Главная / Илм / ИБОДОВ Ҳабибулло

ИБОДОВ Ҳабибулло

nophotoИБОДОВ Ҳабибулло (тав. 01. 10. 1949, ноҳ. Балҷувон), ҷарроҳи кӯдакон, доктори илми тиб (2004), проф. (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1978). Ҷарроҳи кӯдакон, мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ ва муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи ноҳ. Восеъ (1978 – 94), ассистенти кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1994 – 2004). Аз с. 2004 директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ҳамзамон проф. кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон ва сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба ҷарроҳии кӯдакон. Дар мавзӯи «Муолиҷаи эндобронхит дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Бемориҳои музмини фасодноки шуш дар кӯдакон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, 7 навоварӣ, 3 китоби дарсӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 3 наф. рисолаи номзади илм дифоъ намудаанд. Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакон, узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони ба номи Н.И. Пирогови Федератсияи Россия, узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакон, анестезиологҳо ва реаниматологҳои ҶТ. Бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудааст (2007).
Ос.: Сестринская неотложная помощь и сестринский диагноз; Анестезиология и реаниматсия; Анатомияи одам (китоби дарсӣ).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …