Главная / Биология / Хосиятҳои умумиии системаи асаб

Хосиятҳои умумиии системаи асаб

Аҳамияти системаи асаб. Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли муҳим мебозад. Вай кори доимии ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва системаи онҳоро таъмин мекунад. Бо мавҷудияти ин система организм бо муҳити беруна алоқаманд аст.

Фаъолияти системаи асаб ба ҳиссиёт, таълим, хотир, нутқ, тафаккур ва раванди рўҳӣ асос ёфта, одам бо ёрии онҳо на танҳо муҳити атрофро дарк мекунад, балки метавонад онро фаъолона дигаргун созад.

soxti-asabБофтаи асаб. Системаи асабро ҳуҷайраҳое ташкил мекунанд, ки онҳо нейрон ва ҳуҷайраҳои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи ғизодиҳӣ, такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро менамоянд. Миқдори ҳуҷайраҳои ҳамроҳ назарба нейронҳо қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад. Нейрон аз се қисм иборат аст:

  • Ҷасад (тана);
  • Изофаи кўтоҳ (дендритҳо);
  • Изофаи дароз (аксон).

Дендритҳо аз калимаи юнонии дендрон – дарахт гирифта шудаанд. Онҳо кўтоҳ ва сершохаанд. Дар як нейрон метавонад якчанд дендрит мавҷуд бошад. Дендритҳо бо ретсепторҳо пайваст буда, импулсҳои асабиро ба ҷасади нейрон мебаранд ва вазифаи ҳиссиётқабулкуниро иҷро мекунанд. Аксон (аз калимаи юнонӣ аксис гирифта шуда, маънояш шоха мебошад) бо мушакҳо пайваст шуда, вазифаи ҳаракатро иҷро мекунад. Ҳар як нейрон аз як аксон иборат аст. Аксон бо қабати махсуси табиати липидидошта пўшонида шудааст, ки онро миелин (дила) меноманд. Аз ҷиҳати шохаронӣ нейронҳо се хел мешаванд: 

  1. нейронҳои якшохадор (униполярӣ);
  2. нейронҳои душохадор (биполярӣ);
  3. нейронҳои бисёршохадор (мултиполярӣ).

Торҳои асаб ба тамоми организм паҳн шуда, импулсҳоро ба ҳамаи узвҳои бадан мебаранд. 

Қисмҳои системаи асаб. Системаи асаб аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст. Қисми марказӣ аз мағзи сар ва ҳароммағз таркиб ёфта, бо лимфаи бофтаи васлкунанда пўшонида шудааст. Ба қисми канорӣ гиреҳҳои асаб дохил мешаванд. Як қисми системаи асаб, ки кори мушакҳои скелетро танзим мекунад, системаи соматикӣ ном дорад. Одам тавассути ин системаи асаб метавонад ҳаракатҳоро идора карда, онҳоро ихтиёран ба вуҷуд орад ё қатъ гардонад. 

  1. Системаи асаб чӣ аҳамият дорад?
  2. Сохти бофта ва ҳуҷайраи асаб чӣ хел аст?
  3. Қисмҳои асосии системаи марказии асаб кадомҳоянд?
  4. Системаи соматикии асаб кори кадом узвҳоро танзим мекунад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …