Главная / Гуногун / Хотима ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ

Хотима ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ

11 ноябри соли 1918 сарфармондеҳи артиши Фаронса маршал Фош дар стансияи Ротонд, воқеъ дар ҷангали Компъен, дар вагони худ вакилони Германияро қабул намуда, шартҳои Созишномаи сулҳро ба онҳо пешниҳод кард. Вакилони Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузоштанд. Соати 11 пагоҳии ҳамон рӯз дар ҳаман ҷабҳаҳо оташбас эълон карда шуд. Бо ҳамин Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба охир расид.

armistice-day_00012

Мувофики шартномаи сулҳ Германия вазифадор карда шуд, ки дар зарфи 15 рӯз ҳамаи сипоҳиёни худро аз Фаронса, Белгия, Люксембург, Туркия, Руминия, Австро-Венгрия, аз соҳилҳои чапи дарёи Рейни Германия ва мустамликаҳои африкавӣ барорад. Инчунин Германия бояд як қисми лавозимоти ҳарбӣ, 5 ҳазор паровоз, 150 ҳазор вагон, 5 ҳазор мошини боркаш ва ғайраро ба Антанта бидиҳад. Лашкари Антанта дар Германия “ҳар қадар зарур бошад, ҳамон қадар истад”. чунин навишта шуда буд, дар шартҳои созишномаи сулҳ.

Сарфи назар аз он ки Германия ба чанг тайёрии хуб дида буд, ҳамроҳи иттифоқчиёнаш шикаст хӯрд. Империяҳои Туркия, Австро-Венгрия ва Германия аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шуданд.

Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки империалистон тайёр карда буданд, ба сари мардуми ҷаҳон бадбахтиҳои зиёде овард. Шумораи ҳалокшудагон зиёда аз 10 миллион ва маъюбон қариб 20 миллион нафарро ташкил карданд. Ин ҷанг аз се як ҳиссаи бойгарии миллии давлатҳои асосии чангкунандаро нест кард. Хароҷоти умумии ҷанг тахминан 80 миллиард доллари америкоиро ташкил намуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …