Ҳуқуқи ҳайвонот
Бидон, ки хайвонотро бар одам хуқук аст. Онҳоро нигоҳ бояд дошт ва бар онҳо раҳм бояд кард, то Ҳак таъоло дар рӯзи қиёмат бар ту бибахшояд ва раҳм кунад, ки Расул (с) фармуд: раҳм кун, то бар ту раҳм карда шавад.
Аммо ҳаққи чаҳорпоён бар ту он аст, ки онҳоро бори вазнин бор накунӣ, ки ба ҳақиқат ба худ бор ниҳодаӣ ва онҳоро кори сахт мафармой ва зарбу лати нолоиқ макун ва гуруснаву ташна магузор, ки онҳоро забони гуфтор нест. Пас онҳоро азиз бояд дошт.
Савол: ҳикмат чист, ки Ҳақ таъоло инсонро гӯёӣ доду онҳоро мӯҳри хомӯшӣ бар даҳон ниҳод?
Ҷавоб он аст, ки одами ба ҷинси худ муҳточ аст дар бисёр
чиз. Мӯҳтоҷ ба нутқ буд, ӯро гӯёӣ дод. Аммо ҳайвонот ба ҷинси худ муҳтоҷ набуданд, зеро ки пӯстин ва мӯза ва ҳама асбоб бо худ доранд. Пас муҳтоҷ ба нутқ набуданд, онҳоро аз ин ҷиҳат гӯёӣ надод.
Ҳикоят. Нақл аст, ки фардои қиёмат бандаеро ҳукм ба дӯзах шавад, фариштагон ӯро ба сӯи дӯзах кашанд; ногоҳ мӯри заъиф ба пеш ояд ва ӯро бишносаду гӯяд: Худовандо, дар ҳақки ин банда гувоҳӣ дорам, ту донотарӣ, ки рӯзе ин банда маро дар роҳе пеш омад ва қадами худ аз ман нигоҳ дошт. Ва бар ман раҳм кард ва маро ҳалок ва хаста накард. Худовандо, имрӯз дармондааст, ӯро ба ман бахш.
Фармон шавад, ки эй малоика, даст аз ин бандаи ман бидоред, ки ӯро бад-ин мӯри заъиф бахшидам.
Пас фармон дихад, ки ӯро ба биҳишт баранд, то бидонӣ, ки ранҷи касе бар ин даргоҳ зоеъ нашавад. Он гоҳ он мӯр гӯяд, эй бандаи Худой, шармат бод, ки муддати ҳафтод сол дар миёни мусулмонон будӣ ва амале накардӣ, агар имрӯз шафоъати ман набудӣ, туро ба дӯзах мебурданд.
Оҳ, аз ин амалҳои бонуксону ботақсиру бе ихлоси мо, магар ба фазли Худованд буду халос.
Илоҳо, бар ҳамаи мо раҳмат фармоӣ.