Главная / Ҷамъият / Ҳомиладор шудани духтар аз падар: Воқеаи нангин

Ҳомиладор шудани духтар аз падар: Воқеаи нангин

Рузе дар пеши суди олӣ ду занаку як духтара дидам. Ҳарсешон гиряву нола доштанд. Шиками духтар компютер борӣ дам кардагӣ, аз отаи худаш буғуз (ҳомиладор) шудаст”,-ин хабарро аз забони фарроши идораамон шунида, ҳамаамон дар ҷоямон шах шуда мондем. Ин хабари гӯшношунид моро ба даҳшат овард. Бовар кардан душвор буд, ки чунин ҳодиса дар ҷомеае, ки 90-95-фоизи мардумаш мусалмон ва ҳам аз қонунҳои ин дунёю ҳам аз охират бохабаранд, рӯй дода метавонад.

duxtar

Насли нисбатан калонсол шояд пештар чунин ҳодисаҳоро дида ё шунида бошанд, вале барои мо, насли нав, ин хабар мисли барфи дар чиллаи тобистон борида ғайри интизор буд.  Нобоварона ба ӯ нигаристанамонро дида, фаррошамон абрӯ чин карда гуфт: “Бовар надошта бошен, ягонтатон рафта санҷен, хонашон дар  тарафои дараи Алмосии Ҳисор будай…”

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат

Хабари дастдарозӣ кардани падар ба духтар моро ҳеҷ ором намегузошт. Редаксия ба ду гурӯҳ тақсим шуда, қариб ҳар рӯз сари ҳамин масъала баҳс мекардем. Як гурӯҳ даст афшонда мегуфтанд: “Дурӯғ аст, ягон падар ин кори нангинро намекунад, охир падар қиблагоҳ ва пушту паноҳи фарзанд аст…” Гурӯҳи дуюм “дар ин замона ҳар кор шуданаш мумкин аст” гӯён, талаб менамуданд, ки аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса шавем. Ниҳоят пас аз баҳсу мунозираҳои бисёр қарор додем, ки ҳарчи бодо бод ба Ҳисор сафар карда, то куҷо ҳақиқат доштан ё надоштани хабари шунидаамонро месанҷем.

Вақте дар куҷо рӯй додани ин ҳодисаи нангинро аниқ кардан мехостем, баъзе “ҳолдонҳо” номи деҳаи Ғурриётро ба забон оварданд, аз ин хотир сари субҳ бо нияти ҷустуҷӯи ҳақиқат мо ба таксиҳое, ки ба самти деҳаи Ғурриёт мерафтанд, нишастем. Одатан ду тоифаи одамон аз ҳама гапу кори дунё бохабаранд: ронандаҳо ва  милисаҳо. Мо қарор додем аз ронандаҳо дар ин бора маълумот бигирем, вале ҷавоби ҳамаашон як буд: “Намедонам, нашунидаам, надидаам…”

Раиси маҳалла чӣ гуфт?

Ронандаи такси моро дар даромадгоҳи деҳаи Ғурриёт фароварда маслиҳат дод, ки рост ба хонаи раиси маҳала равам, чунки ҳама баду неки  мардуми деҳаро маҳз ҳамин одам медонад. Мутаассифона, раисро  дар хонааш наёфтем. Писари калониаш мақсади моро пурсон шуд ва бо шунидани он ки рӯзноманигор ҳастем, лаҳзае сукут намуда гуфт: “Росташро гӯям, ман ин хабарро чанд рӯз пеш дар масҷид шунида будам. Дар ҳақиқат як духтараки 16-17- сола аз падари худаш ҳомиладор шудааст, лекин онҳо аз ин деҳа нестанд. Хоҳед суроғаашро медиҳам, худатон ба хонаашон рафта ҳамаашро фаҳмида мегиред… “

Аз Ғурриёт ба Ҳамдилон

Суроғаро гирифта ба колхози Ҳайдар Миров, аниқтараш ба участкаи Ҳамдилон омадем ва суроғ карда хонаеро ёфтем, ки ин ҳодисаи нангин дар он ҷо рӯй додааст. Дар паси дарвоза кӯдакони бисёре бозӣ доштанд. Ягон одами калонсол наменамуд, ки чизе бипурсем. Ночор илоҷе карда мақсадамонро ба бачаҳо фаҳмондем. Яке аз бачаҳо бо сари хам  “ман додараш мешавам” гӯён ишора кард, ки ба хона дароем. Ҳавлии пурдолу дарахт, хонаҳои навсохти нотамом, мошини тамғаи Тико дар як гӯшаи ҳавлӣ бесоҳиб мехобид. Бо садои писарак аз хона зане баромада бо мо ҳолпурсӣ намуду гуфт:

-Биёед, ман модари ҳамон духтараки бадбахт ҳастам!

Суҳбати мо бо апаи Инобат (ном иваз шудааст) дурудароз ва бисёр ҳузнангез буд. Дар тули ду соли охир бо супориши редаксия даҳҳо ҳодисаҳои даҳшатнокро аз қабили куштор, худсӯзӣ, занкушӣ, хоҳаркушӣ, модару моиндаркушӣ таҳқиқ намуда, гумон доштам, ки аллакай ба чунин рӯйдодҳои даҳшатангез одат кардаам, вале ҳангоми суҳбат бо ин зани дилшикаста мӯйи танам виҷиррос зад. Дар дил худ ба худ мегуфтам: Барои ман, як одами бегона шунидани ин ҳодиса ин қадар риққатовар аст, ин занаки бечора аз падари худаш ҳомиладор будани духтарашро шунида ба чӣ ҳол афтида бошад. Ҳоли зори дили ин занро ба фикрам ҷуз худованд, дигар касе фаҳмида наметавонад…

Аз падараш чӣ хел шубҳа кунам?

Соли гузашта модарамро давлени зад (фишораш якбора баланд шуда як нимаи баданаш аз кор мондааст) ва ман ҳамчун духтар маҷбур шудам, ки модарамро беморбонӣ кунам,-оҳи сард кашида ба нақли ҳодиса сар кард апаи Инобат,-Кӯдаконамро ҳамроҳам ба хонаи бибиашон мебурдам, вале як бегоҳи шум падарашон хоҳиш кард, ки Мавлударо дар хона монда равам, то барояш чою хӯрок тайёр кунад. Падари худашон, ки ҳаст, ягон гумони бад набурда ду фарзанди дигарамро бо худ гирифтаму Мавлударо дар хона монда рафтам. Ҳамон шаб хобҳои даҳшатнок дида, дилам худ аз худ сиёҳ шуд. Нисбати шавҳарам ягон фикри бад надоштам, аз он ташвиш будам, ки духтари калон шаб танҳо берун баромада аз ягон сиёҳӣ ё саг натарсад. Хулоса, саҳар ба хона баргашта духтарамро маъюсу гирён дарёфтам. Сабаби гиря карданашро пурсидам. Гуфт, ки тамоми аъзои баданаш дард карда истодааст. Мани сода дигар пурсуҷӯ накарда ба вай доруи таскинбахши дард додам ва гуфтам, ки каме хоб карда, дам гирад,  ҳамааш мегузарад.

Аз шубҳаи авсун, то фиреби падар

Аз байн чанд моҳ гузашт. Дар ин миён чандин бори дигар Мавлударо бо падараш танҳо гузошта ба аёдати модарам рафта омадам. Авсунам, ки гоҳ-гоҳ аз дари мо сар мехалонд, рӯзе маро ҳушдор дод, ки аз духтарам бохабар бошам, чунки дар рӯяш доғҳо пайдо шудаанд ва шикамаш ҳам дамидагӣ барин метобад. Дар ҷавоб хандида гуфтам: “Мавлудаи ман худаш фарбеҳак набошад ҳам, шикамаш аз кӯдакиаш ҳамин хел равғандор аст, доғҳои рӯяш бошанд, аз кирм пайдо шудагӣ”. Дар ҳақиқат Мавлуда кирм дошт. Пештар дар пояш захм баромада буд, вақте Мавлударо ба назди духтур бурдам, гуфт, ки аз кирм аст ва таъкид кард, ки агар дуруст табобат накунем, эҳтимол дар рӯяш ҳам доғҳои бисёре пайдо шаванд. Ман ҳамин гапи духтурро ба гӯшам ҳалқа карда, тағйиротҳои духтарамро аз кирм медонистам, бехабар аз он ки Мавлудаи ман қурбони кирми нафси падари худаш гаштааст.

Доруи розкушо

Падараш Мавлударо барои захмҳои пояш аз муоина гузарониданӣ шуда ба Регар бурд. Шавҳари худобехабарам барои пинҳон мондани сирру асрораш аз ҳамон ҷо аз ким-кадом духтур бо баҳонаи он ки зани дуюмаш ҳомиладор шудааст, доруи несткунандаи ҳамл гирифта будааст, бехабар аз он ки дору танҳо то 2-3 моҳагӣ кӯдакро меафтонад. Хушдоманам аз касалии саратон вафот карда буд ва ҳамон рӯз мо бояд ҷумъагии аввалинашро мегузарондем. Саҳар ба Мавлуда фармудам, ки хамир шӯрида, чанд хел қандина пазад ва мисли ҳаррӯза ба ҷойи корам рафтам. Баъди рафтани ман падараш бо мақсади нест кардани тифли батни Мавлуда ҳамон доруро ба духтарам дода, маҷбур мекунад, ки хӯрад, то кӯдак афтад. Нисфирӯзӣ аз кор ҷавоб гирифта ба хона хамирпазӣ омадам, вале на аз хамир дарак буд, на аз қандина. Мавлударо коҳиш карданӣ  шуда ба хона даромадаму ҳоли зори фарзандамро дида, ҳуш аз сарам парид. Духтарам мисли мор ба худ печида намедонист худашро ба куҷо занад. Аз ранги заъфарониаш тарсида дубора ба бунгоҳи тиббӣ, ки худам низ он ҷо кор мекунам, давидам ва чанд духтурро гирифта овардам. Духтури занона-Малика пас аз муоина кардани духтарам сӯйи ман нигоҳи шубҳаомезе афканд ва оҳи сард кашида гуфт: “Беҳтараш ӯро ба беморхонаи марказӣ баред, мабодо апендитсит нашуда бошад…” Якҷоя ба марказ рафтем. Мавлударо муоина намуда духтурҳо аввал байни худ пичир-пичир карданд, баъд яке аз онҳо ба ман рӯй оварда гуфт: “Апа, худатона ба даст гиред, духтаратон ҳомиладор аст…” Бо шунидани ин гап дунё гӯё ба сарам чапа шуд. Сарамро бо кафи дастонам дошта дод задам: “Духтари ман аз хона берун намебарояд, чӣ хел вай ҳомиладор аст?! Шумо хато мекунед, нағзтар бинед, ягон дарди дигар доштагист…” Мавлударо дубора ташхис намуда духтурҳо боз ҳамон гапро гуфтанд.

Натиҷаи УЗИ куҷо шуд?

Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки тифли батни духтарам аз падараш аст, бинобар ин, аз тарси он ки шавҳарам ҳомиладор шудани духтарамро фаҳмад, сарамонро аз танамон ҷудо мекунад, ин сирро пинҳон доштам. Вақте пурсид, ки ба Мавлуда чӣ шудааст, гуфтам, ки духтурҳои район дардашро фаҳмида натавонистанд, беҳтараш пагоҳ худаш ӯро ба шаҳр бурда ба табибони дигар нишон диҳад. Шавҳарам сир бой надода рӯзи дигар Мавлудро ба беморхона бурд. Интизор будам, ки оқибати кор чӣ мешуда бошад. Вақте ки отаю духтар ба хона баргаштанд, чӣ гуфтани духтурҳоро пурсон шудам. Шавҳарам варақеро ба ман дароз карда гуфт: “ҷигару талхааш иллат доштааст.” Мавлударо ба хонаи дигар дароварда коҳиш намудам, ки барои чӣ бачадонашро УЗИ накарда баргаштааст. Духтарам оҳи сард кашида гуфт: “УЗИ кардем, вале ҳамон варақашро дадам даронда партофт…”

 Пуштибони таҷовузкор

Баъди маъракаи хушдоманамро гузарондан аз қайсингилҳоям хоҳиш намудам, ки Мавлударо ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда аз духтур гузаронанд. Аммаҳояш духтарамро ба духтурхона бурда аз ташхис мегузаронанд ва мефаҳманд, ки тифли батнаш аллакай 7-моҳа шудаасту дигар илоҷи исқоти ҳамл кардан нест. Ба ҷойи аз гиребони бародарашон гирифтан онҳо ба духтарам фишор оварда, талаб кардаанд, ки гуноҳи падарашро рӯйпӯш намуда, ҳама айбро ба гардани худаш бигирад ва ба очааш, яъне ба ман бигӯяд, ки вай бо чанд кас мегашту намедонад аз кӣ ҳомиладор шудааст…

Аз падарам пурсед

Ҳарчанд мепурсидам, ки падари тифли батнаш кист, Мавлуда қоил намешуд. Дидам, ки бо зӯрию таҳдид намешавад, илтиҷо кардам, ки номашро бигӯй, зарур бошад, бо воситаи суд шуморо якҷоя мекунем. Мавлуда гиря карда “аз дадем пурсед” гӯён, ба хонаи дигар даромад. Рост ба назди шавҳарам рафта гуфтам: “Мавлуда аз дадем пурсед мегӯяд, шумо, ки ҳамон падарлаънатро медониста бошед, номашро гӯед, ман худам рафта бо вай гуфтугӯ мекунам ва маҷбур месозам, ки духтарамонро ба занӣ бигирад…” Шавҳарам сарашро хам карда гуфт: “Ману ҷӯрем ҳамун одама кофсодем, ёбам, аз гирбонаш гирифта, кашола карда пешат мебиёрам»

Ҳамин тавр ин мардаки худонотарс маро аҳмақ карда мегашт, то он рӯзе, ки….

Ҳамсояҳо ба милиса хабар доданд

Азбаски дар деҳа дар бораи Мавлуда гапу калочаи бисёре пайдо шуда буд, мо қарор додем, ки то ёфт шудани гунаҳкор ва ҳал шудани ин масъала дар хонаи Раҷабмоҳ (аммаи Мавлуда) меистем, вале тавре, ки мегӯянд, савдои хона ба бозор рост намеояд. Дар хонаи Раҷабмоҳ будем, ки милисаҳо занг зада моро ба милисахона даъват карданд. Ҳамсояҳо ба милиса дар ин бора хабар дода будаанду онҳо пурсуҷӯро аз аҳли оила сар карданд. Онҳо аз падараш гумонбар шуданд, вале Аҳлиддин пофишорӣ мекард, ки суханҳо дар ҳақи ман туҳмат аст, наход ман бо фарзанди худам чунин кори ҳаромро кунам. Ростӣ, худам ҳам аввал ба ин гап бовар накардам, вале вақте духтарам иқрор шуд, ки тифли батнаш аз падараш аст, ҳангу мангам канда назди шавҳарам даромадам ва зорӣ кардам, ки рости гапро гӯяд. Аҳлиддин қоил нашуд, ки ин кори разилонаро бегона не, худи вай кардааст. Милисаҳо ҷиянҳояшро як –як пурсидан гирифтанд. Билохира, баъд аз пурсуҷӯҳои бисёр рӯзе худи шавҳарам ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт: “Занак, маро бубахш, ин корро каси дигар не, худи ман кардам!» Сахттарин зарбае, ки дар зиндагӣ хӯрдам, ҳамин иқрори қисматсӯзи шавҳарам ба гуноҳи гӯшношунид ва нобахшиданиаш буд…

 Аз парванда то парванда

Ҷиянҳои шавҳарам маро ба гап дароварданӣ шуда гуфтанд, ки янга, шумо боз ду фарзанди дигар доред, фикри бачаҳоятро карда, гуноҳи тағоямро бубахш ва зиндагиатро давом деҳ, вале виҷдонам набардошт. Ман наметавонистам бо марде, ки ба фарзанди худаш дастдарозӣ кардааст, дубора дар як болин сар монам. Ҳарчанд зориву тавалло карданд, гуноҳи Аҳлиддинро набахшидам. Ҷиянҳои шавҳарам диданд, ки маро ба гап дароварда наметавонанд, бо кадом роҳи дигари барои ман нофаҳмо парвандаро хобонда, тағояшонро ба Русия гурезондан хостанд, аммо тирашон хок хӯрд. Бародаронам ба суди олӣ муроҷиат намуданд ва дере нагузашта шавҳарамро аз маҳаллаи Мясокомбинат дастгир карда, ба дастонаш завлона заданд ва бо ҳукми суд ба муҳлати 25 сол ба зиндон равон карданд. Ҳукмаш рӯзи 21-июл баромада буд ва ҳоло Аҳлиддин дар маҳбас аст.

Мавлуда аз писараш даст кашид, вале…

-Ҳоло духтаратон дар куҷост?

-Дар таваллудхона. Се рӯз пеш Мавлударо дарди зодан гирифт. Аввал ба таваллудхонаи колхоз бурдем, вале аз сабаби камхун буданаш ӯро қабул накарда ба таваллудхонаи марказӣ фиристоданд. Ду рӯз дард кашида ниҳоят писар таваллуд кард. Пагоҳ забонхат навишта аз кӯдакаш даст мекашад, баъд духтарамро ба хона мебиёрам.

-Кори нашуданӣ аллакай шудааст, даст кашидан аз кӯдак дигар маънӣ надорад…

-Медонам, ки ин сир аллакай овоза шудаасту дигар офтобро бо доман пӯшонда намешавад, вале мо он кӯдакро ба хона оварда наметавонем. Метарсам, ки ҳамсояҳо моро аз деҳа бадарға мекунанд.

-Духтаратонро нағзакак пурсуҷӯ накардед, шояд ин кор маҷбурӣ нею бо ихтиёри худаш шуда бошад…

Вақти тафтишот ин саволро ба Мавлуда чанд бор доданд. Духтарам гиря карда гуфт, ки вақте модарам ба хонаи бибиам рафтанд, падарам бо зӯри мушту лагад бокирагии маро гирифт ва кордро дар гулӯям монда, таҳдид кард, ки агар ба касе дар ин бора даҳон кушоӣ, туро бо ҳамин корд реза-реза мекунам. Либосҳоям пур аз хун буданд, падарам худаш дар болои сарам истода маҷбур кард, ки онҳоро шуста обашро ба ҳоҷатхона партоям, то касе набинаду пай  набарад.

-Ин ҳодиса танҳо як маротиба рӯй додааст?

-Не, аз рӯйи гуфти Мавлуда се маротиба, як бор дар хонаю ду бор дар таҳхонаи худамон.

 Аҳлиддин золим буд, аммо…

Аҳлиддин табиатан марди золим буд, ҳам ман ва ҳам духтарамро бераҳмона мезад, вале ман ҳеҷ гумон надоштам, ки вай ба чунин кори паст қодир аст. Гумон мекардам, ки барқасди аҳли оилаашон моро мезанад. Рамазони соли гузашта вай маро чунон сахт мурдакӯб кард, ки як моҳи дароз ба тахтаи пушт хобидам. Духтурон маслиҳат доданд, ки барои зулму фишор шавҳарамро ба суд диҳам, то ислоҳ шавад, вале ин корро накардам. Кошкӣ ҳамон вақт ӯро ба милиса месупоридам, то шояд ин ҳодисаи нангин рӯй намедод ва ману духтарам шармандаи ду олам намегаштем. Шавҳарам натанҳо маро бо духтару аҳлу авлодам шармандаи дӯсту душман гардонд, балки худашро низ бо тамоми хешу табораш рӯсиёҳи ҳарду олам кард. Қайсингилҳоям аз алам мехоҳанд хонаро ба номи модарашон кунанд ва баъд онро фурӯхта моро овораю дарбадару хокбасар созанд. Дастони ман дар сохтани ин хонаҳо аз кори вазнин пуробила гашта буданд, худам хишт рехтам, худам мард барин лой кашондам, имрӯз бошад, хоҳарони шавҳарам маро аз манзили бо обилаи кафи дасту арақи ҷабин ва хуни ҷигар бунёдкардаам берун карданиянд. Хешовандони шавҳарам маро дар зиндон шудани Аҳлиддин гунаҳкор меҳисобанд, вале магар ин сирри нангинро пинҳон дошта мешавад?!

Ашки чашмони апаи Инобат рӯяшро мешуст. Дилам ба ҳоли ин зани аз рӯйи шавҳари худобехабар шармсору шарманда гашта сӯхт, вале ҳарчанд кӯшиш кардам сухани тасаллибахше ёфта натавонистам. Ҳомиладор шудану таваллуд кардани духтар аз падари худаш дар ҳақиқат фоҷиаи гӯшношунид аст, худо ба сари ягон бандааш чунин рӯзи сахтро наорад!

Муаллиф: Маҳинаи Давлат

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …