Главная / Биология / ҲУҶАЙРАҲОИ ПРОКАРИОТӢ

ҲУҶАЙРАҲОИ ПРОКАРИОТӢ

Яке аз намояндаҳои ҳуҷайраҳои прокариотӣ бактерияҳо мебошанд. Бактерияҳо дар ҳама ҷой – ҳаво, об, замин, хўрокворӣ, зери хок, уқёнус, қуллаи кўҳҳо, дар қаъри яхҳои Арктикӣ ва Антарктика, обҳои зеризаминии гарм, қабати болои атмосфера вомехўранд. Новобаста аз сохти содда, бактерияҳо қобилияти баланди мутобиқат доранд.

5-3

Бактерияҳо яке аз шаклҳои соддаи ҳаёт буда, ба типии мавҷудоти зиндаи қадимӣ дохил мешаванд ва дар ибтидои аввали тараққиёти ҳаёт дар рўи замин пайдо шудаанд.

Гумон меравад, ки нахуст бактерияҳо дар баҳрҳо зиндагӣ мекарданд ва мумкин аз онҳо микроорганизмҳои ҳозира пайдо шудаанд. Инсон бо олами микробҳо фақат дар асри ХVII шиносоӣ пайдо кард, зеро дар ҳамин давра заррабин (линза) ихтироъ гардид ва бо ёрии он ҷисмҳои ба чашм ноаёнро дидан мумкин буд. Тараққиёти минбаъдаи техника дар асрҳои оянда имконият дод, ки бактерияҳо ва дигар организмҳои прокариотиро ҳаматарафа омўзанд. Агар ба хусусияти сохти ҳуҷайраи бактерияҳо нигарем, гуногуншаклӣ ба назар мерасад (расми. 5.1). Аз ҷумла, андозаи ҳуҷайраи бактерияҳо хеле ҳам гуногун мебошанд (аз 1 то 10-15 мкм).

Вобаста ба шакл, онҳоро ҳуҷайраҳои доирашакл, қоқи дарозрўя, чўбчамонанд, печхўрда, спиралӣ (расми 5.2) меноманд.

Бактерияҳо вобаста ба намуд танҳо, баъзеашон дар шакли тўда зиндагӣ мекунанд. Масалан, стрептоккокҳо дар одам ва ҳайвон бемориҳои илтиҳобиро ба вуҷуд оварда, дар шакли занҷир аз чанд ҳуҷайраҳои бактериявӣ ташаккул ёфтаанд; стафилаккокҳо ба роҳи нафаси кўдакон сироят карда, дар шакли хўшаи ангур инкишоф меёбанд.

Вобаста ба хусусияти физиологӣ бактерияҳо гуногун мешаванд. Онҳо метавонанд дар ҳолати аэробӣ (бооксиген), анаэробӣ (беоксиген) ва ё дар ҳарду ҳолат ҳаёт гузаронанд. Манбаи энергия барои онҳо равандҳои нафаскашӣ, туршонидан ё фотосинтез маҳсуб меёбанд. Бисёр намуди онҳо дорои пигментҳои гуногун мебошанд. Бештари бактерияҳо дар организми ҳайвонот ва растаниҳо сукунат карда, онҳоро ба бемориҳо гирифтор менамоянд. Вақтҳои охир муқаррар гардид, ки баъзе бактерияҳо дар бактерияҳои дигар паразитӣ мекунанд.

Бактерияҳо ҳаста (ядро) надоранд ва ахбори ирсӣ дар як хромосома ҷой гарифтааст. Хромосомаи бактерия аз як малекулаи КДН иборат буда, шакли ҳалқаро дорад ва дар ситоплазма ҷойгир шудааст. КДН-и бактерияҳо маҷмўаи сафедаҳоро надорад. Бинобар ин, бештари ҳиссачаҳои ирсӣ, яъне генҳо, ки дар хромосомаҳо ҷойгиранд, дар ҳолати фаъол қарор дошта, аз онҳо пайиҳам ахбори ирсӣ нусхабардор мешавад. Ҳуҷайраи бактерияҳо бо парда (мембрана) иҳота шудааст (расми 5.2), ки ситоплазмаро, аз девори ҳуҷайра ҷудо мекунад. Дар ситоплазма ҳиссаи мембрана кам аст; дар он рибосомаҳо ҷой дошта, сафедаро синтез мекунанд.

Нақшаи сохти ҳуҷайраи прокариотҳо Ҳамаи ферментҳое, ки дар рафти фаъолияти бактерияҳо ширкат доранд, дар ситоплазма дар шакли диффузӣ паре-

шон мебошанд ё ба мембранаи дарунӣ часпидаанд. Дар бисёр микроорганизҳо моддаҳои захиравӣ дар шакли полиангиштобҳо, чарбҳо ва полифосфатҳо дар даруни ҳуҷайра ҷамъ меоянд. Ин моддаҳо дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо ба бактерияҳо дохил шуда, дар мавриди набудани энергияи берунӣ ҳаёти онҳоро таъмин месозанд.

Афзоиши бактерияҳо бо роҳи тақсимшавӣ аст. Тақсимшавӣ баъди дучанд гаштани хромосомаи ҳалқагӣ ва дароз шудани ҳуҷайра оғоз ёфта, тадриҷан пардаи мобайнӣ ва сипас, ҳуҷайраҳои духтарӣ ташаккул меёбанд.

Баъзан бактерияҳо бо роҳи ҷинсӣ меафзоянд ва дар натиҷа омезиш (комбинатсия)-и нави генҳо дар хромосомаи бактерияҳо ба вуҷуд меоянд. Аксари бактерияҳо спора меофаранд. Спораҳо ҳамон вақт пайдо мешаванд, ки агар захи-

раи моддаҳои ғизоӣ кам гардад ё дар муҳити зист миқдори маҳсули мубодила аз меъёр зиёд аст.

Ташаккули спора дар шакли танобак дар қисми ситоплазмаи ҳуҷайраи модарӣ оғоз ёфта, он бо мембрана иҳота шудааст.

Баъдан спора бо пардаи ҳуҷайравӣ иҳота мешавад. Гоҳо ин парда серқабат мебошад. Ҳамин тавр, ҷараёни фаъолияти ҳаёт дар спора қатъ мегардад. Спораи бактерияҳо дар ҳолати хушкӣ хеле устуворанд.

 Дар ин мавридҳо спора қобилияти ҳаётии худро садҳо ва ҳазорҳо сол нигоҳ дошта, гармову сарморо аз сар мегузаронад. Ба ин гуфтаҳо спораҳое, ки аз қабрҳои кўҳна ёфт шудаанд, шаҳодат медиҳанд (му-миёи қадимаи мисриҳо, захираи маҳсулоти хурокӣ дар ғорҳо). Чунин спораҳо, агар дар шароити мусоид ҷой ёбанд, ба ҳуҷайраҳои бактерияҳои фаъол мубаддал мегарданд.

Олимон микроорганизмҳоро аз спораҳои яхбастаи 10-12 ҳазор сола парвариш кардаанд.

Ҳамин тавр, ҳосилшавии спора дар прокариотҳо яке аз зинаҳои ҳаёт буда, шароити ногувори муҳити берунаро аз сар мегузаронад. Fайр аз ин, ҳолати спорагӣ имкон медиҳад, ки онҳо ба воситаи бод ва омилҳои дигар паҳн шаванд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Органоидҳои ҳуҷайраро номбар кунед.
  2. Дар кадом асос ҳамаи организмҳои зиндаро ба ду гурўҳ, яъне прокариотҳо ва эукариотҳо ҷудо мекунанд?
  3. Кадом организмҳо ба прокариотҳо дохил мешаванд?
  4. Сохти ҳуҷайраи бактерияро шарҳ диҳед.
  5. Батерияҳо чӣ гуна афзоиш меёбанд?
  6. Муҳити спораҳосилшавии бактерияҳо дар чист?

Истилоҳот:

  1. Мезосома – қисми берунаи мембранаи ситоплазма.
  2. Микоплазмаҳо – шакли нисбатан соддаи намояндаи про- кариотҳо, ки пардаи ҳуҷайраро надоранд.
  3. Спораҳосилшавӣ – зинаи ҳаёти прокариотҳо, ки бо номусоидии муҳит вобаста аст.
  4. Сианобактерияҳо – организмҳои прокариотии қобили фотосинтез, ки дар баъзеи онҳо маҷмўаи пигментии ба растаниҳои дараҷаи олӣ хос вуҷуд дорад.
  5. Археобактерия – прокариотҳое, ки хусусиятҳои қадимаи худро нигоҳ доштанд.
  6. Хромосомаи ҳалқагӣ – маводи ирсии ҳуҷайраҳои прокариотӣ, ки КДН дар шакли молекулаи ҳалқагӣ мавҷуд аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …