Главная / Илм / ИБРОҲИМ ИБНИ СИНОН

ИБРОҲИМ ИБНИ СИНОН

nophotoИБРОҲИМ ИБНИ СИНОН (909 – 946), Абӯисҳоқ ибни Синон ибни Собит ибни Қурраи Ҳарронии Собӣ, табиб. Дар хусуси аҳволи зиндагии И. маълумоти кофӣ нест. Бино ба ахбори сарчашмаҳо дар Бағдод таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо улуми замонаашро омӯхтааст. Падараш Синон ибни Собит ва бобояш Собит ибни Қурра аз ҷумлаи табибони шинохтаи замони хеш буданд И. нахуст пеши падар ва сипас назди устодони дигар илми тибро аз бар кардааст. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ҳамчун табиб соҳиби шӯҳрат гашт ва назди халифа обрӯ ёфт. Шоҳиди ин сухан ахбори «Луғатнома» аст, ки мегӯяд: «Вақте Мустакфӣ Биллоҳ-халифа ӯро маъмур кард, то тамоми атиббои Бағдодро имтиҳон кунад ва он кас, ки нолоиқ аст, аз табобат мамнӯъ гардад. Иброҳим пас аз имтиҳон аз ифшои рози онон сар боззад ва халифа ин амал ба Абӯсаиди Ямонӣ, ки ҳам аз бузургони атиббои он аср буд, вогузор кард». Бино ба маълумоти «Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ» И. 37 сол ва ба қавли «Луғатнома»-и Деҳхудо 39 – 40 ё 41 сол умр дидааст.
Ад.: Деҳхудо. Луғатнома, ҷ. 2, Теҳрон, 1325; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 2, Теҳрон, 1374; Донишномаи сомониён, ҷ. 1, Хуҷанд, 2008.

Ҳ. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …