Якеро аз дўстон гуфтам:
– Итминои сухан гуфтанам ба иллати он ихтиёр омадааст, ки ғолиби авқот дар сухан неку бад иттифоқ афтад ва дидаи душманон ҷуз бар бадӣ намояд.
Гуфт:
– Душман он беҳ, ки неки набинад.
Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст,
Гул аст Саъдию дар чашми душманон хор аст.
***
Нури гетифурўзи чашмаи хўр
Зишт бошад ба чашми мушаки кўр.