Главная / Гуногун / ИҶЛОСИЯИ XVI

ИҶЛОСИЯИ XVI

Раёсати Шӯрои олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон 10 ноябри соли 1992 бо як баёнияе истеъфо дода, даъват карданд, ки ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор гардад ва дар он ҳайати нави ҳукумат интихоб шавад.

Таҳти сарпарастии Ӯзбакистон аз 16 ноябр то 2 декабри ҳамон сол дар Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор шуд, ки дар он Раҳмон Набиев аз мақоми Раиси ҷумҳур истеъфо дод ва низоми президентӣ тағйир дода шуда, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ ва роҳбари ҷумҳурӣ интихоб шуд. Баъд аз ҷаласа Оши оштӣ дода шуд, ки дар он фармондеҳони ҳарду тараф аҳд карданд, ки ба ҷангу куштор хотима медиҳанд. Вале баъд маълум шуд, ки на ҳама фармондеҳони ҳарду тараф аз хуни ҳамдигар гузашта будаанд.

koxi-arbob

Қувваҳои исломӣ-демократӣ, ки Душанбе дар дасти онҳо буд, эълон карданд, ки ҳукумати тозаинтихобро ба пойтахт роҳ намедиҳанд ва ҳамин кофӣ буд, ки ҷангу қасосгирӣ идома ёбад. Гурӯҳе бар онанд, ки чунин эълон аз сӯи мухолифин баён нашудааст, дақиқ намедонам сабаб чи буд, вале мутаассифона ин имкони тиллоии сулҳу салоҳ истифода нашуд. Ҳукумати тозаинтихоб рӯзи даҳуми декабр аз роҳи Ҳисор ба Душанбе ворид шуда, шаҳрро аз ҷангиёни мухолиф тоза кард. Қувваҳои Фронти халқӣ аз самти Норак низ ба Душанбе ворид шуданд.

Он вақт ман дар маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекардам. Ду рӯз аз тарафи Ҳисор хонаҳои мо бомбборон мешуданд. Дӯстам Субҳиддин, ки ба дидани ман омада буд, ба хонааш баргашта натавониста, бо ман монд. Рӯзи дигар пас аз ворид шудани ҳукумати нав, дар маҳаллаи мо нисбатан оромӣ ҳукмфармо шуд ва мо ҳамроҳ пиёда ба хонаи ӯ раҳсипор шудем. Хонаи ӯ дар микрорайони 63 буд ва мо бояд тақрибан аз канори тарафи Ҳисори шаҳр ба канори самти Қурғонтеппаи он пиёда мераф- тем, зеро кӯчаву хиёбонҳо аз нақлиёт холӣ буданд. Дар тамоми чорроҳаҳо силоҳдорон меистоданд ва ҳуҷҷатҳои роҳгузаронро тафтиш мекарданд. Дар наздикии хонаи мо дар канори роҳ мурдаи нафаре мехобид, ки кадоме бо суфи сафед рӯяшро пӯшонда буд.

Ин мурда аз дирӯз ин ҷо мехобид ва ёрии таъҷилӣ ба зангҳои телефонии мо ҷавоб дода, мошин фиристоданро ваъда кунад ҳам, касе ҷасади ин бечораро аз ин ҷо намегирифт. Вақте ба чорроҳаи аввалин расидем, дидем, ки дар канори роҳ чанд мурдаро болои ҳам тал задаанд. Ҳамин тавр, дар чанд ҷои шаҳр мо ҳамин вазъро мушоҳида карда ба чорроҳаи кӯчаи Неъмат Қаробоев ва хиёбони Дӯстии халқҳо, назди кинотеатри «Тоҷикистон» расидем. Дар ин чорроҳа силоҳбадасти сиёҳҷурдае аз мо ҳуҷҷат пурсид. Лаҳҷааш лаҳҷаи ӯзбактаборон буд, ба то- ҷикӣ хуб гап зада наметавонист. Паспорти ман ҳамроҳам буд, вале паспорти дӯстам дар хонааш буд. Мақсади ба хонаи ӯ ома- дани мо ҳам, гирифтани ҳамин паспорт буд. Баъд аз паспорти маро дидан, силоҳбадаст ба дӯстам часпид:

  • Чаро паспорт нест? Ман аз куҷо мидонӣ помирӣ нестӣ?

Ман, ки шахсиятам муқаррар шуда буд ва фикр мекардам ҳаққи гап задан дорам, гуфтам, ки ӯ помирӣ нест.

  • Орҷоникидзеобод? – чашмонашро нимпӯш карда пурсид сарбоз. Ноҳияи Ваҳдати имрӯзаро онвақт ҳамин тавр меноми- данд.
  • Не, аз Айнӣ, – гуфт дӯстам. Ман, ки то ҳол ҳеч гоҳ ба зо- ҳири Субҳиддин аҳаммият надода будам, акнун дидам, ки ӯ воқеан ба бадахшониҳо шабоҳат дорад.
  • Фарқаш чист, ки аз куҷост? – бо ваҳшату изтироб пурси- дам ман.
  • Аз ту напурсидам, гап бисёр мезанӣ, шаҳрата тинҷ кун, мора наёрад тинҷкунӣ! – дӯғ зад сарбоз бо лаҳни шикаста.
  • Шаҳри мо бе ту ҳам тинҷ буд, – бо думи мор бозӣ мекар- дам ман. Мили автомат ба синаам рост шуд. Субҳиддин бо дасташ мили автоматро аз синаи ман канор бурда гуфт:
  • Хонаи ман дар он тарафи роҳ, илтимос, биёед равем, ман паспортама нишон медиҳам, ё хоҳед, рафта оварда, нишон тиям?

Сарбоз нигоҳи хашмборашро аз ман канда, мили автома- ташро поён карду пушташро гардонда рафт. Ба сӯи ҳаракати ӯ нигоҳ карда дидам, ки чуқурии канори роҳ пур аз мурдаҳои талзада аст.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …