Главная / Биология / Ҳукмронии пӯшидатухмон дар замони ҳозира

Ҳукмронии пӯшидатухмон дар замони ҳозира

Дар байни дигар гурӯҳи растаниҳо пӯшидатухмон ё растаниҳои гулдор дар рӯи Замин васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар ҷангалу буттазорҳо, марғзору даштҳо, боғу киштзорҳо, дар биёбонҳои сӯзону қуллаи кӯҳҳои осмонбӯс, дар ботлоқу обанборҳо, хулоса, дар тамоми рӯи Замин паҳн шудаанд. Нисбати дигар гурӯҳҳои растаниҳо (аз ҷиҳати пайдоишашон) пӯшидатухмон хеле ҷавон мебошанд. .

Ба ақидаи олимони соҳаи ботаника пӯшидатухмони аввалин тақрибан 125 — 130 миллион сол муқаддам аз растаниҳои лучтухм пайдо шудаанд. Онҳо дар як давраи начандон тӯлонӣ инкишоф ёфта, ҳукмрони рӯи Замин гардидаанд ва мавқеи дигар растаниҳоро (сарахсҳо, мунмунаҳо, чилбандҳо), ки то онҳо дар табиат хеле паҳг шуда буданд, танг намуданд. Тақрибан 75 миллион сол пеш аз и аллакай бисёр намояндагони оилаҳо ва ҳатто авлодҳои растаних гулдор нашъунамо доштанд.

Гулхои ТочикистонСаволе пайдо мешавад, ки чаро пӯшидатухмон дар муддати начадон калон дар байни дигар растаниҳо ҳукмрони табиат гардиг Сабаби ин то алҳол яке аз аломатҳои махсус ва барои пӯшидатухмон ниҳоят фоиданок, ин пайдошавии гул ва дар онҳо мавҷуд будани тухмдон ва ғӯра аст. Ғӯра тухммуғҷаро аз нобудшавӣ муҳофизат мекунад.

Аломати дигари хоси пӯшидатухмон тавассути ҳашарот аз гули як растанӣ бурда шудани гард ба гули дигар растанӣ мебошад. Чунин тарзи гардолудшавиро — гардолудии дутарафа мегӯянд. Ин ҳодиса дар инкишофи таърихии (эволютсияи) гул ва ҳам дар эво- лютсияи ҳашарот инъикоси худро дорад.

Ба паҳншавии пӯшидатухмон як қатор тағйиротҳои геологӣ (ма- салан, кӯҳпайдошавӣ ва ба ақиб баргаштани бахру уқёнусҳо) сабаб гардидаанд.

Ба ақидаи профессор М. Голенкин дар нимаҳои давраи бӯр бо сабаби кадом ҳодисаи номуайяни кайҳонӣ дар тамоми сатҳи рӯи Замин якбора шиддати рӯшноии офтоб зиёд гардида, намнокии ҳаво хело паст шудааст. Абрҳои ғафс, ки пеш сатхи заминро фаро гирифта буданд, пароканда шуда, рӯшноии офтоб ба замин бештар мерасид. Анбӯҳи растаниҳои дараҷаи олӣ (сарахсҳо, мунмунаҳо, чилбандҳо ва дигарҳо), ки то ин давра ҳукмронӣ доштанд, акнун ба шароити рӯшноии шиддатноки офтоб ва ҳавои хушк худро бо зудӣ мутобиқ карда натавонистаид ва тадриҷан нобуд шуданд ё миқёси паҳншавии онҳо хеле маҳдуд шуд. Пӯшидатухмон, ки то ин давра паҳншавиашон маҳдуд буд, худро бо зудӣ ба шароити муҳит мутобиқ карда, дар тамоми гӯшаю канори кураи Замин паҳн гардида, хукмрони ягонаи он гардиданд.

Растаниҳои аввалини пӯшидатухм дарахтони начандон калон- шакли шохаронда буданд. Сонитар, аз ин растанихои дарахтӣ растаниҳои буттагӣ, нимбутта ва алафии бисёрсола ё яксола пайдо шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки инкишофи таърихии пурраи ола- ми ҳайвонот (хусусан, ширхӯрҳо ва паррандаҳо), пайдоиши инсон ҳам ба пайдоиш ва инкишофи растаниҳои гулдор (пӯшидатухмон) алоқаи зич дорад. Зеро то пайдо шудани растаниҳои гулдор дар рӯи Замин маводи ғизоӣ ниҳоят кам буд. Танҳо тухм ва пояи баъзе намудҳои лучтухмон, поярешаи 2 — 3 хели сарахсшаклон наме- тавонист барои ширхӯрон ва паррандагон манбаи кафолатноку асосии хӯрок бошад.

Дар байни растаниҳои гулдори ҳозира гурӯҳҳои гуногуни растаниҳое ҳастанд, ки дар шароитҳои барои сабзиш ниҳоят номусоиди минтақаҳои хунуки Арктика, биёбонҳои тафсони регзор ва шӯразаминҳо месабзанд. Баъзе намудҳои дигари растаниҳои пӯшидатухм дар муҳити обҳои ширини кӯлу обанборҳо ва қариб 30 намудашон бошанд, дар обҳои шӯри баҳрҳо маскан доранд.

Пӯшидатухмон барои ба вуҷуд овардани манбаи асосии мод- даҳои органикӣ мақоми ниҳоят баланд доранд. Бар замми ин онҳо гардиши босуръати моддаҳоро дар табиат таъмин мекунанд.

Дар ҳаёти инсон пӯшидатухмон дорои аҳамияти нихоят калон мебошанд. Ҳамаи растаниҳои кишта мансуби пӯшидатухмонанд. Зиёда аз 1000 хели растанихои пӯшидатухм мазрӯӣ карда шудаанд ва ба мақсадҳои гуногун парвариш карда мешаванд. Тақрибан 30000 хели растаниҳои пӯшидатухмро инсон истифода мебарад. Би- сёрии онҳо растаниҳои хӯрокӣ, давоӣ, техникӣ, хӯроки чорво, ороишӣ ва ғайраҳо мебошанд.

  1. Растаниҳои гулдор кай ва аз кадом гуруҳи растаниҳо пайдо шудаанд?
  2. Пеш аз пӯшидатухмон кадом гурӯҳи растаниҳо дар рӯи Замин ҳукмрон буданд?
  3. Кадом сабабҳо боиси ба таври маҳдуд сабзидани сарахсҳо, мунмунаҳо ва чилбандҳо гардиданд?
  4. Аломатҳои махсуси фарқкунандаи пӯшидатухмон кадомҳоянд?
  5. Кадом омилҳо боиси дар рӯи Замин ҳукмрон гардидани пӯшидатухмон гардиданд?
  6. Растаниҳои пӯшидатухм чӣ аҳамият доранд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …