Главная / Гуногун / ХУСУСИГАРДОНӢ

ХУСУСИГАРДОНӢ

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ хусусигардонии мулк ва корхонаҳо шурӯъ шуд. Дар Тоҷикистон ин маърака баъд аз оштии миллӣ ривоҷ гирифт. Корхонаҳо аз тариқи музоядаҳо ба фурӯш бароварда мешуданд. Созмонҳои байналмилалии молӣ ба ҳукумат фишор меоварданд, ки ҳарчи зудтар корхонаву муассисаҳои давлатиро бифурӯшад ва моликияти хусусиро ривоҷ диҳад. Ва аксаран ин хусусигардониҳо саросема ва бе бар- номарезии лозима анҷом мешуд, ки натиҷаи дилхоҳро надод.

Ҳукумати шӯравӣ занҷираи қавии тавлиду истеҳсолотро бо харҷҳои сангин тӯли солҳои дароз сохта буд. Албатта, фаъол нигоҳ доштани ҳамаи он аз имкон хориҷ буд, вале аксари онҳоро бо тағйири масири фаъолият мешуд зинда нигоҳ дошт ва кор фармуд.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ ин ислоҳот қадам ба қадам роҳандозӣ мешуд. Сараввал корхонаҳои пахтатозакунӣ ба фурӯш гузошта шуданд. Барномаи хусусигардонии соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ зери назари Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони он амалӣ мешуд. Дар замони шӯравӣ тақрибан, ҳар ноҳияи пахтакори Тоҷикистон як корхонаи пахтатозакунӣ дошт. Ҳамин корхонаҳо аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта шуданд. Дар раванди ин маърака шоҳиди ҳодисаҳои аҷибе шудам.

Мо бо сармоягузорони хориҷӣ маслиҳат карда, онҳоро розӣ кунондем, ки бо сармоягузории муштарак ду корхонаи пахтатозакуниро бихарем. Ширкати мо он замон дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба хоҷагиҳои пахтакор маблағгузорӣ мекард. Мо бовар доштем, ки дар ҳоли харидани корхонаҳои пахтатозакунии ин ду ноҳия, масъалаҳои зиёд ҳалли худро меёбанд. Аввалин имтиёзе, ки ин корхонаҳо медоданд, ин буд, ки тамоми пахтаи ҷамъоваришудаи ноҳия ба анбори корхонаи пахтатозакунӣ ворид шуда, ҳамчун кафолати баргардонидани маблағгузории хориҷӣ хизмат мекард. Дар ин ҳол хатари барнагаштани сармоя коҳиш меёфт ва хориҷиён метавонистанд ба хоҷагиҳо қарзҳои дарозмуддат ва бо имтиёз диҳанд, ки ба рушди соҳа мусоидат мекард.

Ман боре, ин андешаи худро ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молӣ арз карда, пешниҳод кардам, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ фақат бо ҳамин шарт, яъне кафолати маблағгузории соҳаи пахтакорӣ аз сӯи соҳибони нави ин корхонаҳо фурӯхта шаванд, вале онҳо ба ин ҳатто аҳаммият надоданд. Ва вақте ман эътироз кардам, ки ин низоми ба заҳмати зиёд ва харҷи миллиардӣ сохташуда аз кор хоҳад уфтод, роҳбари он ҳайат «боиси таассуф хоҳад буд», гуфт. Нобуд шудани як соҳаи муҳимтарини хоҷагии халқи кишвари ман, барояш ҳамагӣ «боиси таассуф» буд, на беш аз ин!

Мо ба музояда пешниҳоди хариди ин ду корхонаро ба маблағи ду миллиону дусад ҳазор доллар додем. Нархе, ки мо пеш- ниҳод кардем, баландтарин нарх дар музояда буд. То ин вақт ҳеч корхонаи пахтатозакунӣ ба ин нарх фурӯхта нашуда буд. Ин муомила, аз як сӯ, маблағи калоне ба буҷаи давлат ворид кунад, аз сӯи дигар, пешравии назаррасе дар соҳаи пахтакории ин ду ноҳия эҷод мекард.

Вале дар музояда ба ҷои ширкати мо як ширкати беноми дигар ғолиб омад, ки боиси ҳайронии ҳама шуд. Вақте ки ман пайгирӣ кардам, маълум шуд, ки раисони он корхонаҳо бо раи- сони он ноҳияҳо забон як карда, аз масъулони музояда хилофи қоида, ҷузъиёти пешниҳоди моро фаҳмида, маблағи калонта- реро фақат ба хотири коршиканӣ пешниҳод карда буданд. Дар натиҷа, онҳо корхонаҳоро нахариданд ва он ба музоядаи нав гузошта шуд, вале сармоягузорони хориҷӣ аз фасод огоҳ шуда, дигар аз иштирок дар музояда даст кашиданд. Ҳамин тавр, як имкони хуби рушди ин ду ноҳия аз даст рафт.

* * *

Дар яке аз музоядаҳои баъдӣ дар хариди корхонаи пахтато- закунии ноҳияи Қубодиён, айнан ба ҳамин минвол раиси вақти ноҳия баранда шуда буд. Ӯ ба мо пешниҳод кард, ки маблағи хариди корхонаро пардохт карда, онро бихарем. Ба маҳзи пар- дохтани маблағ, ӯ ба фиребу найранг оғоз кард ва ним сол моро дарди сар дод. Хушбахтона, мо қарордоду аснодро дуруст таҳия карда будем ва ӯ ноилоҷ саҳмияҳои корхонаро ба ширкати мо дод. Вай як марди пасту сифла буд, ки бо овардани ҷузъиёти аъмолаш намехоҳам вақти пурқимати хонандаро зоеъ кунам. Албатта, муомилаи ин корхона ҷузъиёти ҷолибе ҳам дорад, ки шояд дар фурсати муносиб онро ҳам бинависам. Ҳамкорӣ бо ин раис боиси дарди сар зиёд шуда бошад ҳам, ниҳоят мо соҳиби саҳмияи ин корхона шудем. Вале кош намешудем!

Он замон дар кишвар фармондеҳони зиёд фаъол буданд, ки қисмҳои низомии нимашахсӣ доштанд. Ин фармондеҳони ма- фиягуна минтақаҳои кишварро байни худ тақсим карда гирифта буданд ва дар «қаламрав»-и худ ғайриқонунӣ салоҳияти зиёд доштанд. Аз ҳама боҷ мегирифтанд, мардумро тороҷ мекарданд, ҳатто ба кори мақомоти давлатӣ дахолат мекарданд. Баъд аз он ки мо корхонаи мазкурро харидем, як гурӯҳ силоҳдорон ба офиси мо омада, таҳдид карданд, ки ин корхона моли онҳост ва ҳарки онро харидааст, аз ҷонаш сер шудааст.

Ман ба мақомоти давлатӣ арз карда бошам ҳам, касе ёрои бо ин гурӯҳ сар ба сар шуданро надошт. Ман маҷбур шудам, ки барои ҳифзи маблағҳои сангини барои харидани ин корхона сарфкардаам, ба инҳо боҷ диҳам. Саҳмияҳои ин корхонаро ман як бор аз давлат, бори дувум аз инҳо харидам. Вале маълум шуд, ки ҳоло ҳам ман молики ин корхона нестам.

Он замон ман тақрибан дар офис наменишастам, ҳамаи вақтам дар бонку саҳро мегузашт. Чандин бор, дар набудани ман, қосиде аз номи он фармондеҳ ба офис омада, маро суроғ мекард. Албатта, ман аслан хоҳиши дидан ва суҳбат бо онҳоро надоштам, вале зангҳои таҳдиддори телефонӣ оғоз шуданд. Ночор будам, фарёдрасе надоштам ва таҳдиди инҳоро намета- вонистам нодида бигирам. Аз корномаи зулму хунхории онҳо хуб огоҳ будам. Бояд вомехӯрдам ва мушкилро ҳал мекардам. Ниҳоят рӯзе он қосид омад ва амр кард:

  • Рафтем, командир нигаҳат дорад.

Ба мошин нишаста, аз Исмоил хоҳиш кардам, ки аз пасаш биронад. Ба назди дарвозаи қисми низомӣ дар Қулписта расида, мошинро гузоштем ва аз паси қосид дохил шудем. Фармондеҳи манфур дар ҳалқаи як гурӯҳ низомиён, ки ҳар гуна либоси низо- мии саҳроӣ дар бар доштанд ва дар либоспӯшӣ аз Пакана кам фарқ мекарданд, суҳбат мекард. Дуртар, дар майдон қаторҳои сарбозон ба машқ машғул буданд. Чанд зиреҳпӯшу тонк ҳам дар канори он майдон қатор меистоданд ва дар атрофаш сар- бозон ҷунбуҷӯл доштанд. Командир моро дидан баробар, ба сӯи ман ишора карда, фарёд кашид:

  • Ин муҳофизша овардай, ки мора битарсона?!

Намуди зоҳирии паҳлавононаи Исмоил дар зеҳни ӯ таваҳҳум эҷод карда буд. Шоеъоте, ки ӯ муътоди маводи мухаддир аст, исботи худро меёфт. Вагарна, чӣ мантиқе метавонад пушти ин иддаъо бошад? Ӯ бо он ҳама сарбозу тонку тӯп ва ман бо як «муҳофиз»-и дасти холӣ омадаам, ки ӯро тарс диҳам?!

Ба атрофиёнаш дастур дод:

  • Баред, бифаҳмонедаш, ман баъд миём!

Чанд нафар атрофи моро ҳалқавор печонда ба сӯи бино бурданд. Раҳораҳ аз пушт тела медоданд, аз чапу рост бо оринҷ мезаданд ва таҳдид мекарданд. Ман ба як зарра – лахти энерҷӣ табдил ёфта будам. Ончунон рагу паям кашида шуда буд, ки фикр мекардам агар сар диҳам, ба ҳаво мепарам. Ҳолати аҷибе даст дода буд, ки аз тасвираш оҷизам. Ман дар ҳолати омода- боши тамом қарор доштам. Медонистам, ки хатари воқеӣ ба ҳаётам таҳдид мекунад. Вале, аслан ҳисси тарс надоштам. Хеле мунсаҷим будам, вале хунсард. Мағзам алоҳида кор мекард. Ба ман машварат медод. Гӯё ман ду нафар будам. Ҷисмам дар ҳолати омодабоши шадид қарор дошт, вале мағзи сарам ко- милан равшан ва зуд кор мекард. Ҳаракоту ҳарфҳои онҳоро таҳлил мекард.

  • Фикр кардӣ, дунё бесоҳиб аст?
  • На, медонам, шумо фикр мекунед, ки соҳиби дунё шу- моед, – ҷавоб медод майнаам ва фақат гӯшҳои ман ҷавобҳои ӯро мешуниданд.
  • Эй, дар ҳамон ҷогаҳи хобат, дар Панҷакентат ай тиреза мепаронемут, фикр мекунӣ, мо хоната дар уҷа намедонем?
  • Намедонӣ, тирезаи хонаи хоби ман баланд аст, дар муқо- билаш чизе нест, ки аз рӯи он баромада нишон гирӣ. Лоф. Тарсондан мехоҳад, – гӯшзад мекард майна.
  • Ягон гапи командира нагирӣ, ҳамин ҷо мепарронумта.
  • Туфангаш дар миён аст, таҳдидаш воқеист, хуни ноҳақ зиёд рехтаанд инҳо, – хулоса кард майна. Муште сарамро такон дод.
  • Ҷавоб надеҳ, вақташ нест, инҳо ҳамаш тарсдиҳӣ аст, – фармон дод майна. Ҳамин тавр моро задаву тела дода, ба як утоқи дароз, ки бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз буд дароварда, дар курсиҳои бехи девор шинонданд ва дӯғу пӯписа идома ёфт.
  • Ба чашмони онҳо нанигар, то командираш омада, суҳбат накунад, намепарронанд, фақат бо ин фишорҳо тарсонда гап- даро кардан мехоҳанд, – дастур дод майна. Таҳдид идома кард.

Пас аз муддате, «командир» даромад ва ҳама «смирно!» гуфта қад кашиданд.

  • Номут чияй, эшон? – нахуст ба Исмоил муроҷиат кард ӯ, аз назди мо гузашта ба сари мизи корияш рафта. Дар Тоҷикистон ҳар каси ришдорро «эшон» меноманд. Мо ҳам дар корхона Исмоилро ҳама «Эшон» ном мебурдем.
  • Исмоил, – ҷавоб дод Исмоил.
  • Аслут ай чоай? – саволи ҳамешагии тоҷикиро дод коман- дир. Маҳалли шахс барои мо тоҷикон муайянкунандаи тамоми муносибати баъдиямон бо ӯст.
  • Аз Масчо, – кӯтоҳ ҷавоб дод Эшон.
  • Ээ, ту ай худмон будай-ку! – бонги шодӣ зад муътод, гӯё бо ҳамин Исмоилро ба гурӯҳи худаш шомил карда, маро тан- ҳо гузошт.
  • Фаҳмонден ина? – бонг зад ба зердастонаш ба ман ишора карда.
  • Фаҳмид, командир, – қад кашида даст ба чакка бурд яке аз онҳо. Нигоҳи командири дарандахӯй ба сӯи ман гашт ва та- моми садояшро сар дода, дод зад:
  • Ту фикр кардӣ дунё бесоҳибай? Заводи Қабодиён ай ма- най, уна ман ай дасти Маҳмуд Худойбердӣ зада гирифтагиюм. Ун завод расходои (ҳазинаҳои) части (қисми низомӣ) мара мета. Ура мехаридагӣ ай очаш набромадай. Ту зӯрӣ? Ба кадом ақл заводи мара харидӣ?
  • Ором ҷавобашро деҳ,- фармон дод майна.
  • Ман ҳақи туро додам, – садоям гирифта баромад.
  • Тту… Ччӣ? Кадом ҳақ?! Ба кӣ додӣ?! – телба шуд ӯ.
  • Худат медонӣ, – гуфта будам, ки ӯ давоми гапамро бурида, ба зердастонаш дод зад:
  • Бирен ай ин ҷо!

Онҳо утоқро холӣ карданд.

  • Ба кӣ додӣ? – оромтар пурсид аз ман. Ба кӣ ва чӣ қадр пул доданамро гуфтам.
  • Меравӣ, ҳамонро ёфта ҳамроҳат меорӣ, бинем пула куҷо кардаст, – гуфт ӯ ба хаёл рафта.
  • Ман медонам куҷо кард, – ҷавоб додам ман.
  • Куҷо кард? – пурсид ӯ.
  • Ба оилаат дод, рӯзи Рига рафтанаш, – ман дигар на хоҳиши инашро дидан доштам ва на онашро. Дар кашмакашу даъвои онҳо ширкат кардан ҳам намехостам. Бояд ҳамин ҳозир ҳал кунам ва дигар рӯи инҳоро набинам. Далели ман қонеъкунанда буд, магар, ки ӯ оҳанги гапашро комилан тағйир дод.
  • Ай ҳамин рӯз эътиборан, барои худут «зелений свет», ина ҳамиҷа биё, мора хабар бигир, дига бихур бигард, сақата ғам набоша. Касе ғамут дод, мара гап зан. Фақат барои он ки касе ғамут ната, ҳамин як баччаи мара дар завод раис мон, корот хуб мешава, – ниҳоят сари мақсад омад, мехост одами худашро ба тими ман ворид карда, маро ба боҷдиҳандаи доимӣ табдил диҳад.
  • Ман шарикони хориҷӣ дорам, онҳо розӣ намешаванд, – ҷавоб додам ман. Ин ҷавобамро ҳам рад накарда қабул кард. Пас аз ин, ҳарфҳои зиёд дар бораи ҳамкорӣ гуфту ба ман пуш- тибонӣ пешниҳод кард ва моро бароварда, дар назди зердасто- наш эълон кард:
  • Ай ҳамин рӯз ино баччаҳои худмонанд, ҳеч кас чақашон нашава!

Мо оромона баромада рафтем. Ман дар давоми ду соле, ки молики он корхона будам, аз дахолати мақомот ва дуздиҳое, ки дар он ҷо мешуд, ба дод омада, охир он корхонаро фурӯхта, халос шудам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …