Главная / Илм / ИБРАГИМОВ Юрий Инокентевич

ИБРАГИМОВ Юрий Инокентевич

nophotoИБРАГИМОВ Юрий Инокентевич (тав. 01. 06. 1939, ш. Тошкент), доктори илми тиб (1990), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964). Духтури ҷарроҳ – онкологи Беморхонаи ноҳ. Ленин (ҳоло Рӯдакӣ; 1964 – 66), ҷарроҳи Диспансери онкологии ҷумҳуриявӣ (1966 – 67), аспиранти кафедраи физиологияи эътилолӣ (1967 – 70), ассистент (1970 – 85) ва дотсенти кафедраи физиологияи эътидолӣ (1985 – 88), дотсент (1988 – 90) ва мудири кафедраи физиологияи эътилолии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1990 – 92). Дар мавзӯи «Таъсири радиатсияи ионнок ба хуншории мавзеъӣ ҳангоми фишори муқаррарӣ ва пасти барометрӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Фаъолияти тарафайни рагҳои узвҳо дар ҷараёни инкишофи гипоксия ва истифодаи доруҳои зидди гипоксия» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 39 китобу мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзади илм дифоъ намудааст. Аз с. 1992 дар хориҷи ҷумҳурӣ зиндагӣ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …