ИБНИ ҶАЗЛАИ БАҒДОДӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1100), Абӯалӣ Яҳё ибни Исо ибни Ҷазлаи Бағдодӣ табиби маъруфи а. 11. Дар замони ҳукумронии халифаи аббосӣ Ал-Муқтадӣ (1074 – 1094) дар Бағдод зиндагӣ ва фаъолият карда, бисёре аз китобҳояшро ба исми ин халифа таълиф кардааст. И. дар ибтидо масеҳӣ буд, сипас ислом оварда, аз мусулмонони бисёр бо тақвову парҳезгор мегардад. Баъд аз ислом оварданаш қозии Бағдод ӯро котиби худ таъин мекунад. И. китобҳои зеринро таълиф кардааст: «Тақвиму-л-абдон» (дар тиб ва муолиҷа; дар бораи 352 хели беморӣ маълумот дорад),«Минҳоҷу-л-баён фимо ястаъмилуҳу-л-инсон» (дар баёни гиёҳҳо ва маводи доругӣ буда, онҳоро аз рӯи ном ба тартиби алифбо ёд кардааст), «Ал-Ишора фӣ талхиси-л-ибора», «Рисола» (дар мадҳи тиб ва мувофиқати он бо шариат ва радди касоне, ки бар вай таъйин кардаанд). И. дар пешаи худ бо диёнату тақво амал карда, фуқарову бечорагонро маҷҷонӣ табобат менамуд, ба онҳо доруву давоҳоро билоиваз мерасонд. И. пеш аз вафот ҳамаи китобҳояшро вақфи мазори ҳазрати Имоми Аъзам карда будааст.
Ад.: Ибни Халликон, «Вафаёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-заман», ҷ. 6, Бейрут, 1972.
С. Шаҳобуддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …