Главная / Илм / ИБНИ ҲИНДУ

ИБНИ ҲИНДУ

nophotoИБНИ ҲИНДУ (с. тав. номаълум – ваф. 1029), Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҳиндуи Бағдодӣ табиб, адиб, ҳаким, котиб ва шоир. Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. И. Ҳ.-ро бархе аз муҳаққиқон аз аҳли Рай донистаанд. Соҳиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи аҷдоди ӯ қумӣ будаанд, аммо мавлид ва маншаи ӯ Табаристон буд ва оромгоҳу марқадаш ба Астаробод дар сарое, ки мулки ӯ буда, иттифоқ афтодааст. И. Ҳ. улуми авоилро дар назди Абулҳасани Воилӣ дар Нишопур ва пас аз он дар маҳзари Абулхайри Хаммор омӯхта, баъд аз он ки муддате дар Бағдод сипарӣ кард, ба Гургон рӯй овард ва дар он ҷо дар хизмати Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вашмгир (366 – 403 ҳ.) ва писари ӯ Фалакулмаолӣ Манучеҳр (403 – 420 ҳ.) ҳаёт ба сар мебурд. И. Ҳ. дар аҳди Манучеҳр аз дастгоҳи ӯ гурехта, ба Нишопур рафт ва пас аз он ба қавли асаҳ с. 420 ҳ. фавт кард. И. Ҳ. китобҳои зиёде дар ҳикмат, тиб ва адаб таълиф кардааст ва девони ашъор ба забони арабӣ дорад. Аз китобҳои тиббии ӯ дар сарчашмаҳо «Мифтоҳу-т-тиб»-ро ёд кардаанд.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007; Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …