Главная / Илм / ИБНИ ҲАЙСАМ

ИБНИ ҲАЙСАМ

ИБНИ ҲАЙСАМ (965, Басра – 1039, Қоҳира), Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ, олими энсиклопедист. Дар Аврупо бо номи Алхатсен машҳур мебошад. Чанд муддат дар зодгоҳаш ш. Басра вазифаи вазириро иҷро кардааст. Баъдтар ҳаёти худро комилан ба илм бахшид. И. Ҳ. дар соҳаи офталмология хизматҳои арзанда дорад. Аввалин маротиба дар таърихи тиб ташреҳи анатомии чашмро манзур карда, ҳодисаҳои физиологии дар чашм инъикос ёфтани шуоъ ва таассуроти биноиро шарҳ додааст. И. Ҳ. узвҳои чашм – қарния, зуҷоҷия, шабакия, сулбия ва ғ.-ро омӯхта, ба ҳар яки он ном гузоштааст. И. Ҳ. айнакро ихтироъ кард ва барои истифода тавсия намуд. Дар рӯйхати табибоне, ки Ибни Абиусайбиъа овардааст, 92 таълифоти И. Ҳ. қайд шудааст.
Ад.: Розенфельд Б. А., Юшкевич А. П., Теория параллельных линий на средневековом Востоке, М., 1983; Розенфельд Б. А., Астрономия стран Ислама, М., 1984.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …