Главная / Гуногун / Идеологияи давлатӣ. Оё он лозим аст?

Идеологияи давлатӣ. Оё он лозим аст?

Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ – сабаби тит шуда рафтани тамоми пояҳои пӯсидаи ин империяи бузург гардид. Чун ба деворҳои таркидаи бино қандилҳои қашангу зебо мечаспонанд, ин ба сони мурдаеро мемонад, ки ба ӯ xомаи зарҳалӣ мепӯшонанд, гӯё, ки ӯ зинда мегардида бошад.

Иддае аз олимони xумҳурӣ ба xои он ки зуҳуроти аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравиро тадқиқ намуда, хулосаҳои оқилона бароранд ва давлати xавони тоxикро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд, халқи зулмдидаи тоxикро аз вартаи фалокатбори xамъиятӣ раҳо созанд, ба ҳарзагӯии беҳудаву беасос ва мутлақо ғайри илмӣ ва ғайри таърихӣ даст зада, халқи худро боз ҳам гумроҳ карданӣ шуданд.

Воқеа чунин рух дод: рӯзи 25 декабри соли 1993 ҳаво хеле сард буд, дар бинои ДДМТ, ки аз рӯзи бунёдаш то кунун боре ҳам рӯи гармиро надида буд, семинари назариявӣ барпо гардид, ки ректори Донишгоҳ ба он сарварӣ мекард. Ба ғайр аз олимони маъруфи Донишгоҳ, иддае аз берун ҳам даъват шуда буданд.

Яке аз олимон ба забони русӣ бо унвони «Государственная идеология в условиях нового политического плюрализма» нутқ кард. Пас олимон баромад карда идеологияи давлатиро саддарсад тарафдорӣ карданд. Фақат банда бар зидди ин ақида баромад кардам.

Ҳама бо як овоз далелҳои маро рад карданд. Ва бо тантана истинод мекарданд, ки ин масъала дар АИ Тоxикистон аз тарафи файласуфҳо тарҳрезӣ карда шудааст (Росташро гӯям, сатҳи пасти донишҳои тақлидии ин идда маро дар ҳайрат гузошт ва ба воҳима афтодам, ки бо ин аҳвол мо Тоxикистони мустақилро чи тавр идора мекунем).

Инак, ба зуддӣ бо унвони «Идеологияи давлатӣ. Оё он лозим аст?» мақола навишта, дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп кардам. Пас аз ин, ба воситаи телевизион чандин карат, мизи мудаввар ташкил намуданд, ки аз рӯи гуфтаи маърӯзачиашон ҳар дафъа ғалаба ба тарафи мақолаи «Идеология давлатӣ. Оё он лозим аст?» ҳал мешуд.

Хулоса, бар зидди ташкилкунандагони мизи мудаввар, мақолаи мо пурра ғалаба кард. Аз ин лиҳоз, матни ин мақоларо, ки ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, пурра, бе ягон тағироту илова чоп кардем.

Иброҳим Умарзода

ИДЕОЛОГИЯИ ДАВЛАТӢ. ОЁ ОН ЛОЗИМ АСТ?

«Садои мардум», (аз 12.02.1994)

 

Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Тоxикистон семинари назариявӣ барпо гардид, ки дар он олимони кафедраҳои xомеашиносӣ ширкат варзиданд ва дар он мубоҳисаи хеле доманадор сурат гирифт. Аз ин семинар маълум шуд, ки иддае аз олимон матни идеологияи давлатиро ба вуxуд оварданианд. Ҳамчунин, гурӯҳи дигар аз Академияи улуми xумҳурӣ матни алтернативиро тайёр кардаанд. Ин ҳолат чанд соли қаблро ба ёд меорад, ки қариб ҳама ба навиштани барномаи иқтисодии Тоxикистон даст заданду, вале ягонтои он қабул нагардид.

 

Инак, ба сари мақсад меоем: яке аз олимон матни идеологияи давлатии Тоxикистонро пешниҳод мекунад. Маърӯзаи ӯ чунин ном дорад: «Идеологияи давлатӣ дар аснои плюрализми сиёсӣ».

Эроди нахустини мо ба унвони матн аст. Зеро, дар таърихи башар ҳеx гоҳ идеология давлатӣ набуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ идеологияи мо сотсиалистӣ ном дошт. Идеологияи мамолики дигари xаҳонро дар китобҳои дарсии фалсафа буржуазӣ ва майдабуржуазӣ менавиштанд. Гарчанде идеологҳои ленинӣ китобу мақолаҳои зиёде иншо намуда бошанд ҳам, дар асл, на дар мо идеологияи ҳақиқии сотсиалистӣ вуxуд дошту на дар мамолики сармоядории муосир идеологияи буржуазӣ. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба xои идеологияи сотсиалистӣ дар амал худситоии идеологӣ ба вуxуд омада буд, ки аз шуури муқаррарии сиёсии омма тарки алоқа карда, иртиxоитарин дар xаҳон гардида буд. Бо вуxуди он ҳатто идеологҳои ашаддӣ ҳам идеологияи хешро «давлатӣ» наменомиданд. Дар таърих мо ягон давлатро намедонем, ки вай барномаи идеологӣ дошта бошад.

Мафҳуми идеология аз идея (ғоя) аст. Пас, ғоя барои дарёфти ҳақиқат ва сиёсат лозим аст, ки ба қонун xомаи амал пӯшонад. Идеология на баҳри сиёсату ҳукумат, балки барои иxрои дурусти қонун бояд равона шавад.

Ин суханҳо, ҳаргиз маънои онро надорад, ки Тоxикистон бе идеология бимонад. Сардори давлати Тоxикистон Э. Раҳмонов дар иxлосияи ХVIII Шӯрои Олӣ самти ояндаи мамлакат ва сохтори давлатиро бо роҳи интихоботи озод ба ихтиёри халқ вогузошта, Қонуни Асосиро дар мадди аввал гузошт. Худи ҳамин, аллакай навиди муносибатҳои идеологияи демократиро дорад. Халқе, ки сохти оқилонаи давлатиро муқаррар мекунад, вай ҳомии ҳақиқии пешрафти умумиxаҳонии таърихӣ мебошад.

Мафҳуми плюрализм бошад, мансуб ба офариниши олам аст. Ин таълимоти фалсафӣ буда, пайдоиши оламро аз моддаҳои мухталифи зиёд мепиндорад. Ин мафҳумро болшевикҳо дар солҳои Инқилоби Октябр ба муқобили футуристон ва xараёнҳои гуногуни озодандешонаи адабиёт ва санъат ҳамчун истеҳзо ва тамасхур ба кор мебурданд, яъне ин калима маънои «ҳарчигӯӣ»-ро гирифта буд. Пас аз соли 1985 дар арафаи бозсозӣ М.С. Горбачёв мафҳуми «плюрализми сиёсӣ»-ро xорӣ кард. Инсони xомеаи шӯравӣ, ки ҳар чизеро аз боло мегуфтанд, кӯр-кӯрона қабул мекард, ин ибораи навро ҳам бе ҳеx мулоҳиза пазируфт. Плюрализми сиёсӣ дар амал маънои «ҳарзагӯии сиёсӣ»-ро гирифт. Хулосаи пешниҳоди он олим ин аст: ба вуxуд овардани барномаи давлатии идеологӣ дар Тоxикистон ва ин идеологияро кашшофи идеологияи  мамолики ИДМ қарор додан. Агар ин барнома xомаи амал пӯшад, дар таърихи кашмакашҳо, синфигардониҳо ва xудоиандозиҳо боз як саҳифаи нангин оғоз мегардад. Ба ҳисоб нагирифтани майдатарин зуҳуроти динӣ ё миллӣ зарбаи ҳалокатовар ба давлат ва xомеа мегардад. Сиёсати давлатие, ки ба дили халқ роҳ намеёбад, он давлатро бузургу тавоно ва xомеъаашро осудаву саодатманд гардонида наметавонад.

Дигар нуқтаи ин барнома ин аст, ки идеологияи нав тавассути Қонуни Асосӣ мустаҳкам мегардад, яъне дар он боби махсус баҳри ин идеология xудо карда мешавад.

Гумон мекунам, чунин муносибат зиддидемократӣ буда, ба догматизми фартутшудаи тоталитарӣ бурда мерасонад. Онҳо иддао доранд, ки ҳар як ҳизб идеологияи худро дорад. Пас, агар ҳар ҳизб идеологияи хешро дошта бошад, пас ин ҳизбҳо манфиати кадом синфҳоро ҳимоя мекунанд? Пас аз ба сари қудрат омадану рафтани онҳо дар тӯли 4 ё 5 сол Қонуни Асосӣ бояд дигар карда шавад? Мувофиқи даъвои онҳо бояд аз баҳри қонун баромада, идеологияи навро ба мадди нахуст гузорем.

Ҳомиёни идеологияи нав даъво доранд, ки идеологияи марксистӣ-ленинӣ беайб ва қобили қабул буд. «Фақат, – мегӯянд онҳо, – дар натиxаи давлатӣ гардидани ин идеология обрӯву эътибори худро аз даст дод». Пас, агар беобрӯшавии идеологияи марксистӣ-ленинӣ дар давлатигардонии вай бошад, пас чаро идеологияи навро давлатӣ мегардонем?

Аввалан, марксизм-ленинизм ин xаҳонбинӣ буд, на идеология. Дар замони Плеханов xаҳонбинии марксистӣ xаҳонбинии илмӣ ба шумор мерафт. Аз ин xаҳонбинӣ назарияи идеологияи сотсиалистӣ сабзида баромад. Вале xаҳонбинии марксистӣ аз имтиҳони таърих нагузашт. Сабаби пош хӯрдани назарияҳои марксизм он аст, ки пас аз шикасти Плеханов марксизм ба дасти авантюризми болшевикӣ афтод. Диктатураи пролетариат бошад, диктатураи болшевизм буд, ки идеологияи сотсиалистиро ниқоб намуда, аз лиҳози ғоявӣ тафаккури инсониятро ба мутеияти ғуломона табдил дод. Инсон дар xомеаи шӯравӣ қобилияти мустақилона фикр рондан, эxод кардан, амал намуданро аз даст дода, бозичаи дасти ҳизби коммунист гардида буд.

Дуввум, пояҳои асосии марксизм қасри мӯҳташами xомеъаро бардошта натавонистанд. Назарияи форматсияҳои иқтисодӣ-xамъиятӣ, ки Маркс ва Энгелс асосгузори он буданд, ба ҳақиқати таърихӣ тоб оварда натавонист. Агар возеҳтар бигӯем, чунонки марксизм xомеъаи инсониро ба зинаҳои муайяни таърихии тараққиёти xамъият – ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ xудо мекунад, асоси илмӣ-таърихӣ надорад. Баробари бозсозӣ файласуфҳои xомеъаи шӯравӣ инро пай бурда, як боби фалсафаи марксистӣ-лениниро, ки сухан роxеъ ба форматсияҳо мерафт, аввал аз барнома ва баъд аз китобҳои дарсӣ бардоштанд.

Мисолҳои таърих зиёданд, вале мо аз ёдоварии онҳо худдорӣ намуда. Фақат хотирнишон карданием, ки таълимоти марксистӣ роxеъ ба тарзу муносибатҳои xомеъаи ғуломдорӣ аз ҳақиқати таърихӣ дур ва яктарафа аст. Аз ин рӯ, мо бо қатъияти том мегӯем: xомеъаи инсонӣ ҳеx гоҳ зинаҳои баҳамзиди xамъиятӣ – яъне форматсияҳои антагонистӣ ва ғайри антагонистиро аз сар нагузаронидааст.

Вале ин, ҳаргиз чунин маъно надорад, ки мо муносибатҳои иқтисодӣ-иxтимоӣ, ҳатто сиёсии ғуломона, феодалӣ, сармоядорӣ ва ҳатто коммунистиро рад мекарда бошем. Рафти таърих нишон медиҳад, ки инсоният дар ҳамаи давру замонҳо муносибатҳои гуногунро тавлид мекунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …