Главная / Ҷамъият / Ҳунарҳои мардумӣ Иншо/Реферат

Ҳунарҳои мардумӣ Иншо/Реферат

Санъати ороишии амалӣ падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги бисёрҷабҳаи ҳар як халқу миллат аст. Он падидаи гуногунпаҳлў буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии куҳанаш имрўз ҳам дар инкишоф мебошад.

Санъати амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Бо вуҷуди он ки имрўз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ҳунармандони зиёде машғули эҷоди асарҳои ҷолиби бадеӣ ҳастанд, инкишофи навъҳои гуногуни санъати халқии тоҷикон дар сатҳи қаноатбахш қарор надорад.

hunarhoi-mardumi
Иншои Ҳунарҳои мардумӣ (Реферат/иншо) дар сурат расм

Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд доранд, ҳатто бархе аз онҳо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

Дар доираи татбиқи Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз рўи усули анъанавии миллии ‚устод-шогирд шогирдон тарбия меёбанд.

Ин усул яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, муҳаққиқ П.А.Гончарова онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудааст. Тадқиқоти ў ба зардӯзӣ – яке аз ҳунарҳое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Муҳаққиқ нуктаи ҷолиберо қайд мекунад, ки зардўзӣ дар қадим аслан ҳунари мардон буд, зеро дар рӯи матоҳои дурушту ғафс, ба монанди бахмал, сӯзан задан лозим меомад. Дар бораи яке аз мардони соҳибҳунари Ҳирот – Ҳасани Зардӯз Зайниддин Восифӣ дар ёддоштҳои худ сухан меронад.

Дар аморати Бухоро дарбори амир фармоишгари асосии маҳсулоти зардӯзӣ буд, ки ин зарурати ташкили устохонаҳоро дар назди дарбор ба миён овард. П.А.Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардўзӣ, тарзи қабул ва хатми шогирдон, ки дар ин замина як қатор маросим роиҷ буд, маълумот медиҳад (3, 6).

Дар он давра садҳо нафар зардӯзи моҳир ба дӯхтани либосҳои қиматбаҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардўзӣ ородода – ҷомаҳои мардона, камзӯлҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапӯшҳо, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ў омода мешуданд. Дигар ҳеҷ кас, ҳатто шахсони воломақом ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир тӯҳфа мешуданд.

Бо мурури замон берун аз дарбор низ устохонаҳо ташкил шуданд, ки дар онҳо ба ҳунармандон оқсақол, яъне сардори зардӯзон роҳбарӣ мекард. Тамоми корҳо, аз ҷумла, хариду фурӯши маҳсулот, қабули шогирдон танҳо бо иҷозати оқсақол иҷро мешуданд. Барои дар вақти таъйингардида иҷро шудани фармоишҳои ҳатмӣ оқсақол ба ҳамаи устохонаҳои гирду атроф корро тақсим мекард. Оқсақол барои меҳнаташ музд намегирифт, ба ӯ фақат тӯҳфа аз тарафи дарбор супорида мешуд. Аъзои ташкилоти сехҳои зардӯзӣ шахсе шуда метавонист, ки курси дарозмуддат ва душвори ин ҳунарро аз усто омӯхта, барои фаъолияти мустақилона аз устодаш ризоият гирифта бошад.

П.А.Гончарова қайд мекунад, санъати зардӯзии бухороӣ ҳунари меросӣ буд, он аз бобо ба падар, аз падар ба писар мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин ҳунар ба ягон хеши наздик, масалан ҷиян омӯзонида мешуд (3,14).

Ба омӯзиши ин ҳунар писарбачаҳои 10-12 сола ва баъзан калонтарро ҷалб мекарданд. Ба шогирдӣ додани писар як рўйдоди муҳим ба шумор рафта, дар ин замина як қатор маросим иҷро мешуд.

Падар ё хеши наздики писарбача бо як табақ хӯроки махсус ва ҳалвои тар ба назди усто рафта, розигии ӯро барои қабул мегирифт. Баъди он ки усто ризоият дод, ҳузурдоштагон хӯрокро истеъмол мекарданд, ки рамзи кушоиши кор ба ҳисоб мерафт.

Усто на танҳо омӯхтани ҳунар, балки хӯрондану пӯшонидани писарбачаро низ ба ўҳда мегирифт. Байни тарафайн ягон шартномаи хаттӣ баста намешуд, таълим бепул сурат мегирифт. Усто ба шогирд ҳунари худро зуд ёд намедод. Соли якуми таҳсили писарбача ба корҳои хона ёрӣ медод, аз ҷумла рўбучин мекард, об мекашонд, ба бозор мерафт ва танҳо дар вақти бекор монданаш ӯ ҳақ дошт, ки кори дӯзандагонро мушоҳида намояд. Баъди гузаштани як сол ба шогирд иҷозат дода мешуд, ки сари дӯкони зардӯзӣ нишинад. Барои иҷрои кор ба шогирд музд дода намешуд, мӯҳлати таълим муқаррар набуд ва метавонист аз 4 то 7 сол идома ёбад. Ҳолатҳое ҳам мешуд, ки усто барои гум накардани шогирди болаёқат ӯро 8-10 сол назди худ нигоҳ медошт.

Вақте ки шогирд майлу хоҳиши мустақилона кор карданро зоҳир менамуд, ба сифати миёнарав оқсақол даъват мешуд, то ки устоҳо барои озод гаштани шогирдон ризоӣ диҳанд.

Маросими устоталбон дар хонаи шогирд гузаронида шуда, усто ба ‚арвоҳи пири миёнбандон дуо хонда, миёни шогирдро бо рӯймол баста, ‚Ба номи Шоҳи мардон бастам мегуфт. Дар ин маросим, ки шогирд номи ‚усто-ро мегирифт, ба муаллим ‚сарупо тўҳфа мешуд, яъне волидайни шогирд аз сар то по ба ў либоси нав мепўшониданд. Ҳамчунин ба оқсақол ва ёвари ӯ низ тӯҳфаҳо дода мешуд. Дар баъзе мавридҳо устодон ба шогирди камбизоат барои оғози кори мустақилона асбобҳои заруриро медоданд.

Дар замони муосир ба хотири эҳёи ҳунарҳои халқӣ мактабҳо, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон ташкил мешаванд. Ин марказҳои ҳунармандӣ таҳти роҳнамоии устоҳои машҳуру боистеъдод фаъолият мебаранд.

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромўш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.

Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандон халқ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

Дар ин самт то ҳол масъалаву муаммоҳое ҳастанд, ки аҳамияти махсусро тақозо доранд.Татбиқи дастовардҳои илмию амалӣ, идомаи анъанаҳои миллӣ, назардошти урфу одатҳо, омўзиши таъсири равияҳои гуногуни санъат ба тарзи ороиши маснуот, вазъи тарбияи меҳнатӣ ва ҳунаромўзии донишҷўёни муассисаҳои таълимии олии кишвар беҳбудиро мехоҳад.

Инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рўзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард. Ҷомеаи давраҳои гуногун равияҳои хосро дар соҳаҳои мухталифи санъату ҳунар ба мерос гузошт, ки дар ҳар яке тарзи зиндагии мардум таҷассум ёфтааст. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар вақти ҳукмронии ягон ҷараён таъсири он дар ороиши ашё, намунаҳои ҳунари меъморӣ, сару либос, ҷиҳози манзил амри воқеист.

Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон омўзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад.

Санъати ороишӣ, ки бо зиндагии мо робитаи зич доранд, тариқи офаридани ашёи гуногун ва ороиши меъморӣ амалӣ мешавад. Дар намунаҳои санъати ороишӣ нақшу нигор дар шакли холис вуҷуд дошта наметавонад, он таҷассуми ҳамбастагии зебоӣ ва фоидаву зарурат мебошад.

Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ ба рушди наққошӣ низ мусоидат кардааст. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Тирмиз, Панҷакенти қадима ва дигар маҳалҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагон ҳастанд.

Наққошони тоҷик беҳтарин анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома дода, санъати нақшофариро такмил додаанд. Имрўз анъанаҳои ҳунари наққошӣ ҳангоми бунёду ороиши биноҳои фарҳангию маърифатӣ (тарабхона, чойхона, масҷид, қасри фарҳанг ва ғ.) корбаст мешаванд.

Устоҳои халқӣ, аз ҷумла наққошону кулолгарон, мисгарону зардӯзон ва қолинбофону косибон дар офаридаҳояшон нақшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст менамуданд. Ҳар як нақшу нигор маънои хос дошта, аз ҷониби халқ номгузорӣ мешуд ва аксари онҳо нишони эътиқоду бовар ба урфу одате буданд. Масалан, соли 1960 санъатшиносон Н.Юнусова ва М. Рӯзиев дар қишлоқи Сино тадқиқот гузаронида, нақши камзӯлчаи бачагонаро, ки тасвири ду мор ва моҳро дошт, таҳлил карданд. Маълум шуд, ки тибқи бовари мардуми ин маҳал ду мори ба шакли чиллик тасвиршуда бачаро аз иблис эмин медорад, моҳ бошад ўро чун моҳи нав зебо мекунад.

Нақшҳои тоҷиконро, ҳамчун нақшҳои дигар халқҳои Осиёи Миёна ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум – нақшҳои классикӣ, ки дар асрҳои миёна шакл гирифта, дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, аз Мавритания, Миср, Туркия, Эрон сар карда то Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ паҳн шудаанд. Онҳо дар ҳар кишвар сифатҳои хоси маҳаллӣ, обу ранг ва тафсири махсус пайдо карда бошад ҳам, асоси он дар ҳама ҷо як хел аст. Ин нақшҳо мукаммал буда, аз гиреҳ – шаклҳои мухталифи ҳандасавӣ, ислимӣ – расми ба шакли муайян даровардаи навдаҳо, баргу гулҳо иборат мебошанд.

Нақшу нигори гурўҳи якум аз офарандагони худ – устоҳои наққош донистани фанҳои махсус, аз он ҷумла, илми ҳандасаро, ки дастраси ҳар кас набуд ва ба омўхтани он солҳои дароз сарф мешуд, талаб мекард. Қисми асосии онҳоро мардон ташкил медоданд. Ин навъи нақшу нигор бештар дар биноҳои пуршукўҳ, дар кандакории рўи филизот, дар маснуоти аълосифати заргарӣ, дар ороиши дастнависҳо, ҷузгирҳо ва дигар соҳаҳои санъати амалӣ корбаст мешуд.

Нақшу нигори гурўҳи дуюм асосан анъанаҳои халқии маҳаллиро инъикос менамояд. Асоси унсурҳои ин нақшҳоро аксаран тасвири ашё ташкил медиҳад, ки аз сабаби сода гардидан ва хусусияти орнаменталӣ пайдо кардан дар бештари мавридҳо шакли воқеии худро гум мекунанд.

Яке аз нусхаҳои маҳбуби устодони тоҷик «таҳафтод» ё «ишкелбанд» ном нақш ба ҳисоб мерафт. Он аз ду хати бо давраю гулҳо гиреҳхўрда иборат буда, дар хиштмонӣ (асрҳои X-XII), кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наҷҷорӣ ва наққошӣ корбаст мешуд. Дар санъати тоҷики давраи пеш аз ислом таҳафтод ба мушоҳида намерасад. Он фақат дар ёдгориҳои меъмории асри X ба назар мерасад. Ба андешаи муҳаққиқон, пайдоиши он эҳтимол бо истифодаи хишти пухта ба сифати маводи сохтмон ва ороишдиҳӣ ё ин ки ташаккули хати «кўфӣ» вобаста мебошад. Бо ин нақш пештоқ, дару дарвоза, меҳроб, шифт ва як навъи маснуоти косибӣ ҳошиябандӣ мешуданд.

Қисми зиёди нақшу нигори мақбараи чўбини қишлоқи Чоркўҳ бар шаклҳои ҳалқагардон (яъне «3» шакл) асос ёфтааст. Аз байни онҳо нусхаҳои бодому қаламфурмонанд хеле паҳн гардидаанд. Роҷеъ ба маънои ин навъи нақшу нигор як зумра муҳаққиқон фикру мулоҳизаҳо баён кардаанд.

Ба андешаи олими машҳури соҳа Г. А. Чепелеветская нусхаи бодому қаламфур воқеан дар эҷодиёти халқ инъикос ёфта метавонист. Аммо нусхаҳои хурди иловагӣ дар нақшҳои бодом барои каллапўшҳои тоҷикӣ ба нақшҳои аз Тирмиз ёфтшудаи (асрҳои I-II) пару болҳои ҳайвоноти афсонавӣ, нақши қанотҳои мусича ва нусхаи шутур ба наққошии девори қасри Варахша (асрҳои V-VIII) ва сари архар ба нақши қасри Киш (асрҳои V-VIII), матоъҳо, маснуоти наққошӣ, кулолгарӣ ва оҳангарии қадимаи машриқзамин монандӣ доранд.

Бо такя ба фикри муҳаққиқ Г. Григорев гуфтан мумкин аст, ки нусхаи бодом на дар заминаи расми мурѓи даштӣ, хурўсу товус, балки дар асоси тасвири шакли қанотҳои онҳо пайдо шудаанд. Ҳангоми ба даруни давра нақши ҳалқагардон дохил кардан нақши бодом ҳосил мешавад, лекин маънои он аз мазмуни нақши гули бодом фарқ дорад. Л. И. Ремпел чунин мешуморад, ки ин нақш аз нусхаи ду моҳ – сафеду сиёҳ ё ки ду қаноти даруни давра (яъне осмон) таркиб ёфта, падидаҳои ба ҳам муқобили табиат, яъне торикию равшанӣ, гармию сардӣ, ҳаёту маргро ифода мекунад. Ба андешаи В. Алексеев ин нақши дугона Ин ва Ян ном дорад ва рамзи ҷодугарист. Дар фарҳанги муѓулҳо рамзи ҳушёрӣ, ягонагии марду зан аст.

Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Масалан, барои омӯзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиши либоси миллӣ ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро бо таърихи этникии миллӣ ошкор месозад.

Ба вижагиҳои либоси осиёимиёнагӣ дар Аврупо ҳанўз дар асрҳои миёна таваҷҷуҳ зоҳир гардид ва шахсоне, ки аввалин шуда ба таснифи либоси халқҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ зоҳир карданд, сайёҳон Марко Поло, Гилом Рубрук, Клавихо Рюи Гонзалес буданд. Бо вуҷуди он ки дар навиштаҳои онҳо аксаран таснифи мухтасари сару либоси ин ё он халқ оварда шудааст, ин маълумот барои муҳаққиқон аҳамият дорад. Чунончи, Марко Поло дар китоби хеш либоси мардуми кӯҳистони Помирро тасниф намуда, чунин қайд кардааст: ‚Дар ин ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пӯсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар мекунанд (4, 12).

Дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX як зумра сайёҳони русу хориҷӣ, аз ҷумла Ф. Ефремов, Ф. Назаров, Н. Неболсин дар бораи матоъҳои маҳаллӣ, сару либос ва шуѓли мардум маълумоти ҷолиби диққатро ҷамъ оварданд. Чунончи, дар навиштаҳои Ф. Ефремов дар баробари таснифи либоси он давра роҷеъ ба кирмакпарварӣ маълумот фароҳам омада, технологияи истеҳсоли нахи абрешим барои матоъҳои шоҳӣ маънидод гардидааст. Сайёҳ мушоҳидаҳояшро дар бораи вижагиҳои хоси сару либоси осиёимиёнагӣ, ки ба шаклгирии он муҳити зист, иқлим, дин таъсир гузоштаанд, баён месозад. Масалан, оид ба тарроҳии куртаи занона ӯ чунин менависад: ‚Пеш аз ҳама ба қулай будани курта ва сипас ба риояи одоб аҳамият дода мешавад. Бароҳат будани либос, фарохии он, чинҳои зиёд доштани он ба ҳисоб гирифта шудааст, ки барои озодона нишастан монеа пеш намеорад, ҳаракатро маҳдуд намекунад, дар ҳавои гарм ба нафаскашии бадан халал намерасонад (4,7).

Дар асрҳои XIX ва XX дар Хуҷанди бостонӣ дӯзандагӣ яке аз шохаҳои асосии касбу ҳунар ба шумор мерафт. Тибқи маълумоти таърихӣ соли 1895 дар бозори Панҷшанбе ва атрофи он 23 дӯкони дӯзандагӣ мавҷуд буд. Дар ин дӯконҳо мардон дўзанда буданд, занони чевар дар хона кор мекарданд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX соҳаи истеҳсоли сару либоси анъанавӣ ҳунари асосии занон гардид.

Либоси анъанавии мардуми одӣ аз либоси намояндагони табақаҳои боло ва шахсони маъруф фарқ дошт. Тафовути сару либос на дар тарҳи он, балки дар навъи матоъ буд. Ин фарқ на танҳо дар сифати матоъ ва тарзи ороиши либос, балки маҷмӯи либос зоҳир мешуд.

Табаддулоте, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ дар ҳаёти халқҳо рўй медиҳанд, ба ҳастии моддӣ ва маънавии мардум дигаргуниҳо ворид мекунад ва бешак, ба либосҳои миллӣ низ таъсир мерасонад.

Санъати ороиши либос бо зардӯзию кашидадӯзӣ, гулдӯзии куртаҳои чакани халқҳои Осиёи Миёна ҳар яке бо сабки хос инкишоф ёфтаанд, зеро дар тӯли асрҳо ороиши сару либос (бештар дар кӯҳистон), ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор (дар водиҳо), хуллас, аз бисоти тифл то ҷиҳози арӯс, дар худи хонадон ба ҷо оварда мешуд.

Омӯхтани таърихи сару либос, ҷиҳози хонаводаи миллии ҳар як халқ, барои онҳое, ки бо таърих ва фарҳанги он халқ шинос шудан мехоҳанд, аз ҷумла, санъатшиносон, кормандони театр ва кинематография, рассомон ва намояндагони соҳаҳои дигари фарҳанг муҳим аст.

Аз тарафи дигар, дар ҷараёни шиносоӣ бо таърихи либоси миллӣ то андозае аз вижагиҳои либоси миллии халқҳои дигари ҳамсоя низ огоҳ шуда, монандӣ ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фарҳангии онҳоро ба ҳамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халқҳои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

Шиносоӣ бо тадқиқоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурҷонов, Ю. Якубовский, М. Рӯзиев ва дигарон ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ва ривоҷу равнақ ёфтаанд. Инро дар мисоли тӯи арӯсию домодӣ, ки бидуни сӯзаниву рӯйҷое, ки ҳам кашидадӯзӣ ва ҳам қуроқдӯзӣ шудаанд, дастурхону ҷойнамоз ва дигар намунаҳои ҳунарҳои дастӣ барпо намешаванд, дидан мумкин аст. Ҳунари кандакорону чӯбтарошонро дар сохтани табақу коса, кати миллӣ, сутунҳои зебо, маснуоти армуғонӣ, гаҳвораҳо мушоҳида мекунем.

Ҳунармандони тоҷик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ саҳм гузоштаанд. Дар тайёрии касбии ҳунармандон ва омўзгорони оянда машѓулияти санъати ороиши амалӣ нақши асосӣ доранд, зеро онҳо аз донишҷўён фаъолии хотираи биноӣ, хаёлоти рангин, маҷмўи дониш ва малакаву маҳоратро талаб мекунад.

Таҷрибаи чандинсолаи тадрис дар донишгоҳ собит менамояд, ки дар ҷараёни машѓулияти ҳунарӣ дар донишҷўён малакаи шинохтани зебоӣ ва дарки арзиши бадеии асарҳои санъати ороиши амалӣ инкишоф меёбад.

Дар замони мо як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки донишҷўён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромўш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишҷўён бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ – кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Болдырев, А.Н. Тезкире Хасана Насори как новый источник для изучения культурной жизни Средней Азии XVI в. Тр. Отдела истории культур и искусства Востока, гл. 3, Л.,1940 – 299 с.
  1. Воронина, В. Л. Архитектура древнего Пенджикента (Результаты раскопок 1954-1959 гг.). Мат-лы и исследования по археологии СССР, № 124/В.Л.Воронина.- М.- Л., 1964 – 85 с.
  2. Гончарова, П.А. Санъати зардӯзии Бухоро. – Нашриёти ‚Адабиёт ва Санъат ба номи Ғ. Ғулом/ П.А. Гончарова.- Тошканд, 1986. – 110 с.
  3. Исаев, А. Б. Таджикский костюм в контексте народной художественной культуры/А.Б. Исаев // Дисс. на соискан.ученой степени канд. искусствоведения. – М., 1992 .
  4. Муродов, М. Р. Устодони санъати амалӣ-халқӣ (мактаби ‚Устод-шогирд)/М.Р.Муродов. – Душанбе, 2005. – 154 с.
  1. Марко Поло.- М.,1955.- С.75.
  2. Рӯзиев, М. Ёдгории кандакории Чоркуҳ/М.Рӯзиев. – Душанбе: ‚Дониш,1975 – 68 с.
  3. Пугаченкова, Г. А. Очерки искусства Средн. Азии. Древность и средневековье/Г.А.Пугаченкова, Л.И.Ремпель. – Москва, 1982. –3 с.
  4. Сухарева, О. А. Опыт анализа покроев традиционной «туникообразной» среднеазиатской одежды в плане их истории и эволюции/О.А. Сухарева // Костюм народов Средней Азии. – М. : Наука, 1979. –79 с.

REFERENCES:

  1. Boldyrev, A. N. Tezkires of Hassan Nasori as a New Source for Studying of Cultural Life of Central Asia of the XVI-th Century. The Works of Department of History of Cultures and Art of the East, chapter 3, L., 1940. – 299 pp.
  2. Voronina, V. L. The Architecture of Ancient Panjekent (Results of the Excavation of 1954 – 1959). Materials and Researches on Archeology of the USSR, -#124/ V. L. Voronina.- M – L., 1964 – 85 pp.
  3. Goncharova, P. A. Sanjati of Bukhoro’s Art of Embroidered with Golden Thread in Bukhara. /P.A.Goncharova.- Toshkand: Literature and Art publishing-house, 1986. – 110 pp.
  4. Isaev, A. B. The Tajik Costume in the Context of National Art Culture.// Doctorial dissertation art studies/ A.B.Isaev.- M, 1992.
  5. Murodov, M. R. Talented-Popular Preceptors in Art Studies («Ustod-Shogird» school) / M. R. Murodov. – Dushanbe, 2005. – 154 pp.
  6. Marco Polo. – M., 1955. – 75 pp.
  7. Ruziyev, M. Engraving Memory in Chorkukh /M.Ruziyev.– Dushanbe: Knowledge, 1975 – 68 pp.
  8. Pugachenkova, G. A. Art Sketches on Central Asia. Antiquity and Middle Ages/G. A.Pugachenkova, L. I. Rempel.– Moscow, 1982. – 3 pр.
  9. Sukhareva, O. A. Experience of the Analysis of Cuts in Regard to Traditional “Tunic-like” Central Asian Clothes in Plane of their History and Evolution/O.A.Sukhareva // Costume of the people of Central Asia. – M.: Science, 1979. – 79 pр.

Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Вожаҳои калидӣ: ҳунармандӣ, анъанаҳо, мерос, гулдӯзӣ, кандакорӣ, ҷиҳоз, абрешим, дӯкон, адабиёт, фарҳанг

Дар мақола ба масъалаи ҳунару ҳунармандӣ, таърихи инкишофи он, санъати амалии халқӣ диққати махсус дода шуда, нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муфассал баррасӣ шудааст.

Қайд карда мешавад, ки санъати амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Шиносоӣ бо тадқиқоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурҷонов, Ю. Якубовский, М. Рӯзиев ва дигарон ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ва ривоҷу равнақ ёфтаанд. Инро дар мисоли тӯи арӯсию домодӣ, ки бидуни сӯзаниву рӯйҷое, ки ҳам кашидадӯзӣ ва ҳам қуроқдӯзӣ шудаанд, дастурхону ҷойнамоз ва дигар намунаҳои ҳунарҳои дастӣ барпо намешаванд, дидан мумкин аст.Инчунин муаллиф қайд менамояд, ки таҷассуми ҳунари кандакорону чӯбтарошонро дар сохтани табақу коса, кати миллӣ, сутунҳои зебо, маснуоти армуғонӣ, гаҳвораҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

 Роль народных традиций в возрождении народных промыслов

Ключевые слова: ремесленничество, традиции, наследство, вышивка, резьба по дереву, утварь, шёлк, ларёк, литература, культура

В статье уделено огромное внимание проблеме народных промыслов, истории и развитию народного творчества, а также отмечается важная роль национальных традиций в возрождении этих промыслов.

Следует подчеркнуть, что народное творчество и разнообразные его традиции занимают особое место в жизни народа и являются главным явлением в национальной культуре таджиков.

В ходе знакомства с исследованиями таких видных учёных, как Р. Масов, Н.Нурджанов, Ю. Якубовский, М.Рузиев и других можно прийти к выводу о том, что творчество, основанное на национальных традициях развивается.

Примерами могут служить свадебные сюзане, простыни, коврики для молитвы, скатерти, расшитые вручную, а также сшитые из лоскутков.

Также автор подчёркивает, что возрождение и развитие такого промысла, как резьба по дереву, можно увидеть в изготовлении блюд, касы, национальных топчанов, красивых колонн, подарочных изделий и колыбели.

The Role of National Traditions in National Crafts Revival

Keywords: craftsmanship, traditions, heritage, embroidery, woodcarving, utensils, silk, stall, literature, culture

In her article the author pays particular attention to the problem dealing with national crafts, history and development of folk creation and concerned with an important role of national traditions targeted at a revival of these crafts as well.

One should mention that folk creation and diversity of its traditions occupy an especial place beset with the life of people and are considered as the main phenomena in national culture of Tajiks.

In the course of acquaintance with the researches of such prominent scientists as R. Masov, N. Nurdzhanov, Yu. Yakubovsky, M. Ruziyev and others she comes to the conclusion that creativity develops being grounded on national traditions.

Wedding syuzanes, sheets, rugs for prayers, clothes embroidered dastarkhans are swen manually from shreds.

The author lays an emphasis upon the idea that both the revival and development of such trade as woodcarving can be seen in the production of dishes, cash desks, national trestle beds, beautiful columns, presents wares and cradles as well.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Дадобоева Муҳарам Наимҷоновна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Сведения об авторе :

Дадобоева Мухарам Наимджановна, кандидат педагогических наук, доцент кафедры технологии и методики её преподавания Худжандского государственного университета имени Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Information about the author :

Dadoboeva Muharam Naimjonovna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the department of technology and methods of its teaching under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …