кадом маълу- мотро омода кардан зарур, ангораи хомакӣ тартиб диҳед. Маъ- лумоти ҷамъоваришударо муҳокима карда, яке аз хонандагонро муҳаррири газетаи деворӣ таъин кунед. Агар газетаи деворӣ танҳо аз расмҳо иборат бошад, он гоҳ вай дилгиркунанда мешавад. Хуб аст, агар шумо дар газетаи деворӣ маълумоти аҷоиб, шеърҳо, та- манниёти хубро илова кунед. Иҷрои чунин корҳои эҷодӣ ва иш- тироки фаъол дар чорабиниҳо ҳангоми инитхоби касби оянда ба шумо кӯмак мерасонад.

Газетаи девории кӯҳна бо газетаи деворие, ки кӯдакон ба ҷашни Наврӯз омода кардаанд, иваз карда мешавад.

Наврӯз муборак!

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …