Главная / Маданият ва санъат / ИБТИДОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИНИИ МУҲАММАД /с/

ИБТИДОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИНИИ МУҲАММАД /с/

Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар ҷазираи Арабистон сесаду шаст қабилаи умр ба Сар мебурданд. Ҳар қабила ба худ сардоре дошт. Аъзоёни сарватманди қабила, мувофиқи сарват ба мартабае соҳиб мегардиданд, шуғли асосии онҳо чорводорӣ буд, аммо гоҳҳо аз роҳзанӣ ҳам рўй намегардонданд. Қабилаҳое, ки тавонотар буданд, чарогоҳҳои дигар қабилаҳоро зўран соҳиб мешуданд ё чорво1ни онҳоро мерабуданд. Ин амалҳоро сабаби ҷангу хунрезиҳо мегаштанд. Дар байни қабилаҳои араб, қиморбозӣ, шаробнўшӣ ривоҷ дошт. Агар дар оила фарзанди  аввал духтар таввалуд мешуд, мегуфтанд, ки духтар ба оила бадбахтӣ меоварад ва баъзан он тифли бегуноҳро зинда ба гўр мекарданд.

xarita-arabho

Арабҳо будпараст буданд ва ҳар қабила бути худро дошт, ба ў иботад мекарданд. Бутҳои ҳамаи қабилаҳо дар хонаи Каъба нигоҳдошта мешуданд. Моҳи рамазон, ки моҳи муқаддас ҳисоб мешуд, тамоми низоъҳо байни қабилаҳо бас карда мешуданд. Ин моҳ давраи ибодат дониста мешуд. Қабилаҳо бутҳои худро аз Каъба мегирифтандва дар назди онҳо саҷда мекарданд, ба онҳо қурбониҳо меоварданд.

Муҳммад бисёр андешаҳо мекард, ки чӣ тавр бут, ки худи одамон аз санг ё чўб метарошиданд, метавонад бо кору тақдири одамон таъсир расонад. Вай мушоҳида мекард, ҳангоме фарзандонаш яке паи дигар вафот мекарданд, Хадича соатҳо ба бут саҷда карда зорию илтиҷо мекард, ки писаронаш дар Амон нигоҳ дорад. Аммо бо вуҷуди он ҳар ду писараш нобуд гардид. Муҳаммад ба будпарастии занаш монеъ намешуд, аммо худаш ба онҳо эътиқод надошт.

Муҳаммад дар ҷустуҷўи ҳақиқат буд. Вай бо аҳкоми динҳои яҳудиёну масеҳиён шинос шуда, онҳоро таҳлил менамуд, аммо онҳо ҳам ўро қонеъ карда наметавонистанд. Вай медонист, ки мардум аз роҳи рост берун шуданду зиндагии маънавии онҳо ба воситаи бутпарастӣ аз фасоду ҷоҳилият наҷот намеёбад.

Муҳаммад ҳар сол моҳи рамазон ба ғори Ҳиро рафта, дар он ҷо муддате монда, ба зикру ибодат машғул мегашт. Вақте Муҳаммад чил-сола шуд, монанди ҳарсола ба ғори Хуро, ки дар наздикии Макка воқеъ буд, барои ибодат рафт. Як шаб, ки дар ғор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: “Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба ў чизҳоеро омўхт, ки намедонист. Эй Муҳаммад, ту расули худои ва ман ҳам фариштаи ў Ҷабраил”. Муҳаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханҳое, ки дар хоб шунида буд дар хотираи ў нақш баста буданд.

Ў роҳ и хонаашро пеш гирифта ва ҳодисаро ба Хадича ҳикоя кард. Занаш ўро ором карду хобонид ва ба назди писари амакаш Варқа, ки одами донишманд буд, рафта воқеаро нақл кард. Варқа ҳикояи Хадичаро шунида, гуфт, ки агар ин тавр ҳодиса рўй дода бошад, пас Муҳаммад чун Мўсо пайғамбар аст. Он фаришта ба Мўсо ҳам нозил шуда буд. Пас, Муҳаммад пайғамбар асту соҳиби шариату қонун хоҳад гардид.

Пас аз ин ҳодиса ваҳй ба Пайғамбар /с/ мунтазам нозил мегашт ва ба ин тариқ китоби Қуръон фароҳам меомад ва дини нав – дини ислом ташаккул меёфт. Муҳаммад ба муқобили бутпарастӣ муборизаро оғоз кард. Вай мардумро даъват мекард, ки ба худои ягона “Аллоҳ таъоло” имон биёранд, мусулмон шаванд, аз парастиши бутҳо даст кашанд.

Муҳаммад мардумро ба покизагӣ, худотарсӣ ва хушахлоқию корҳои нек даъват мекард. Зино, одамкушӣ, дуздию ғоратгарӣ, шаробнўшию қиморбозиро мувофиқи талаботи ислом, манъ мекард.

Ин талабҳо ба мардум маъқул буд ва гурўҳе аз онҳо дини исломро қабул карданд. Лекин баъзе мансабдорони Макка аз он метарсиданд, ки агар ҳама ин динро қабул намоянд ва тарафдори Муҳаммад шаванд, онҳо аз мансабу даромадҳои худ маҳрум мегарданд. Аз ин хотир онҳо одамонро ба муқобили Муҳаммад бармеангехтанд. Онҳо ба Муҳаммад ва пайравони ў ба катл таҳдид мекарданд, онҳоро таҳқир мекарданд.

Мансабдорони Макка медонистанд, ки Муҳаммад аз авлоди муътабар аст ва агар ў ба қатл расонида шавад, авлоди ў барои қасосгирӣ бармехезад. Аз чунин сурат гирифтани кор онҳо метарсиданд.

Аммо пайравони сершумори Муҳаммад чунин амниятро надоштанд. Ин сабаб шуд, ки пайравони ў, ки дини исломро қабул карда буданд, ба Ҳабашистон ҳичрат кунанд. Таърихшиносон менависанд, вақте ки муҳоҷирон ба Ҳабаш расиданд, подшоҳи Ҳабашистон -Наҷотӣ аз онҳо аз дин пурсид, писари амаки Муҳаммад Ҷаъфар чунин ҷавоб дод: “Мо дар зулмоти ҷаҳлу нодонӣ фурў рафта бутҳоро парастиш мекардем. Мо аз ҳавою ҳавас пайравӣ карда, ғайр аз зурӣ, побанди ҳеҷ қонуне набудем. Дар ин миёна худованд шахсеро аз байни мо баргузид, ки аз қавми мост. Бар замми ин насабаш ҳам олист ва аз сабаби сифатҳон накў, муддатҳост, ки мавриди қабули омма буда, ҳама ўро икрому эҳтиром менамоянд. Ин Пайғамбар ба мо омўхт, ки худои ягонаро бипарастем, ҳуруфоти падарони

худро тарк гўем, аз парастиши санамҳо дурӣ ҷўем, аз аъмоли бад бипарҳезем, садоқату дўстиро пешаи худ созем, аҳду паймони худро вайрон накунем, падару модарро модарро дорем гирем ҳамсоя некӣ кунем, аз дастдарозӣ ба номуси занон ва хурдани моли ятимон худдорӣ намоем. Ў намозу рўзаву закотро воҷиб кард. Мо ҳастем, ки нубуввати ўро тасдиқ, ва таълимоти мазҳабию ахлоқие, ки аз ҷониби худо овардааст, ҳамаашро қабул кардем”.

Муҳаммад аз таҳдидҳои душманонаш натарсида, тарғиботи оятҳои Қуръонроидома медод.

Супориш ва саволҳо

  1. Маънои ваҳӣ – ро шарҳ диҳед?
  2. Чаро Муҳаммад худро пайғамбар эълон намуд?
  3. Чаро мансабдорони Макка аз пайғамбарии Муҳаммад норозӣ буданд ва ўро таъқиб мекарданд?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …