Главная / Гуногун / ХОНАИ АҶДОДӢ

ХОНАИ АҶДОДӢ

Писари калонӣ аз модар фотеҳаи роҳи сафед талабид. Чизу чора, бору бунаш ғундошта, зану фарзандонаш омодаи ба ҳавлии нави хеш кўчидан буданд. Модар дуои нек гуфт. Ва гиряаш омад. Медонист, ки манзили писари аввалаш қариб аст, вале акнун, азбас, ҷудо рўзгор мегузаронад, дастархону дегу табақаш алоҳида аст, як қадам дур метофт. Сипас худро тасалло дод, шукр кард, ки писари дуюмаш ҳамдаму пуштибони ўст…

Ҳамон тобистон писари хурдӣ алоҳида-алоҳида барои модари худ хонаҳои даҳлездор, барҳаво созонд. Зеро, ки модар тирамоҳ нияти арўс овардан дошт.

xonai-ajdodi

Шукр, онҳо ба муроду мақсадашон расиданд. Модар боз соҳиби набера шуд.

Ва аз ҳамон айём инҷониб касе дар хонаи кўҳнаи писари калонӣ намезист. Даруни он ҳезуму ангишт, лашу луши нодаркор мехобид. Ҳеҷ зарурат набуд, ки бомашро бо лои коҳомехта андова бикунанд, то ки борон ё оби барф нагузарад. Бо мурури замон рўзу солҳо аз дару тирезааш ранг паридаву оинаҳояш шикаста рафтаанд. Пойдеворашро оҳиста-оҳиста шўр зад. Вассаҳои шифташ пўсидаанд, тортанакҳо тор метаниданд. Аз он мавсиме, ки беодам холӣ монд, дигар ягон баҳор фароштурукҳо лона намесохтанд. Ангури токи дар пешгоҳи хонаи афсурда воқеъбударо дар вақт-вақташ хомток кунанду дору пошанд ҳам меваашро саропо хок мезад.

Дар ин миён набера ба воя расид. Илм омўхт, дар кишвари бегона хизмати ватан ба ҷо овард. Рўзе вай бо амри тасодуф соате, ки ҳарду бародар бо ҳамсаронашон ва фарзандонашон сари дастурхони модар ҷамъ омада буданд, арзи дил кард.

– Мехоҳам ҳамон хонаи кўҳнаро вайрон ва аз хишт хонаи нав бунёд кунам.

Набераи хурдӣ интизори розигӣ биистод.

Пиразани навадсола оҳе кашиду гуфт:

– Қариб шаст сол пеш раҳматӣ шавҳарам худашон синҷҳои ин хонаро рост кардаву дару тирезаашонро шинонда буданд…

Писари калонӣ ёдовар шуд:

– Овони бачагиям, тўи домодиям низ дар ҳамин манзил гузашта буд…

Ба гуфтугў келини аввалин ҳамроҳ шуд.

– Писари калониямро сию шаш сол пеш ибтидои фасли хазон даруни ҳамин хонаи кўҳна таваллуд карда будам…

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …