Главная / Биология / ҲУҶАЙРА – ТАШАККУЛИ ХИМИЯВИИ ОН

ҲУҶАЙРА – ТАШАККУЛИ ХИМИЯВИИ ОН

Ба таркиби ҳуҷайра тақрибан 70 элементи химиявии Системаи даврии элементҳои Д.И.Менделеев дохил мешаванд, ки онҳо дар табиати ғайризинда низ дучор меоянд. Ин яке аз далелҳои ягонагии табиати зинда ва ғайризинда аст. Лекин таносуби элементҳои химиявӣ ва аҳамияти онҳо дар офаридани моддаҳои ташкилкунандаи организми зинда, ҳамчунин, дар ҳар кадом объекти табиати ғайризинда тафоввут доранд.

Олимон ва тадқиқотчиён дар бораи хусусиятҳои хоси ташкилёбии химиявии организмҳои зинда аз замонҳои пеш маълумот доданӣ мешуданд. Ботадриҷ дар бораи таркиби химиявии ҳуҷайра маълумоти илмӣ ба вуҷуд омад. Вобаста ба миқдори элементҳои химиявии таркиби моддаҳо, ки организми зиндаро ташкил медиҳанд, чанд гурўҳ атомҳо ҷудо карда шудааст. Гурўҳи якум (қариб 98%-и массаи ҳуҷайра)-ро чор элемент: гидроген, оксиген, карбон ва нитроген ба вуҷуд меоранд. Онҳо макроэлементҳо номида мешаванд.

Қисмҳои асосии таркибии ҳамаи пайвастагиҳои органикӣ аз ҳамин элементҳо иборатанд. Гурўҳи дуюмро дар якҷоягӣ ду элементи химиявӣ–сулфур ва фосфор ташкил менамоянд, ки қисми зарурии таркибии молекулаи полимерҳои биологӣ (аз юнонӣ, polys-бисёр; mеros-қисм) – сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинат мебошанд; онҳоро биоэлементҳо меноманд.

hujaira

Ба таркиби ҳуҷайра(Клетка ба русси)  ғайр аз фосфор ва сулфур, боз ба миқдори кам шаш элементи дигар: калий, натрий, калсий, магний, оҳан ва хлор дохил мешаванд. Ҳар яке аз онҳо дар ҳуҷайра вазифаи муҳимро иҷро менамоянд. Масалан, натрий, калий ва хлор қобилияти гузаронандагии мембранаи ҳуҷайраро барои моддаҳои гуногун ва гузаронидани импулсҳоро ба нахҳои асаб таъмин месозанд. Калсий ва фосфор дар ташкили моддаи байниҳуҷайравии бофтаҳои устухон иштирок мекунанд. Ба ғайр аз ин, калсий яке аз омилҳоест, ки аз он лахтабандии мўътадили хун вобастагӣ дорад. Оҳан ба таркиби гемоглобин-сафедаи эритроситҳои хун дохил аст.

Он дар гузаронидани оксиген аз шуш ба бофтаҳо иштирок менамояд. Магний бошад, дар ҳуҷайраи растанӣ ба таркиби хлорофилл-пигменти сабз, ки сабаби фотосинтез мегардад, дохил мешавад. Дар ҳайвонот магний дар таркиби катализаторҳои биологӣ-ферментҳо, ки дар табаддулоти биохимиявӣ иштирок менамоянд, вуҷуд дорад.

Ҳамаи элементҳои боқимонда (руҳ, мис, йод, фтор ва ғайра) – гурўҳи сеюмро ташкил намуда, дар ҳуҷайра ба миқдори хеле кам мавҷуданд. Ҳиссаи умумии онҳо 0,02%-и массаи ҳуҷайраро ташкил мекунад. Бинобар ин, онҳоро микроэлементҳо номидаанд. Аммо ин чунин маъно надорад, ки микроэлементҳо барои организм аҳамияти кам доранд.

Микроэлементҳо низ барои организми зинда ниҳоят муҳимманд, вале ба таркиби он хеле кам дохил мешаванд. Масалан, руҳ ба таркиби молекулаи гормони ғадуди зери меъдаинсулин дохил шуда, дар танзими мубодилаи ангиштобҳоиштирок менамояд. Йод-қисми таркибии зарурии тироксингормони ғадуди сипаршакл буда, суръати мубодилаи моддаҳои ҳамаи организмро дар шакли том ва нумўи онро дарраванди инкишоф идора менамояд.

Ҳамаи элементҳои химиявии номбурда, дар бунёд намудани организм ба шакли ионҳо ё ба таркиби ин ё он пайвастагиҳо–молекулаи моддаҳои ғайриорганикӣ ва органикӣ иштирок мекунанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …