Главная / Ҷамъият / Ҳурмати Падару Модар – эҳтиром ба волидайн (Иншо)

Ҳурмати Падару Модар – эҳтиром ба волидайн (Иншо)

Барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Паёмбари  акрам (с) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд (Иншо).

хурмати падару модар волидайнПарвардигор ба воситаи китоби азиму-ш-шаъни хеш бандагонашро огоҳ сохтааст, ки нисбат ба падару модари худ меҳрубон буда, ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳоеро анҷом диҳанд, ки боиси хушҳолиашон гардад ва дар навбати худ онҳо доимо аз даргоҳи Парвардигор шукургузорӣ кунанд, ки фарзандашонро дар роҳи рост раҳнамоӣ намудааст. Фарзандони солеҳ барои волидон ҳадяи беҳтарини Холиқи ягона, нури чашмон, фараҳу сурури қалбҳоянд.

Дар Қуръони карим доир ба ҳамин мавзӯъ чунин оварда шудааст: 
«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рўи савоб беҳтаранд ва аз рўи умед доштан хубтаранд» (Сураи «Каҳф», ояти 46).
Расули Акрам (с) низ фармудаанд:

  1. «Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солеҳ мебошад» («Мизону-л-ҳикма», ҳадиси 6736).
  2. 2.«Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Ҷомеъу-с-сағир»-и Суютӣ, ҳадиси 4457).

Худованд Худ оқилу доност, ҳамаи он аъмоли хайре ба даргоҳаш қабул мегардад, ки холисона анҷом дода шудааст. На мисли ҳурмату эҳтироме, ки нисбат ба волидон аз рўйи риёву худнамоӣ  ва миннату таъна иҷро шуда, дилҳояшонро меранҷонад. Бо амри Холиқи Якто, аввалину хубтарин некўкорӣ дар ҳаққи волидон ин ҳурмату эҳтироми эшонро ба ҷо овардан дар мадди аввал истода, сипас  таъминоти моддии онҳо мебошад.
Ҳурмату эҳтироми волидон дар Қуръон хеле муҳим арзёбӣ гардидааст. Ин аст, ки дар чандин оятҳои Қуръон Ў моро ба ин раҳнамоӣ карда, амалашро фарз намудааст.

Ҳар қадаре, ҳурмату эҳтироми падару модар ба ҷой орем, боз ҳам кам аст, зеро эшон шоистаи беҳтарин суханони неку дилписандтарин муомила мебошанд.

«Эй Парвардигори ман, илҳом деҳ маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаӣ; ва кирдори шоиста ба ҷо орам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва барои ман дар фарзандони ман салоҳ пайдо кун! Ба ростӣ, ки ман ба сўи Ту бозгаштам ва ман аз мусулмононам» (Сураи «Аҳқоф», ояти15).
«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ў дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сўи Ман аст» (Сураи «Луқмон», ояти 14).

Аз оёти мазкур маълум аст, ки то кадом андоза Худованди карим   эҳтироми волидонро бузург дониста, арҷгузориро нисбат ба онҳо кори муҳим ҳисобидааст. Хидмати волидон кори бузург буда, дар Қуръони карим ишораҳо бар он аст, ки ба хотири накӯӣ бар падару модар дарҳои биҳишт ба рӯи фарзандон кушода шаванд.
Ду гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мову нашъунамои моянд, падару модар аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ моро бархўрдор ва комгор гардондаанд. Дар роҳи тарбияти фарзанд чӣ ранҷҳову  заҳматҳо кашидаанд. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардаанд.

Дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати  сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин рў бар фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд.
Дини мубини Ислом чӣ тавр ба мақому манзалати эҳтироми онҳо баҳо медиҳад ва қадру рутбаи онҳоро то кадом дараҷа боло бурдааст, инро дар сураҳои Бани Исроил, Аҳқоф, Луқмон, Соффот, Нисо, Анъон ва гуфтаҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с), асҳоби ў, тобеину табаа тобеин, олимону бузургони олами Ислом дидан мумкин аст.

Ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд  намунаи ибрат бошанд, то дар камолоти онҳо нақши муассире бозанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро бо беҳтарин усулҳо тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизашон шудаанд. Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво (аз қабили даст задан ва ширкат намудан  дар амалиёти ифротгароӣ, рехтани хуни ноҳақ чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар хориҷ аз он), дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрўзаи мо мебошад.

Дар Қуръони карим дар ин бора омадааст:

«Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред! Фариштагони дуруштхў, сахтрў бар он оташ муваккаланд, Худоро дар он чи ба онҳо фармудааст, нофармонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад» (Сураи «Таҳрим», ояти 6).
«…Бигӯ: Ҳамоно зиёнкорон ононанд, ки хештан ва аҳли худро рӯзи қиёмат зиён додаанд. Огоҳ бош, ҳамоно ин зиёни ошкор аст!» (Сураи «Зумар», ояти15).
Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлу ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими  фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.

Расули акрам(с) дар гиромӣ доштани волидон чунин фармудааст: 

  1. «Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).
  2. 2. «Намози касе, падару модараш аз ӯ хашмгин ва норозӣ бошанд қабул намешавад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45485).
  3. «Ба се чиз нигоҳ кардан ибодат аст: 1) назар кардан ба рӯи падару модар; 2) нигоҳ кардан ба Қуръон; 3) нигоҳ кардан ба баҳр». («Канзу-л-уммол», ҳадиси 45336).
  4. «Ал-ҷаннату таҳта-л-қудуми уммаҳот»,  «Биҳишт зери пои модарон аст».(«Луббу-л-албоб», Ровандӣ, ҳадиси 17933, «Ат-тарѓиб ва-т-тарҳиб», ривояти ибни Молик, ҳадиси 448).

Хидмати сазовори падару модар далели камоли имону имондорӣ мебошад, зеро хидмати накўи онҳо сифати паёмбарону расулон аст. Аз забони Паёмбар Яҳё (раз.) дар Қуръони карим оварда шудааст:
«Ва (маро) ба модари худ некӯкор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст» (Сураи «Марям», ояти 32).

Накўӣба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Подоши накўӣба падару модар аз  он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Амр ибни Ос овардааст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: Ман бо ту паймон мекунам, ки ба хотири савоб ҳамроҳат ҷиҳод ва ҳиҷрат кунам. Фармуд: Оё яке аз волидайни ту зинда аст? Гуфт: Бале, ҳар ду зиндаанд. Фармуд: Ту мехоҳӣ савоби Худоро дарёбӣ? Гуфт: Бале. Гуфт: Ба назди волидайни худ баргард ва ба онҳо накӯӣ кун!».

Падару модарба хотири бавоя расониданва тарбияи фарзандон азобҳои зиёде кашида, тамоми машаққатҳои зиндагиро сабру таҳаммул мекунанд. Маҳз барои ҳамин Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро ба волидайнашонро надодааст:

«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар  накўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некў бигў!  Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи  фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман,  бар онҳо бибахшоӣ, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (Сураи «Исро», оятҳои 23-24).

Дар оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор доштани модартаъкид гардидааст. Дар аҳодиси набавӣ назар ба падар модарро бештар таъкид кардани Паёмбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба  мард  бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз давраи ҳамл то таваллуд,  шир додан, ҳама бар дўши ўст, аз ин рў фарзанд бояд шафқатро нисбат ба ў бештар кунад.

Дар ҳадиси дигари шариф омада: «Ривоят аст аз Абуҳурайра (раз.), ки гуфт: «Гуфт Набӣ алайҳи-с-салом: Се дуо ба  даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар. Ҳар як мусулмон бояд аз ин дуоҳо парҳез ва канораҷўӣ намояд. Банда аз зулм парҳез кунад, мусофирро наранҷонад ва волидайнро  фармонбардорӣ кунад, то дуои неки онҳоро соҳиб шавад, на дуои бадро». Ин матнро дар иншо ва ё реферататон истифода намоед. 

Тирмизӣ (раҳ.) аз Абдуллоҳ ибни Умар (раҳ.) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Худои таоло аз он банда розӣ бошад, ки падару модар аз ў розӣ бошанд ва ҳар он банда, ки падару модараш аз ў розӣ набошанд, Аллоҳ таоло  он бандаро ба ѓазаби худ гирифтор карда, дар оташи дўзах бияндозад».
Дар «Ҷомеъ-ус-саѓир» омада: Аллоҳ таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки  волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таолоро дар ѓазаб оварда бошад».

Яке аз пайравони мазҳаби Имоми Аъзам(раҳ.) фақеҳ Абулайси Самарқандӣ (раҳ.) дар китоби хеш «Танбеҳу-л-ѓофилин» овардааст, ки агар Аллоҳ таоло дар Қуръон зикри ҳурмати падару модарро намекард, шахси оқил медонад, ки ҳурмати волидайн воҷиб аст. Ҳамеша дар таҳсили ризои падару модар саъй кунад, дар зиндагӣ ризои онҳоро дарёбад, баъд аз мурдан ба  фотиҳа ва хайру садақа арвоҳи падару модарро хушнуд гардонад. Ҳақ субҳона ва таъоло дар Қуръони маҷид барои ҳурмати падару модар ва ризоии онҳо амр кардааст.

Замоне, ки ибни Ҳубайра Имом Абуҳанифаро барои муншӣ шудан  даъват дод ва эшон имтиноъ варзид ва бар асари он ба Имом Абўҳанифа шаллоқ заданд, модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абуҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ѓамгин мешавад, нороҳат ҳастам».

Аз Ибни  Масъуд (раз.) ривоят аст, ки эшон фармуданд: «Ё расулаллоҳ, кадом амал беҳтар аст? Расулуллоҳ фармуд: Гузоридани намоз дар вақташ. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Накўӣ бар падару модар. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Ҷиҳод дар роҳи Худо».
Инчунин дар ҳадис омадааст, ки марде гуфт: «Ё  расулаллоҳ, барои кадом кас некўӣ кунам? Расулуллоҳ (с) фармуд: Барои модарат. Он мард айнан суолро се бор такрор намуд ва Паёмбар (с) дар ҳар бор мегуфт: Барои модарат ва дар мартабаи чаҳорум фармуд: накўӣ кун барои падарат ва баъд аз падар барои хешовандони наздиктар». Истифодаи ин матн дар иншо ё реферат ройгон аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …