Главная / Маданият ва санъат / Ҳуқуқи зан бар шавҳар

Ҳуқуқи зан бар шавҳар

Ҳамчунон ки шавҳаронро бар занон ҳақ аст, занонро низ бар шавҳарон ҳақаст. Мардон гумон накунанд, ки танҳо онҳо соҳибҳақанду халос. Хоҳарони азизи мо низ ҳақ доранл. Аҳкоми шариат бар зану мард одилона ҳукм мекунад.

Нависандаи китоб ба бародарону хоҳарони азиз муроҷиат менамояд, ки ҳуқуқҳои якдигарро одилона риоя намоянд, зеро аксари гуноҳу нофахмиҳо аз риоя накардани ҳуқуқи заношавҳарӣ пайдо мешавад.

Агар шумо, бародарону хоҳарони азиз, ҳуқуқи ҳамдигарро риоя намуда, ба гуфтаи китоб амал намоед, иншоаллоҳ байни шумо ҷангу ҷанҷол ҳаргиз pyx надода, дар дунёву қиёмат сарбаланду комёб хоҳад шуд.

Ҳуқуқи зан бар мард шашто аст, ки мард онҳоро бояд риоя кунад.

  1. Аввал он ки бо зан хушхӯй ва тозарӯй бошад. Ҳақ таъоло фармудааст, ки бо занон зисти хуб кунед то тангӣ набинанд. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд. ки мард агар дар рӯи зани худ ба рӯи тоза нигоҳ кунад, савоби озод кардани банда дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Агар табассум ба сӯи зан кунад, савоби ҳаҷи умра дар номаи аъмоли ӯ нависанд, агар канору бӯса кунад, савоби дӯстони Худоро ба ӯ нависанд. Агар он кори махсусро кунад, ҳар ду омурзида шаванд, агар чи гуноҳи бисёр дошта бошанд.
  2. Дуюм он ки ӯро кори берун нафармояд, то назари номаҳрамон бар вай наяфтад ва фасоде, ки аз ӯ ҳосил шавад, уболи он мардро бувад. Фармуданд Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам: ҳар касе, ки аз барои ҳоҷати зани худ саъй кунад, ки ӯ дар хона нишинаду номаҳрамонро назар бар вай наяфтад, ҳамчунон бошад, ки асирони уммати он ҳазрат салаллоҳу алайҳи ва саллам -ро харида озод карда бошад.
  3. Ҳаққи сеюм он ки илму адабу шариат ӯро биёмӯзад, аз фароизу воҷиботу илми ҳайзу нифосу намозу рӯза ва ғайра. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки сахттарин азоб дар рӯзи қиёмат касеро бошад, ки аҳли худро нодон гузорад ва умури дин ӯро наёмузад. Пас рӯзи қиёмат ҳар дуро сиёҳрӯй бар минбари оташин бинишонанд. Зан гӯяд, ки расво гардонад Худои таъоло туро, ҳамчунон ки дар дунё маро амри маъруфу наҳйи мункар накардӣ ва аз дунё ба сӯи уқбо рағбат надодӣ, то ҳам худро ҳалок кардӣ ва ҳам маро. Пас оташ онҳоро ба сӯи дӯзах барад.
  4. Ҳаққи чахорум он аст, ки ӯро таоми ҳалол диҳад ва либоси ҳалол пӯшонад. Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: гӯште, ки аз ҳаром рӯяд, оташ бар он авлотар аст.
  5. Ҳаққи панҷум он аст, ки дар нафақа ӯро наранҷонаду моли ӯро бе ичозати ӯ нахӯрад.
  6. Ҳаққи шашум он аст, ки ранҷе, ки аз он расад, сабру таҳаммул кунад, то савоб ёбад. Дар ҳадис омадааст: ба ривояти Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу аз Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам, ки фармудаанд: хар ки бе ваҷҳи шаръӣ зани худро бизанад, осӣ шавад ба Худованди таъоло ва Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …