Главная / Гуногун / Ҳуқуқ чист ва моҳияти он

Ҳуқуқ чист ва моҳияти он

Мафҳум, нишона ва навъҳои таърихии ҳуқуқ Инсон дар муносибат бо ҷамъият ва дигар одамон умр ба сар мебарад. Зеро дар ҷамъият зиндагӣ карда, берун аз он ҳаёт ба сар бурдан мумкин нест.

Дар вақти таҳсил, ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бо ташкилоту муассисаҳо, инчунин дар вақти додугирифти байни ташкилотҳо алоқаҳои байниҳамдигарии мустаҳкам ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна муносибат ва фаъолияте, ки дар байни онҳо ба вуҷуд меояд, ба воситаи қоидаҳои рафтор танзим мегардад. Аксарияти ин муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Мо дар фаъолияти ҳаррўзаи худ бо калимаи «ҳуқуқ» зуд-зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кўшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд кунад. Моҳияти ҳуқуқ низ дар ҳамин ифода меёбад.

Ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Ҳамзамон моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна сўиқасд ҳифз менамояд. Маҳз ба тавассути ҳуқуқ некӣ меъёри ҳаёт гардида, бадӣ натиҷа ё оқибати вайрон кардани ин меъёр ба ҳисоб меравад. 

odam

Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гунна муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мазмуни ҳамаи қонунҳоро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дарк кардани моҳият ва фарқи ҳуқуқ ва қонун моҳияти баланди гуманистӣ дорад, зеро ҳуқуқ ҳамчун меъёри муайянкунандаи сифати қонун ва муқарраркунандаи он мебошад, ки қонун ҳуқуқи инсон, манфиат ва талаботи ўро то чӣ дараҷа ҳифз менамояд.

Ҳуқуқ дар ҷомеа ба таври воқеӣ вуҷуд дорад ва вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ҷиҳатҳои гуногуни онро муайян карда, ба шакли қонунӣ расмӣ гардонад.

Аз ин ҷо формулаи «ҳуқуқро ҷомеа офаридааст ва қонунро давлат» фарқи ҳуқуқ ва қонунро аниқ ифода менамояд. Ҳамзамон вақте ки мо дар бораи «ҳуқуқ» ва «қонун» сухан меронем, мо на танҳо ягонагии мазмуни ҳуқуқӣ ва шакли ҳуқуқӣ, балки мухолифати байни онҳоро низ дар назар дорем. Мазмуни ҳуқуқие, ки дар қонун ифода наёфтааст, кафолати амалӣ шуданро надорад. Аз ин рў, он ба маънои амиқи калима ҳуқуқ намебошад.

Дар давлати ҳуқуқбунёд қонунҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд. Қонунҳо мумкин аст ғайриҳуқуқӣ шаванд, агар мазмуни онҳоро сўиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ ташкил диҳад. Инро амалия ва таърихи давлатдории муосир низ нишон медиҳад. Дар баъзе мавридҳо давлат аз қудрати худ сўиистеъмол

карда, қонунҳои зиддиҳуқуқӣ қабул менамояд. Чунин қонунҳо зоҳиран мумкин аст ҳамчун ҳуқуқ баҳо дода шаванд. Вале онҳо танҳо шаклан, на мазмунан ҳуқуқӣ мебошанд.

Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон, ташкилотҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошад.

Ин қоидаҳои рафтор ба ҳама ҳатмӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар таърихи инсоният замоне буд, ки на дастгоҳи маҷбуркунӣ ва на меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буданд.

Муносибатҳои байни одамон дар асоси тартибот ва қоидаҳои махсуси ахлоқӣ ба танзим дароварда мешуданд. Урфу одат, таомул, анъана, обрў ва эҳтироми якдигар асоси муносибатҳои аъзоёни ҷамъиятро ташкил мекард. Ин давраи инкишоф ба ҷамъияти ибтидоӣ тааллуқ дошт. Дар ин ҷамъият баробарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳаёти коллективона ҳукмрон буд ва бинобар ин ба меъёрҳои ҳуқуқӣ низ эҳтиёҷ набуд.

Пайдоиши синфҳо, моликияти хусусӣ ва давлат боиси ба вуҷуд омадани меъёрҳои ҳуқуқӣ гардид. Акнун синфи ҳукмрон ба воситаи дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ, ки «давлат» ном дошт, қонун ва меъёрҳоиҳуқуқро қабул менамуд. Иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ буд ва бо маҷбурияти давлатӣ таъмин карда мешуд. Ҳамин тавр, давлат ва ҳуқуқ ба якдигар зич алоқаманданд.

Ҳуқуқ бо як қатор нишонаву аломатҳояш аз дигар қоидаҳои рафтор (масалан меъёрҳои ахлоқ, воситаҳои таъсиррасонии идеологӣ ва ғайра) фарқ мекунад.

Якум, ҳуқуқ маҷмўи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад. Вай аз меъёрҳои одоб ва ахлоқ, ки ихтиёран иҷро карда мешаванд, фарқ дорад. Ҳар гунна қоидаҳои рафтор меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат муқаррар карда мешаванд ва иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Дуюм, ҳуқуқ низоми меъёрҳои ба ҳама баробар мебошад. Вай ба ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз мансабу вазифа, миллат, нажод, синну сол ва мансубияти синфиашон баробар тааллуқ дорад. Ҳамаионҳо ўҳдадоранд, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро иҷро намоянд.

Сеюм, иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ бо маҷбурияти давлатӣ таъмин карда шудааст. Дар суратиихтиёран иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣдавлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва иҷрои онро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуран таъмин менамояд. Кафолатидавлатии иҷрои ҳуқуқ дар ҳамин ифода меёбад.

Вобаста ба зербинои (базиси) иқтисодӣ ва иродаи кадом синфро ифода намуданаш ҳуқуқ ба навъҳои муайян ҷудо мешавад. Навъҳои таърихии ҳуқуқ бо навъҳои таърихии давлат мувофиқ мебошанд ва чунон ки гуфтем, ба муносибатҳои истеҳсолӣ (зербино) вобастагӣ доранд.

Навъҳои таърихии ҳуқуқ чунинанд: навъи ҳуқуқи ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ. Ҳар як навъи таърихии ҳуқуқ вобаста ба мазмуни синфӣ, зербинои иқтисодӣ ва рўбинои сиёсии худ аз навъи дигар фарқ мекунад.

Дар ҳаёти воқеӣ ҳуқуқ вазифаи дорои хислати духеларо иҷро менамояд. Ҳуқуқ, аз як тараф, воситаи ҳукмронии сиёсӣ буда, аз тарафи дигар, василаи танзимкунандаи умумииҷтимоӣ, воситаи муқарраркунандаи тартибот дар ҷамъият мебошад. Аз ин ҷо таъиноти асосии ҳуқуқ таъмини тартибот дар ҷамъият бо дарназардошти манфиатҳои гуногуни табақа ва гурўҳҳо бо роҳи ноил шудани ризоият ва созиш мебошад. Ҳамзамон, ҳуқуқ функсияҳои муайянро низ иҷро менамояд. Дар зери мафҳуми функсияи ҳуқуқ самтҳои асосии таъсири ҳуқуқ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки аз мазмун ва таъиноти он ба миён меояд, фаҳмида мешавад.

Функсияҳои ҳуқуқро ба функсияҳои асосӣ ва иловагӣ ҷудо менамоянд. Функсияҳои танзимнамоӣ ва муҳофизатӣ функсияҳои асосии ҳуқуқ буда ба функсияҳои иловагӣ бошад, функсияҳои тарбиявӣ, идеологӣ, иттилоотӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Функсияи танзимнамоӣ барои батартибдарорӣ ва банизомоварии муносибатҳои ҷамъиятӣ, муқаррар намудани қоидаҳои рафтори одамон равона карда шудааст. Ба воситаи функсияи мазкур ин ё он варианти рафтор муқаррар карда шуда, таъиноти асосии ҳуқуқ, ки батартибдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, амалӣ карда мешавад. Функсияи муҳофизатӣ барои ҳифз ва ҳимояи муносибатҳои ҷамъиятии ҳаётан муҳим равона карда шудааст. Ҳуқук чунин муносибатҳоро дахлнопазир эълон намуда, муносибатҳои ба ҷамъият бегонаро маҳдуд ва барҳам медиҳад. Вазифаи ин функсия таъмини талаботи қонунҳо ва муқаррар намудани низоми қонуният дар ҷамъият мебошад.

Вазифаи функсияи тарбия дар таъсири ҳуқуқ ба ирода, шуури одамон ва тарбияи онҳо дар рўҳияи эҳтиром ба ҳуқуқ таҷассум меёбад. Ба ҳаёти ҷамъият ҷорӣ намудани ғояи инсондўстӣ, бартарии ҳуқуқ ва озодии инсон, инчунин демократия мазмуни функсияи идеологиро ташкил медиҳад.

Функсияи иттилоотӣ имконият медиҳад, ки одамон оид ба талаботе, ки давлат доир ба рафтори шахс муқаррар менамояд, он объектҳое, ки давлат муҳофизат менамояд, кадом рафтор ва амал ба ҷамъият фоидаовар ё бар хилофи манфиати ҷамъият эътироф карда мешавад, огоҳ намояд.

Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ бо дарназардошти шароити ҳозира такмили танзими муносибатҳои ҳуқуқиро талаб менамояд. Бе инкишофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ давлати ҳуқуқӣ бунёд кардан имкон надорад. Васеъ шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқии онҳоро талаб мекунад. Дар баробари ин, дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ сурат мегиранд, ба осонӣ амалӣ намегарданд.

Ин дигаргуниҳо дар назди ҳуқуқ талаботи нав ба нав мегузоранд. Ҳуқуқ бояд барои амалӣ гардидани онҳо шароити мўътадил муҳайё намояд. Қонунҳои қабулшаванда барои ҳавасмандии моддии шаҳрвандоне, ки бо меҳнати ҳалоли худ ба натиҷаҳои ниҳоӣ сазовор мешаванд, бояд шароити мусоид фароҳам оранд. Дар ин самт ба ҳама гуна усулҳои идораи маъмурию фармондеҳӣ, ки дар соҳаи иқтисод вуҷуддоранд, хотима гузошта, мустақилият ва ташаббускории одамонро васеъ кардан ва дастгирӣ намудан аз ҷумлаи заруратҳои замони нав аст. Чунин талабот дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки мутобиқи он озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Давлати ҳуқуқбунёд барои васеъшавии ҳуқуқҳои сиёсӣ низ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар бобби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 18, 19 ва 20 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оид ба изҳори озодонаи фикр ва ақида, озодона дар маҷлисҳо ва иттиҳодияҳо ширкат намудан ва ғайра ифода шудаанд. Дар баробари ин, фаромўш набояд кард, ки ҳеҷ гуна ҳуқуқ бе ўҳдадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин принсип дар навбати худ масъулияти шаҳрвандонро дар бобати дарки оқибатҳои рафтори онҳо баланд мебардорад.

2.Мафҳум ва намудҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ Меъёрҳои ҳуқуқӣ қоидаҳои рафтори одамонро, ки бо ҳамдигар дар муносибатҳои гуногун қарор доранд, ба танзим медароранд. Амал ва рафтори

одамон бояд ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқ бошад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат ва мақомоти ваколатдори он таҳия, қабул ва интишор шуда, қоидаҳои рафтори аъзои ҷамъиятро таҷассум менамоянд. Дар ин қоидаҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, шахсони ваколатдори давлатӣ ва монанди инҳо муайян карда мешаванд. Дар солҳои охир меъёрҳои ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки онҳо муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро ба танзим дароварда, қоидаи рафтори одамонро муайян менамоянд. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра. Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи мақомотҳои ваколатдори давлат қабул ва дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ, масалан одат ва меъёрҳои ахлоқӣ бо мақсад ва вазифаҳое, ки онҳо иҷро менамоянд, фарқ карда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ, тавре ки гуфтем, аз тарафи давлат ва мақомоти ваколатдори он қабул карда шуда, дорои хислати барои ҳама ҳатмӣ мебошанд.

Дар сурати иҷро карда нашудан бо роҳи маҷбурияти давлатӣ иҷрои онҳо таъмин карда мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ ба доираи номуайяни одамон дахл дошта, то мавриди бекор карда шуданашон амал менамоянд.

Меъёрҳои ҳуқуқӣ ба меъёрҳои ваколатдоркунанда, ўҳдадоркунанда ва манъкунанда ҷудо мешаванд. Меъёрҳои ваколатдоркунанда ба субъекти ҳуқуқ барои содир намудани амалиёти (рафтори) мусбат имконият медиҳад. Масалан, ҳар фард ҳуқуқ дорад дар дохили ҳар давлат озодона тағйири макон намояд ва маҳалли иқоматашро интихоб кунад. Ҳар фард ҳуқуқ дорад мамлакати худро тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад (моддаи 13 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар). Ё ин ки мувофиқи банди 3 моддаи 232 Кодекси гражданӣ ба соҳибмулк ваколат дода шудааст, ки нисбат ба молу мулки худ ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро фурўшад, ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.

Меъёрҳои ўҳдадоркунанда иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро ўҳдадор менамоянд, ки амалиёти (рафтори) муайяни мусбиро содир намоянд. Масалан, полиси андоз ўҳдадор мебошад, ки сирри давлатӣ ва хизматӣ, аз ҷумла сирри андозро нигоҳ дорад (моддаи 129 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Меъёрҳои манъкунанда ба субъектҳои ҳуқуқ содир намудани рафтори муайянеро, ки талаботи ҳуқуқро вайрон менамояд, манъ мекунанд. Масалан, мувофиқи моддаи 22 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фарқгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рўи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пўст, ҷинсият, синну сол, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд ва баромади иҷтимоӣ, ки дар соҳаи меҳнат баробарии имконияти одамонро барҳам медиҳад, манъ аст.

Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар фазо, замон ва ба доираи муайяни шахсон татбиқ карда мешаванд. Доираи амали онҳо дар фазо бисёр васеъ мебошад. Амали қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми мамлакат ҷорӣ карда мешавад. Чунин ҳам мешавад, ки онҳо дар мавридҳои дар худи қонун зикршуда дар як қисми муайяни мамлакат татбиқ карда мешаванд.

Санадҳои ҳуқуқии маҷлисҳои вакилони халқ ва раисони онҳо, ки дар доираи ваколати онҳо бароварда мешаванд, танҳо дар ҳудуди ҳамон вилоят, шаҳр ё ноҳия татбиқ мегарданд.

Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар доираи вақт ва замони муайян ё ба муддати дуру дароз амал менамоянд, ки инро амали меъёрҳои ҳуқуқӣ дар замони муайян меноманд. Баъзе меъёрҳо, масалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» дар давоми як сол, яъне дар давраи муайян амал менамоянд ва дигар меъёрҳо ба муддати номуайян амал мекунанд.

Аксарияти меъёрҳо дорои чунин хислат мебошанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ татбиқ мегарданд. Онҳо дар мавриде, ки дар худи меъёрҳои ҳуқуқӣ нишон дода шудааст ё баъди қабул ва нашри расмӣ амал мекунанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқ Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ягон шакли муайян ифода карда мешаванд. Онҳо дар ҳуҷҷатҳои хаттии расмӣ ифода ёфта, иҷрояшон барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкам кардани меъёрҳои ҳуқуқиро сарчашмаҳои ҳуқуқ меноманд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқ ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ ҷудо мешаванд. Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад. Қонун қувваи баланди ҳуқуқӣ дошта, дигар санадҳои меъёрӣ бояд дар асос ва мувофиқи он қабул карда шаванд. Қонун масъалаҳои ҳаётан муҳими мамлакатро ба танзим дароварда, ба ҳамаи одамон баробар татбиқ мегардад.

Дар байни қонунҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои махсусро ишғол менамояд. Дар он асосҳои сохти давлатӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандон, салоҳияти Маҷлиси Олӣ, Президент ва амсоли инҳо мустаҳкам карда мешаванд. Консти-

тутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамаи қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул карда шуда, дар сурати мухолифат бо он эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Конститутсия калимаи лотинӣ буда, маънояш сохт, муқаррар кардан мебошад. Вай ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум набуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазия, аниқтараш аз замони инқилобҳои буржуазӣ ба вуҷуд омад. Аввалин Конститутсия дар Франсия соли 1791 ва дар ИМА соли 1878 қабул карда шуд.

Барои қабули конститутсия қоидаи махсус муайян карда шудааст. Конститутсияро асосан мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (парламент) ё мақомоти махсуси бо ин мақсад таъсисшуда (маҷлиси муассисон, маҷлиси миллӣ, конвент ва ғайра) қабул мекунанд.

Баъзан конститутсия ва ҳатто тағйиру иловаҳо ба он дар раъйпурсии умумӣ қабул карда мешаванд, масалан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои таъини райъпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он ризоияти Президент ва ё овозҳои на кам аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки ин амал барои қабул ё тағйир додани дигар қонунҳои ҷорӣ хос намебошад. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 маротиба (солҳои 19 29, 19 31, 19 37, 19 78, 199 4) Конститутсия қабул карда шудааст.

Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он ба миён гузошта шуд. Моҳи сентябри соли 1926 Президиуми КИМ Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон «Дар бораи коркарди лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Он бояд дар асоси Конститутсияи ИҶШС ва Ҷумҳурии Ўзбекистон қабул карда мешуд. Моҳи майи соли 1927 лоиҳаи Конститутсия тайёр карда шуд ва аввалин Конститутсияи Тоҷикистон дар съезди II-и Шўроҳои Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 қабул карда шуд.

Дар он муваффақиятҳои халқи тоҷик дар ҳамаи соҳаи ҳаёти сиёсиву хоҷагӣ ва маданӣ инъикос шуда, ташкили Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон, барқароршавии ҳокимияти Шўроҳо ҳамчун типи нави давлат мустаҳкам карда шуд. Аммо ин Конститутсия на аз тарафи Анҷумани III-и Шўроҳои Ҷумҳурии

Ўзбекистон тасдиқ гардиду на ба ҳукми амал даромад. Чунки дере нагузашта Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин Конститутсия бо ҳамин вазифаи таърихии худро иҷро кард. Аз ин рў, масъалаи тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад. Лоиҳаи дуюмин Конститутсияи Тоҷикистонро Анҷумани IV Шўроҳо муҳокима карда, онро тарафдорӣ намуд.

Президиуми КИМ Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои вакилони съезд ва комиссариатҳои халқиро ба инобат гирифта, бо қарори худ 20 декабри соли 1931 матни Конститутсияро дар таҳрири нав нашр намуд ва ба ҳукми амал даровард. Конститутсияи соли 1931 Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рў, баъди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурати тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсия – Конститутсияи давраи ғалабаи сотсиализм ба миён омад.

1 марти соли 1937 Анҷумани IV фавқулоддаи Шўроҳои Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Дар он давраи нав – давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода карда шуд.

Конститутсияи мазкур дар муддати 40 сол амал кард ва дар ин давра дар сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низоми иқтисодӣ, асосҳои ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ин рў, масъалаи қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

15 июли соли 1977 сессияи 7-уми ғайринавбатии Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон комиссияи оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистонро ташкил кард. 19 марти соли 1978 лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умумихалқӣ нашр карда шуд. 14 апрели соли 1978 сессияи 8-уми ғайринавбатии Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъватинуҳўм Конститутсияи 4-уми ҶШС Тоҷикистонро қабул кард.

Баъди ба истиқлолият соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави он 6 ноябри соли 1994 ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ (райъпурсӣ) қабул карда шуд. Ба он 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Рўзи овоздиҳии умумихалқӣ (райъпурсӣ), яъне 6 ноябр ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Дар байни қонунҳо ҷои махсусро қонунҳои конститутсионӣ ишғол менамоянд. Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қабули он дар Конститутсия пешбинӣ шуда, мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи райъпурсӣ қабул карда мешавад ва муносибатҳои махсусан муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра ба ин гуна қонунҳо мисол шуда метавонанд.

Кодексҳо санади меъёрии ҳуқуқии махсус ба шумор мераванд. Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди мантиқиест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бонизом ва бевосита танзим карда мешавад. Кодексҳо дорои сохтори хоси дохилӣ буда, аз қисми умумӣ ва махсус иборат мебошанд. Масалан, Кодекси гражданӣ, Кодекси андоз, Кодекси меҳнат, Кодекси мурофиавии хоҷагӣ ва ғайра.

Дигар қонунҳо низ сарчашмаи ҳуқуқ шуда метавонанд. Мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои ёрирасонишахсӣ» ва ғайра.

Дар баробари қонунҳо дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ ҳастанд, ки сарчашмаҳои ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд. Онҳо санадҳои зерқонунӣ буда, ба қонун тобеъ мебошанд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастуруламалҳои вазоратҳо ва ғайра ба сифати сарчашмаҳои зерқонунӣ амал мекунанд.

Мақомоти мазкур санадҳои дигар низ қабул мекунанд. Лекин онҳо хислати фардӣ (инфиродӣ) дошта, ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ амал карда наметавонанд.

Масалан, фармонҳо (амрҳо) дар бораи ба кор таъин кардан, аз кор озод кардан ва амсоли инҳо.

Санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ сарчашмаҳои ҳуқуқӣ буда метавонанд. Онҳо дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории амалкунанда ба онҳо додааст, қарор қабул менамоянд. Иҷрои ин

қарорҳо аз тарафи ҳамаи ташкилотҳо, шаҳрвандон ва шахсони мансабдоре, ки дар ҳудуди ҳамон маҳал ҷойгиранд, ҳатмӣ мебошад.

Вақте сухан дар бораи меъёрҳои ҳуқуқӣ рафт, бояд дар хотир дошт, ки шаҳрвандон доир ба моҳият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ тасаввуроти аниқ доштанашон лозим аст, зеро баъзан надонистани мазмун ва моҳияти онҳо ё муносибати рўякӣ нисбат ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ боиси пайдо шудани тасаввурот ва муҳокимаҳои нодуруст доир ба сарчашмаҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад. Бинобар ин бо матни аслии қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо ва ғайраҳо ҳаматарафа ва бодиққат шинос шудан лозим аст.

Зеро ҳамаи онҳо дар матбуот чоп мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар натиҷаи фаъолияти ташкилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ эҷод карда мешаванд. Бо ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳамчун қоида Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳалҳо Маҷлиси вакилони халқ ва раисони онҳо машғул ҳастанд. Мақомоти идоракунии давлатӣ дар мисоли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ низ ҳуқуқи эҷод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доранд. Дар баробари ин, бевосита худи халқ бо фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (қонунэҷодкунӣ) машғул шуда метавонад. Ин кор чунин ҷараён мегирад: лоиҳаи қонунҳои ниҳоят муҳим ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешавад ва лоиҳа баъди аз тарафи халқ қабул гардиданаш эътибор пайдо мекунад. Барои амалӣ гаштани онҳо ҳеҷ гуна тасдиқ лозим нест.

Мақсади асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба таври асоснок такмил додани қонунгузории амалкунанда мебошад. Дар ҷараёни чунин фаъолият меъёрҳои ҳуқуқии кўҳнашуда бекор карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда тағйирот ворид карда мешаванд ё меъёрҳои ҳуқуқии нав қабул карда мешаванд.

Ҷараёни қабули қонунҳо аз марҳалаҳои муайян иборат аст.

Марҳалаи аввал аз тарафи субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ба мақомоти қонунгузорӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба сифати чунин субъектҳо баромад менамоянд.

Марҳалаи дуюм аз баррасии лоиҳаи Қонун дар кумита ва комиссияҳои мақомоти қонунгузорӣ (Маҷлиси Олӣ) иборат аст. Мақсад аз баррасӣ намудани

лоиҳаи қонун таҳлили ҳаматарафаи мазмуни он ва дар шакли мукаммал ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудани лоиҳа мебошад.

Муҳокимаи лоиҳаи қонун дар ҷаласаҳои палатаҳои Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) марҳалаи сеюми фаъолияти қонунэҷодкуниро ташкил медиҳад. Мақсад аз чунин муҳокима дар асоси пешниҳодот ва мулоҳизаҳои вакилони алоҳида ва фраксияҳо (гурўҳҳо) ба лоиҳаи қонун ворид намудани тағйиру иловаҳо мебошад. Бо дарназардошти мулоҳизаву дархостҳои пешниҳодшуда қонун метавонад дар қироати аввал ё дуюм қабул карда шавад, ки ин марҳалаи чаҳоруми ҷараёни қонунгузориро ташкил медиҳад. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Қонунҳои муқаррарӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон ва қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз тарафиМаҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд. Маҷлиси миллӣ қонунҳои муқаррариро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ва қонунҳои конститутсиониро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Дар сурати ба қарори Маҷлиси миллӣ розӣ набудани Маҷлиси намояндагон қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон баъди аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шудани онҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Агар Президент бо қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран баррасӣ менамоянд. Дар мавриде, ки баррасии такрории қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ онро такроран баррасӣ менамоянд.

Агар баррасии такрории қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рўз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд (моддаи 62 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Қонунҳо дар нашрияҳои расмӣ ба таври ошкоро интишор карда мешаванд ва баъди интишор гардидани онҳо дар ин нашрияҳо эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданашон бо забони давлатӣ на дертар аз понздаҳ рўз дар рўзномаи «Ҷумҳурият», инчунин дар «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор карда мешаванд.

Баъд аз интишори расмиашон қонунҳо эътибор пайдо мекунанд (моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»). Рўзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии он дар нашрияи расмӣ рўзи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад (моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»). Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар онҳо мўҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд (моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).

Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқӣ ва таркиби он Доираи гуногуни муносибатҳои ҷамъиятие мавҷуд аст, ки инсон дар ҳаёти ҳаррўзаи худ бо онҳо сарукор дорад. Ин муносибатҳо дар байни табақаҳо ва гурўҳҳои одамон оид ба муҳокимаи масъалаҳои мухталифи ҳаёт ба вуҷуд меоянд.

Вале на ҳамаи ин муносибатҳоро ҳуқуқ ба танзим медарорад. Масалан, муносибатҳои байни табақаҳо, муҳокимаи бозии футбол дар байни мухлисон, эҳтироми якдигар ва амсоли инҳо аз тарафи ҳуқуқ ба танзим дароварда намешаванд. Ҳамаи ин муносибатҳо кори шахсии шаҳрвандон мебошад. Агар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо меъёрҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда шаванд, он гоҳ онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ номида мешаванд.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ аз субъект, мазмун ва объект иборатанд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муайян мебошанд, субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандон, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва давлат дохил

мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ бошанд.

Ба монанди ҳамаи дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ муносибатҳои ҳуқуқӣ низ натиҷаи фаъолияти бошууронаи инсон мебошанд. Алоқаҳои ҳуқуқӣ дар байни одамон бошуурона муқаррар карда мешаванд.

Иштирокчиёни онҳо дорои ҳуқуқ мебошанд. Дорои ҳуқуқ будани иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дар навбати худ онҳоро вазифадор менамояд, ки ўҳдадориҳои муайянро ба ҷо оварданд. Дорои ҳуқуқ ва ўҳдадорӣ будан мазмуни муносибатҳои

ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Масалан, шаҳрванд барои тамошои консерт дар театр билет харид. Ин рафтори ў маъмурияти театрро ўҳдадор менамояд, ки ба шаҳрванд ҷои нишаст ва тамошои консертро таъмин намояд ва дар навбати худ шаҳрванд ўҳдадор аст, ки қоидаҳои дар театр муқарраркардашударо риоя

кунад. Аз ҷумла сари вақт вориди театр шавад, зеро дар сурати ба тамошо дер омадан ҳуқуқ надорад талаб намояд, ки консерт аз нав сар карда шавад. Дар сурати вориди тамошогоҳ шудан шаҳрванд ўҳдадораст, ки интизоми дохилиро риоя намояд, бо рафтори худ ба дигар тамошобинон ва рафти консерт халал нарасонад. Дар акси ҳол маъмурият метавонад ўро аз толори консерт берун созад ё дигар навъи ҷазоро вобаста ба рафтори нодурусташ раво бинад.

Тавре ки дида мешавад, аксарияти муносибатҳое, ки дар байни шаҳрванд ва маъмурияти театр ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Шаҳрванд ҳуқуқҳои муайянеро соҳиб мешавад, ки онҳоро давлат муҳофизат менамояд. Дар баробари ин, ў вазифадор мешавад, ки ўҳдадориҳои муайянро ба ҷо орад.

Чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ дар байни мактаббачагон ва мактаб низ ба вуҷуд меоянд. Ҳар як мактаббача ваколатдор аст, ки ўҳдадориҳои муайянро иҷро намояд. Ў бояд амволи мактабро эҳтиёт кунад.

Агар вай амволи мактабро шиканад ва ё аз кор барорад, падару модараш тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунанда вазифадор мешаванд, ки маблағи онро ҷуброн намоянд.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ на танҳо дар байни шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба вуҷуд меоянд. Ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва умуман давлат низ иштирокчиёни онҳо шуда метавонанд. Дар байни ташкилотҳо оид ба муомилоти мол, расонидани хизматрасонӣ, иҷрои кор ва амсоли инҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳамин тариқ, дар байни субъектҳои ҳуқуқӣ доир ба ягон чиз (амвол, ашё), молумулк муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Воситаҳои истеҳсолот, ашё ва маҳсулоти истеъмолӣ, пул, хизмат, қоғази қимматнок, сирри тиҷоратӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолу-мулкӣ (ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф) ва амсоли инҳо объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд.

Шахсоне, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро вайрон намекунанд, бо рафтору кирдори худ боиси эҳтироми дигарон мебошанд, низ дар фаъолияти худ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ дохил мешаванд ва дар доираи муҳити муносибатҳои ҳуқуқӣ кору фаъолият мекунанд. Вале аксарияти онҳо чунин рафтори худро бевосита пай намебаранд. Зеро рафтори онҳо дар доираи қонунгузорӣ буда, бо манфиатҳои шахсони дигар ва ҷамъият мувофиқ мебошад.

Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муносибатҳои ҳуқуқӣ ниҳоят гуногун мебошанд.

Онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият ба вуҷуд меоянд. Мо бо онҳо дар оила, фаъолияти кишоварзӣ, муомилоти гражданӣ, дар рафти меҳнат, ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, дар соҳаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ғайра дучор мешавем.

Вобаста ба ин, меъёрҳои батанзимдарории онҳо низ фарқ менамоянд. Агар шаҳрванд аз мағозаи тиҷоратӣ мол харад, он гоҳ ин муносибатҳоро ҳуқуқи гражданӣ ба танзим медарорад. Агар шаҳрванд фаъолияти худро дар асоси шартномаи меҳнат бо корхона ба роҳ монад, он гоҳ чунин муносибатҳоро ҳуқуқи меҳнатӣ ба танзим медарорад ва ғайра. Яъне вобаста ба муносибатҳои сифатан якхелае, ки ин ё он соҳаи ҳуқуқ меомўзад, меъёрҳои батанзимдарории онҳо низ гуногун мешаванд.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, соҳаи ҳуқуқ номида мешаванд. Хамаи соҳаҳои ҳуқуқ якҷоя низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд: ҳуқуқи давлатӣ (конститутсионӣ), ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ғайраҳо. Оид ба ин соҳаҳои ҳуқуқ шумо дар китоби синфи 9-ум маълумот хоҳед гирифт.

Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ Рафтори шаҳрванд бояд ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқ бошад. Рафтори ба ҳуқуқ мувофиқи одамон моҳияти тартиботи ҳуқуқиро ташкил медиҳад.

Аз ин рў, давлат, ҷамъият ва аъзои он ба рафтори одамоне, ки ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷавобмедиҳад, ҳавасманд мебошанд. Ҷамъият ба воситаирафтори ба ҳуқуқ мувофиқ идора карда шуда, фаъолияти ҳаётан мўътадили он ба роҳ монда мешавад.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандон низ дар асоси рафтори ба ҳуқуқ мувофиқ ба амал бароварда мешаванд. Баръакс, рафторе, ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавобнамедиҳад, ҳуқуқвайронкунӣ ё рафтори бархилофиҳуқуқ мебошад.

Ҳуқуқвайронкунӣ кирдори гунаҳкорона ва зиддиҳуқуқии шахсе мебошад, ки ба ҷамъият, давлат ё шахсони алоҳида зарар мерасонад. Вай дар натиҷаи содир кардан ё накардани ягон амали гунаҳкоронае, ки бархилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад, ба вуҷуд меояд. Агар шаҳрванд мунтазам интизоми меҳнатро вайрон намояд, ба кор дер ояд, дуздӣ кунад, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кунад ва дигар кирдорҳои

ба ҳамин монандро содир намояд, ин маънои онро дорад, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додааст. Саркашӣ аз иҷрои ўҳдадориҳои ҳуқуқӣ маънои вайрон кардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро дорад. Пас, ҳуқуқвайронкунӣ риоя накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ аст. Ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷамъият, давлат ва шахсони алоҳида хатарнок ва зараровар мебошад. Бинобар ин, меъёрҳои ҳуқуқӣ онҳоро маҳкум менамоянд.

Ҳуқуқвайронкунӣ ба ду намуд ҷудо мешавад: ҷиноят ва кирдори ношоям. Ҷиноят хатарноктарин навъи ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Чунин ҳуқуқвайронкуниеро кирдори ношоям меноманд, ки ба муносибатҳои идоракунӣ, меҳнатӣ, молумулкӣ, молиявӣ ва дигар муносибатҳо сўиқасд менамояд. Кирдори ношоям аз ҷиноят бо дараҷаи барои ҷамъият хавфнокиаш фарқ менамояд. Ҷиноят ҳама вақт хатарноктар мебошад. Дараҷаи барои ҷамъият хавфнокӣ вобаста ба объекте, ки ҳуқуқвайронкунанда ба он сўиқасд менамояд, андозаи зарар ва шахсияти ҳуқуқвайронкунанда муайян карда мешавад. Агар шахс ба дуздии моликияти давлатӣ ва шахсӣ, одамкушӣ роҳ диҳад, ба дигар шахсон зарари ҷисмонӣ расонад, авбошӣ ва амсоли инҳоро содир намояд, пас ин амалҳои ў ҷиноят ҳисобида мешавад. Зеро

рафтори ў ба ҷамъият ва одамон хатари калон дорад. Аммо агар шахс ба кор дер ояд, қоидаи роҳгардиро вайрон намуда, аз чароғаки сурх гузарад ва дигар рафторҳои ба ҳамин монандро содир намояд, он гоҳ ў кирдори ношоям содиркарда эътироф мешавад.

Чунки дараҷаи хавфнокии рафтори ў камтар буда, ба ҷамъият зарари начандон калон мерасонад. Аз кирдори ношоям то ҷиноят як қадам роҳ аст. Барои ҳамин одам бояд кўшиш намояд, ки аз хурдӣ бо рафтори хубу одоби намунавӣ сазовори эҳтироми

дигарон бошад. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки баъзе шахсон ҳанўз аз хурдӣ ба кирдорҳои ношоям даст мезананд. Интизомро вайрон карда, ба дарс дер меоянд.

Бо муаллимон дағалӣ намуда, дар дарсҳо бетартибӣ мекунанд ва бо ҳамин рафтори худ дар синф ҳолати ғайрикориро ба вуҷуд меоранд. Дар вақти танаффус бо ҳамсинфони худ ҷанҷол мекунанд, баъд аз дарс ба нўшидани нўшокиҳои спиртӣ машғул мешаванд.

Бо рафиқони калонсоли худ беэҳтиромӣ карда, кирдорҳои ношоям содир менамоянд. Ҳамин тариқ, роҳ ба сўи ҷиноят аз худсарӣ (беинтизомӣ), рафторҳои хурди ношоям, беэҳтиётӣ ба дигарон ва дағалӣ сар мешавад. Сабаби аксарияти ҳуқуқвайронкуниҳо паст будани дараҷаи шуурнокии ҳуқуқвайронкунандагон, беинтизомӣ, беаҳамиятӣ, нашъамандӣ, майпарастӣ ва беандешагӣ нисбат ба оқибатҳои рафтори худ мебошад. Набудани ҳисси ҷавобгарии шахсӣ, надонистан ва нафаҳмидани қонун, инчунин беҷазо мондан ва дигар ҳолатҳо низ сабаби ҳуқуқвайронкунӣ шуда метавонанд.

Шахсе, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқро вайрон кардааст, ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад.

Таҳти маҷбурияти давлатӣ аз тарафи ҳуқуқвайронкунандагон иҷро гардидани ўҳдадориҳоро ҷавобгарии ҳуқуқӣ меноманд.Ҷавобгарӣ ба маънои ҳуқуқиаш ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Агар шаҳрванд дар ҳолати мастӣ ба кор ояд, авбошӣ содир намояд, ба молумулк ва шахсияти дигарон зарар расонад, ҳақорат ва тўҳмат кунад, инчунин дигар рафторҳои ба ҳамин монандро содир намояд, он гоҳ ў ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳама вақт бо маҳрум намудани манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ ё маҳдуд намудани онҳо вобастагӣ дорад. Ин маҳрумкуниҳо аксуламали табиии ҷамъият, давлат ва зараре мебошад, ки шахси ҳуқуқвайронкунанда ба дигарон расонидааст. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ.

Оид ба намудҳои ҷавобгарӣ дар бобҳои дахлдори китоби “Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои синфи 9 маълумот хоҳед гирифт.

Риояи талаботи ҳуқуқӣ вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қонунҳои кишвари худро ба хубӣ донад. Надонистани қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандонро аз ҷавобгарӣ озод намекунад ( моддаи 42 Конститутсия). Хуб донистани қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ инсонро дар рўҳияи хулқу атвори хуб тарбия намуда, масъулияти ўро баланд мебардорад. Ногузир ва ҳатмӣ будани ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонун ва санадҳои зерқонунӣ воситаи асосии пешгирӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Саволҳо

  1. Моҳияти ҳуқуқ дар чӣ ифода меёбад?
  2. Фарқи «ҳуқуқ» ва «қонун» дар чист?
  3. Ҳуқуқ чист?
  4. Нишонаҳои фарқкунандаи ҳуқуқро аз дигар қоидаҳои рафтор номбар намоед.
  5. Кадом типҳои таърихии ҳуқуқро медонед? 6. Функсияҳои ҳуқуқ чист?
  6. Инкишофи ҳуқуқ дар давраи ҳозира чӣ тавр сурат мегирад? 8. Меъёрҳои ҳуқуқӣ чист?
  7. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқро номбар кунед.
  8. Сарчашмаҳои ҳуқуқ чист?
  9. Қонун чист?
  10. Фарқи конститутсия аз дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар чист?
  11. Қонуни конститутсионӣ чист?
  12. Кодекс чӣ гуна санади меъёрии ҳуқуқист?
  13. Ҷараёни қонунгузорӣ аз кадом марҳилаҳо иборат аст?
  14. Қабули қонунҳо чӣ гуна сурат мегирад?
  15. Тартиби қабули қонунҳои конститут сионӣ чӣ гуна мебошад? 18. Муносибатҳои ҳуқуқӣ чист?

19.Намудҳои муносибатҳои ҳуқуқиро номбар намоед.

  1. Кадом соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед?
  2. Ҳуқуқвайронкунӣ чист?
  3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ чист?
  4. Намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро номбар намоед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …