Главная / Илм / ХУН — дар Канзи Шифо (Китоб)

ХУН — дар Канзи Шифо (Китоб)

xun-660x330Мизоҷи хуни ҳамаи ҳайвонот гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хуни ҳар як ҷонварро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад ва агар бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Агар онро бирён намуда бихӯранд, исҳолро мебандад, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад. Хуни боли кабӯтарро, ки нав пар бароварда бошад, ба чашм кашанд, шабкӯриро сиҳат мекунад.

Агар хун дар шикам ё дар даруни сина, ё дар рӯдаҳо, ё дар хичак шах шавад, кайфияти заҳр пайдо мекунад ва аз он рӯйдодҳои нохуш ба амал меоянд: борикии набз, сустии бадан ва беҳолӣ, пайдарпай беҳушшавӣ, хунукии дасту поҳо, гулӯгиршавӣ. Муолиҷаи ин монанди муолиҷаи шах шудани шир аст дар меъда, ки бо ошомидани панирмоя ислоҳ мегардад, хусусан 9 грамм панирмояро бо 25 грамм сиркои тунд ё ошомидани оби пудина бо сиканҷабини турш; нӯшидани обе, ки дар он тухми карафс ҷӯшонида шуда бошад, бо шахдоб (асалоб) аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …