Главная / Илм / ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ (ваф. 1165), Аминуддавла Абулҳасан Ҳибатуллоҳ ибни Абилъало Ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Тилмиз табиби хоси халифаи аббосӣ Ал-Муқтафӣ. Яке аз пизишкони мумтози замон буда, сарпарастии Бемористони аздиро бар ӯҳда дошт. ӯ раиси кулли табибони Бағдод буд. Ба Эрон сафар карда, дар он ҷо забони форсиро низ омӯхтааст. Дар тиб таълифоти зиёд дорад. Дар «Кашфу-з-зунун» зиёда аз 16 номгӯй осори тиббии И. Т. ёд шудааст, вале аз ин миён китобе, ки муаллиф ба он аз замони худ то имрӯз машҳуру маъруф шуда ва то ба замони мо омада расидааст, «Қарободини ибни Тилмиз» мебошад. И. бар «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино ҳошия низ таълиф кардааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007; «Абҳосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ҷ. 1, Ҳалаб, 1977.

С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …