Главная / Илм / ИБНИ НАФИСИ ДИМИШҚӣ

ИБНИ НАФИСИ ДИМИШҚӣ

nophotoИБНИ НАФИСИ ДИМИШҚӣ (1200 – 1288), Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, табиб, яке аз шореҳони бозаковат ва эҷодкори «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино. Дар Димишқ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Илми тибро дар назди Муҳаззабуддин ном табиб омӯхтааст. Сипас рӯ ба Қоҳира оварда, роҳбарии Бемористони мансуриро бар ӯҳда мегирад ва ҳамзамон дар вазифаи устодии мадрасаи тиббии он фаъолият менамояд. И. дар илмҳои забон, ҳадис ва фиқҳ ҳам забардаст будааст. ӯ аз пайравони эҷодкори Ибни Сино аст. Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳқиқу баррасии осори тиббии Шайхурраис сесад сол пеш аз табибони аврупоӣ гардиши хурди хунро кашф кардааст. Дар робита ба тиб китобҳои зерин дорад: «Муҷазу-л-Қонун», «Шарҳу куллиёти-л-Қонун» ва «Аш-Шомил».
Ад.: Аҳмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу», Димишқ, 1982.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

tavba

Фазилати тавба (тоба намудан)

Савол: Барои чӣ тавба (товба) мекунем ва чи фоида дорад? Ҷаввоб: Тавба дар урф тарки …