Главная / Маданият ва санъат / Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола ба ватан аз Руссия овардаву гуронида шуд

Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола ба ватан аз Руссия овардаву гуронида шуд

Субҳи 25 июл ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи хурдсол, ки дар Россия ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст, ба Душанбе оварда шуд.

Ҷасади Ҳувайдоро падару модари ӯ, чанд сол пеш ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, инчунин кормандони масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд.

huvaidulo-5-sola-duxtar

Падари Ҳувайдо гуфт, ки пас аз маросими ба хоксупории духтараш як ҳафта баъд ба Россия хоҳад баргашт ва талош хоҳад намуд, то гунаҳгори қатли бераҳмонаи духтараш шадидан муҷозот шавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаро субҳи 23 июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии маҳалли зисташон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Россия, кӯдаки 5-сола таҷовуз ва бераҳмона кушта шудааст.

huvaidulo-5-sola-duxta

Гулнора Шарифова, модари Ҳувайдо, дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки духтараш ҷонваронро хеле дӯст медошт ва ба гуфтаи ӯ, қотил ҳам маҳз бо ҳамин роҳ ӯро ба доми худ афтондааст.

«Аз пушти хона соати 4 гирифта бурдаанд. Ӯ ҳайвонҳоро зиёд дӯст медошт, бо сагҳо бозӣ мекард. Аз пушти саг рафт. Ҳамсоя дид ва гуфт аз қафои духтарат рав, ки пушти хона рафт. Рафтам, дарашро задам, намонданд, ҳамакаса маро доштанд. Ҳатто бо милисаҳо қад ба қад шудам, аммо гуфтанд, ки фоида надорад, кори шудагӣ шуд»,-гуфт Гулнора Шарифова.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС имрӯз хабар дод, дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик мақомоти интизомии Россия Александр Сёмини 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекардааст. Кумитаи тафтишотии Россия  ҳоло ба тафтиши ин куштори ваҳшиёна машғул аст.

Александр Сёмин, гумонбар дар қатли Ҳувайдо.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон  дар робита ба ин ҳодиса ба ВКХ-и Россия номаи ёддошт (нота) ирсол намуд, ки дар он омадааст: «Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид».

Дар номаи ВКХ ҶТ ҳамчунин омадааст, ки «тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад».

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kulob-shar

ШАҲРИ КӮЛОБ (Ноҳияи Кӯлоб)

Кӯлоб як ноҳияи калон ва дар он замон шаҳр бо аҳолии зиёда аз 200 ҳазор …