Главная / Илм / Хотираҳои компютери фардӣ

Хотираҳои компютери фардӣ

Фармонҳо ва маълумотҳое, ки бо системаҳои компютер таҳия мешаванд, дар қисми хотира нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамаи компютерҳо чунин хотираро доранд. Чӣ қадаре, ки хотира бисёр бошад ҳамон қадар фармонҳо ва маълумотҳо дар он бисёр нигоҳ дошта мешаванд.

Ченаки хотира бо байтҳо ҳисоб карда мешавад.

166265_1560250641_0

Дар ҳаёти ҳаррўзаамон мо аз рақамҳои:

0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 истифода мебарем, ки инро системаи ҳисобкунии даҳӣ меноманд. Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ омода  мешавад.  Тамоми  компютерҳои фардӣ дар системаи ҳисобкунии дуӣ кор мекунанд, ки он бо 0 ва 1 ифода карда мешавад. ва онҳоро бит меноманд. Барои ададро ба системаи ҳисобкунии дуӣ ифода намудан чунин амалиёт гузаронида мешавад:

(45)10=(x)2

Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки қиматҳои ададии 0 ва 1-ро қабул мекунад. Воҳиди бузургтари ахбор байт, килобайт, мегабайт, гигабайт, петабайт  ва терабайт  мебошад.

Пас, адади 45 аз системаи ҳисобкунии даҳӣ дар системаи ҳисобкунии дуӣ ба 101101 баробар аст. Ҳашт бит ба як байт баробар аст. Пас

  • 210 байт баробар ба 1 килобайт,
  • 1 килобайт баробар ба 1024 байт,
  • 1 мегабайт баробар ба 1024 килобайт,
  • 1 гигабайт баробар ба 1024 мегабайт,
  • 1 терабайт баробар ба 1024 гигабайт,
  • 1 петабайт баробар ба 1024 терабайт.

Дар бисёрии компютерҳои фардии ҳозиразамон хотираи дорои на камтар аз 512 мегабайт васл карда шудаанд.

Расми хотираи компютер

Дар бисёри ҳолатҳо мо бо компютерҳои дорои хотираи 1 гигабайт ва аз он зиёдтар вомехўрем.

Қайд кардан зарур аст, ки солҳои 2009-2010 бо компютерҳое вомехўрем, ки хотираашон ба 1-4 гигабайт баробар аст.

Барои бо барномаҳои бисёр бо суръати баланд кор кардан    бояд компютер хотираи калонтар (зиёдтар) дошта бошад. Ба хотираи компютер  метавонем боз хотира зам намоем, яъне метавонем онро васеъ намоем. Агар зудии хотира хурд бошад, яъне хотираи компютер аз 512 мегабайт камтар бошад,  дар протсессори ин компютерҳо амалиётҳо сусттар  иҷро карда  мешаванд. Шумо мехоҳед, ки дар вақти кор кардан бо компютер на бо як барнома, балки бо 3-4 барнома кор кунед. Дар ин ҳолат суст ё тез будани хотираи компютер ба Шумо маълум мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …