Главная / Биология / ҲУҶАЙРАҲОИ ЭУКАРИОТӢ

ҲУҶАЙРАҲОИ ЭУКАРИОТӢ

Ба ҳуҷайраҳои эукариотӣ организмҳои дараҷаи ташаккулашон гуногун – аз соддатаринҳо то растаниҳои дараҷаи олӣ ва ҳайвонот мансубанд (расми 5.4). Дар расм намояндагони ҳуҷайраҳои эукариотӣ, аз ҷумла, якҳуҷайрагиҳо (14-амёба, 15-сувойки, 16-эвгленаи сабз), ҳамчунин организм-ҳои серҳуҷайраи набототӣ (1-6) ва ҳайвонот (7-13) акс ёфтаанд.

Албатта, дар табиат ҳуҷайраи ҳамабоб мавҷуд нест, вале ҳамаи ҳуҷайраҳои эукариотӣ гомологӣ буда, барои навъҳои гуногуни онҳо сохти умумӣ хос аст . Ҳар ҳуҷайра аз ду қисми бо ҳам алоқаманд, яъне ситоплазма ва ҳаста иборат мебошад.

1000

Ситоплазма

Дар ситоплазма органоидҳои гуногун ҷой гирифтаанд ва ҳар яки онҳо хосиятҳои худро дошта, дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҳуҷайра иштирок мекунанд.

Ба ибораи дигар, ҳар яке аз органоидҳо дорои вазифаҳои муайянанд. Баъзе органоидҳо барои ҳамаи ҳуҷайраҳо хосанд, масалан, митохондрия, маркази ҳуҷайра, аппарати Голҷӣ, рибосомаҳо, тури эндоплазмавӣ, лизосомаҳо. Ҳамчунин, органоидҳое мавҷуданд, ки фақат ба ҳуҷайраҳои муайян хосанд, чунончи: миофибриллҳо, мижгонакҳо ва ғайра.

Ҳамин тавр, органоидҳо қисми таркибӣ ва доимии ситоплазмаи ҳуҷайраанд. Дар ситоплазма, инчунин, моддаҳои гуногун, ба ном ҳиссачаҳо мавҷуданд. Онҳоро сохторҳои тағйирёбандаи ситоплазма меноманд (баъзан ба ин гурўҳ ҳастаро низ дохил мекунанд) ва фарқашон аз дигар органоидҳо дар он аст, ки дар ҳаёти ҳуҷайра гоҳ пайдо ва гоҳ нест мешаванд.

Ҳиссачаҳои дуруштро гранула ва обакиро вакуол меноманд. Дар ҷараёни ҳаёт дар ҳуҷайра маҳсули мубодилаи моддаҳо дар шакли пигментҳо, сафедаҳои гранулӣ ва дар ҳуҷайраи ҷудокунанда моддаҳои захиравӣ дар шакли доначаҳои гликогенӣ, зарраҳои равған ҷамъ мешаванд.

Асоси ташаккули сохтори ҳуҷайраро қонунияти сохтори мембранавӣ ташкил мекунад. Пас, маълум мегардад, ки ҳуҷайра асосан аз мембрана ташкил ёфтааст ва ҳамаи мембранаҳо сохтори якхела доранд. Дар замони ҳозира модели сохтори мембранавӣ қабул шудааст (расми 5.6).

Расми 5.5. Сохти ҳуҷайраи эукариотҳо:

А – ҳайвон, Б – растанӣ, 1 – ҳаста бо ҳиссача, 2 – мембранаи ситоп-

лазма, 3 – девораи ҳуҷайра, 4 – плазмодесма, 5 – тури эндоплазмавӣ,

6 – вакуоли пиноситозӣ, 8 – аппарати Голҷӣ, 9 – лизосома, 10 – қат-

раҳои равған, 11 – сетриол, 12 – митохондрия, 13 – полирибосома,

14 – вакуол, 15 – хлоропласт.

Вобаста ба ин мембранаи биологӣ аз ду қабати липидӣ иборат буда, дар умқҳои гуногуни берунӣ ва дарунӣ молекулаҳои бисёр ва гуногуншакли сафеда ҷой гирифтаанд. Мембранаи берунаи ситоплазма қабати болои ҳуҷайраро ташкил мекунад.

Ин қабат дар ҳамаи ҳуҷайраҳо вуҷуд дошта, маҳсулоти ситоплазмаро аз муҳити беруна ҷудо менамояд. Қабати болоии ҳуҷайраи зинда доимо дар ҳаракат аст, дар вай чинҳо пайдо шуда, ҳаракати мавҷмонанд ба амал меояд. Агар ба қабати болои ҳуҷайра нигарем, мебинем, ки таркиби он гуногун буда, сохтори болояш якхела нест, аз ҷумла, хосияти физиологии он низ фарқ мекунад. Ҳамин тавр, қабати болои мамбранаи ҳуҷайра аз ҷиҳати морфологӣ ва физиологӣ махлут мебошад. Қабати болои ҳуҷайра нисбатан устувор буда, қисми осебёфтаро зуд барқарор мекунад. Болои пардаи ҳуҷайра яклухт нест. Дар мембранаи ситоплазмавӣ сўрохиҳои хурд вуҷуд доранд, ки ба воситаи онҳо ба даруни ҳуҷайра тавассути ферментҳо, ионҳо ва молекулаҳои хурд ворид мешаванд. Ғайраз ин, ионҳо ва молекулаҳои хурд метавонанд бевосита аз мембрана ба даруни ҳуҷайра дохил шаванд.

Ионҳо ва молекулаҳо ба ҳуҷайра на бо роҳи ғайрифаъоли диффузиявӣ, балки бо роҳи фаъоли нақлӣ дохил шуда, дар ин маврид энергия сарф мегардад. Ҳаракати моддаҳо интихобӣ буда, баъзе моддаҳо аз мембрана ба осонӣ мегузаранд, моддаҳои дигар бошанд, дар он дар мемонанд.

Ҳамин тавр, консентратсияи иони К дар ҳуҷайра нисбат ба муҳити берунаи он баланд аст. Вале консентратсияииони Nа +дар маҳлули байниҳуҷайрагӣ зиёд мебошад. фагоситозии ба ҳуҷайра дохил шудани моддаҳо ва заррачаҳо низ мавҷуд аст (расми 5.7). Мембранаи ҳуҷайра шакли фурўхамидаро гирифта, дар ҷўяки пайдошуда гўшакҳо бо ҳам мечаспанд ва моеъ (дар ҳолати пиноситоз) ё заррачаҳо (дар ҳолати фагоситоз)-ро ба дарун мекашанд.

Пиноситоз яке аз роҳҳои муҳим ва механизми асосии воридшавии моддаҳои калонмолекула ба ҳуҷайра мебошад.

Андозаи вакуоли пиноситозӣ 0,01 то 1,2 мкм аст (1,2,3). Баъди чанд муддат вакуоли пиноситоз бо даруни ситоплазма дохил мешавад.

Байни вакуолаҳои воридшуда, ки моддаҳои гуногунро бо ҳуҷайра дохил мекунанд ва лизосомаҳо, ки ферментҳои ин моддаҳоро ҳазм менамоянд, алоқаи махсус вуҷуд дорад.

Ҳамин тавр, тамоми сикли ҳазми ғизои дохилиҳуҷайравӣ аз чор даври паиҳам иборат аст: дохил шудани моддаҳо бо роҳи пино-ё ки фагоситоз, таҷзия шудани онҳо зери таъсири ферментҳои лизосома; гузаронидани моддаҳои таҷзияшуда ба ситоплазма (дар натиҷаи тағйир ёфтани қобилияти гузаронандагии мембарани вакуолҳо); ихроҷ кардани боқимондаҳои ҳазмнашуда. Худи вакуолҳо бошанд, маҳв шуда ба зарраҳои хурди ситоплазма табдил меёбанд.

Мембранаи ситоплазмавӣ вазифаи дигарро низ иҷро мекунад, масалан, алоқаи байни ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои организмҳои серҳуҷайраро таъмин менамоянд.

Тўри эндоплазмавӣ

Тўри эндоплазмавӣ яке аз ҷузъҳои ситоплазмаи ҳуҷайра буда, аз ҷўякҳо ва шохчаҳо иборат аст. Он ядроро иҳота карда, мембранаи худро дорад.

Дар ҳуҷайраҳое, ки мубодилаи моддаҳояшон зиёд аст, адади ҷўякҳои тўр хеле бисёранд. Ба ҳисоби миёна аз 30 то 50% ҳаҷми ҳуҷайраро тури эндоплазмавӣ ташкил мекунад.

Мембранаи тўри эндоплазмавӣ ду шакл дорад: ҳамвор ва чиндор. Дар мембранаи ҳамвори тури эндоплазмавӣ асосан системаи ферментҳо мавҷуд аст, ки дар мубодилаи чарбҳо ва ангиштобҳо иштирок мекунанд. Чунин мембрана бештар дар ғадудҳои равған дучор меояд ва синтези чарбҳоро ба роҳ мемонад. Дар ҳуҷайраҳои ҷигар бошад, синтези гликоген ва инчунин дар ҳуҷайраҳое, ки захираи моддаҳои ғизои бисёр дошта (тухми растаниҳо) вомехўранд.

Вазифаи асосии мембранаи чиндори тўри эндоплазмавӣ синтези сафедаҳо аст, зеро рибосомаҳо дар мембрана шакли чинро гирифта, дар он часпидаанд.

Ба воситаи ҷўякҳо моддаҳо ҳаракат мекунанд, аз ҷумла, моддаҳое, ки дар мембрана синтез мешаванд. Мембранаҳои тури эндоплазмавӣ вазифаи дигарро низ иҷро мекунанд, яъне фазаи ферментҳоро аз ҳам ҷудо месозанд, ки ин барои фаъолияти мутассили онҳо дар реаксияҳои биохимиявӣ зарур аст.

Ба ҳамин минвол, тўри эндоплазмавӣ системаи умумии мубодилаи моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ буда, бо ҷўякчаҳои он моддаҳо ҳаракат мекунанд, дар мембранаи ин ҷўякчаҳо ферментҳо ҷой гирифта, фаъолияти ҳуҷайраро ба роҳ мемонанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …