Главная / Гуногун / ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ

ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ

 Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошад (моддаи 76 Конститутсия). Фаъолияти онҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад. Асоси иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро маблағҳои буҷетӣ, моликияти онҳо, инчунин объектҳое, ки барои хоҷагидорӣ ба онҳо супорида шудаанд ва он объектҳо манбаи ба даст овардани даромад ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Онҳо фаъолияти худро бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.

Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипҳои қонуният ва адолати иҷтимоӣ; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;

ба таври демократӣ, ошкоро ва бо дарназардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал намудани масъалаҳо; масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ; изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор; мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои доираи ваколати худ; ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколати онҳо қабул шудаанд; дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Қисми таркибии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳад. Он аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат мебошад. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори

Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати 5 сол интихоб мекунанд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 18 метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад. Шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи меъёрҳои зерин муайян мекунад: барои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе – то 70 нафар барои шаҳр ва ноҳия то 40 – нафар.

Маҷлиси вакилони халқ дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии муқарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.

Тартиби интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» танзим менамояд.

Маҷлиси вакилони халқ дорои салоҳиятҳое мебошад, ки қонунгузории амалкунанда муайян намудааст. Ба салоҳияти он қабули буҷет, назорат аз болои он ва тасдиқи ҳисоботи он; муқаррар намудани андоз ва пардохтҳо мувофиқи қонун; тарзи идора ва ихтиёрдорӣ намудани моликияти коммуналиро муайян намудан ва истифодаи самараноки онро назорат кардан; дар доираи ваколати худ муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табииро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқ танзим наму-дан, баррасӣ намудани ҳисоботи роҳбарони сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои дахлдор ва ҳангоми зарурат ба мақомоти дахлдор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори он пешниҳод ирсол намудан;

дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор; оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан; оид ба тағйир додани сарҳади марзҳои маъмуриву ҳудудӣ қарори худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудан; комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигарро таъсис додан;

ҳайат ва низомномаи онҳоро тасдиқ намудан; дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул намудан ва дигар салоҳиятҳоеро, ки амалӣ намудани онро қонунгузорӣ муқаррар намудааст, дохил мешаванд.

Ҳамзамон Маҷлиси мақомоти намояндагиимаҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки ба Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани ў пешниҳод манзур намояд.

Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ иҷлосия мебошад. Иҷлосияи якуми он на дертар аз як моҳи баъди интихоботи Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва дар вақти набудани раис аз тарафи яке аз муовинони

ў, ки вакили ин Маҷлиси вакилони халқ мебошад, даъват карда мешавад. Иҷлосия соле на камтар аз чор маротиба даъват карда мешавад. Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват шуда метавонад. Қарор дар бораи даъвати и ҷлосия на дертар аз 10 рўзи то баргузоршавии иҷлосия ва дар ҳолатҳои зарурӣ фавран қабул карда шуда, ба маълумоти вакилон расонида мешавад.

Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқро раис ва ҳангоми набудани раис яке аз муовинони ў, ки вакили маҷлиси вакилони халқ мебошад, мекушояд ва ба он раисӣ мекунад. Иҷлосия дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи муқарраршудаи вакилон иштирок дошта

бошанд. Аз рўи масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, маҷлиси вакилони халқ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо тарафдории аз нисф зиёд ё аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон қарор қабул мекунанд. Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди он хусусияти умумиҳатмӣ доранд. Ҳамзамон, иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколати он қабул шудаанд, барои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар ҳудуди дахлдор ҳатмӣ мебошанд. Маҷлиси вакилони халқ метавонад қарорҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад. Дар сурати ба Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқ онҳо аз тарафи худи Маҷлиси вакилони халқ, мақомоти болоӣ ва ё суд бекор карда мешаванд. Дар фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ мавқеи комиссияи доимӣ хеле калон аст. Онҳоро Маҷлиси вакилони халқ таъсис медиҳад.

Номгўй ва шумораи ҳайати комиссияи доимӣ ва муваққатиро бо пешниҳоди Раиси маҷлиси вакилони халқ Маҷлиси вакилони халқ муайян менамояд.

Раис ва аъзои онҳо аз ҳисоби вакилон интихоб карда мешаванд. Комиссияҳои мазкур бо мақсади мусоидат ба баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Қисми дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳад. Он аз Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, идораҳо, кумитаҳо, шўъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошад. Раис намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳокимиятииҷроияро дар маҳал амалӣ менамояд ва мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор сарварӣ мекунад. Вайро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Дар сурати дар маҷлиси вакилони халқи дахлдор тасдиқ нашудани номзадии раис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ўро такроран ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд. Ҳамзамон, ҳангоми пешниҳоди Президентро дар хусуси аз вазифа озод намудани раис тасдиқ накардани маҷлиси вакилони халқи дахлдор, масъала такроран барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Дар сурате ки шахс вакили маҷлиси вакилони халқи дахлдор набошад, ў ба вазифаи раис ҳамчун иҷрокунанда таъин карда ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби дар боло овардашуда ба вазифа таъин ва барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Раис дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор салоҳиятҳои муайянкардаи қонунгузориро амалӣ менамояд.

Вай иҷлосияи вакилони маҷлиси халқро даъват намуда, ба он раисӣ мекунад, фаъолияти комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад, лоиҳаи буҷетро барои қабул ба маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин ва аз рўи он ҳисобот медиҳад, барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоиро пешниҳод менамояд ва доир ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад, дар доираи ваколати худ оид ба такмили тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, моликияти коммуналиро дар доираи ваколати худ идора менамояд, дар доираи ваколати худ масъалаҳои оид ба заминро ҳал менамояд, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналӣ асос ёфтаанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам медиҳад, қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро баррасӣ менамояд, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

Оид ба масъалаҳои ваколати худ раис дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр ва ноҳия ҳангоми дар асоси аризаи худ ба истеъфо рафтан; ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ў; ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, мунтазам иҷро накардани ўҳдадориҳои хизматӣ ва қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст. Фаъолияти ҷамоат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» аз 1 декабри соли 1994 ба танзим дароварда мешавад. Мутобиқи Қонуни мазкур худидораи маҳаллӣ аз низоми ташкили фаъолияти аҳолӣ барои мустақилона ва таҳти масъулияти худ мустақиман ё ба воситаи мақомоти интихобкардаи худ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намудани масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ иборат аст.

Мақомоти худидораи маҳаллӣ масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти онҳо тааллуқ дорад, мустақиман ё ба воситаи намояндагони худ ҳал менамоянд. Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ҷамоат мебошад. Онҳо аз рўи усули марзӣ ташкил карда мешаванд. Шакли асосии худидораи маҳаллии шаҳрвандон Маҷлиси намояндагон мебошад. Дар кори ҷамоатҳо шаҳрвандоне иштирок менамоянд, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар ҳудуди мазкур доимӣ истиқомат мекунанд.

Ҷамоатро раиси ҷамоат бо маслиҳати маҷлиси дахлдори вакилони халқ ё раиси шаҳр, ноҳия дар мавриди зарурат, вале соле камаш ду бор даъват мекунад. Ҷамоат инчунин аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, раиси шаҳр, ноҳия ё худ бо ташаббуси камаш сеяки шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар ҷамоат иштирок кардан доранд, даъват шуда метавонад.

Дар ҷамоати шаҳрак намояндагони кўчаҳо, маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии қаламрави он, дар ҷамоати деҳот бошад, намояндагони деҳаҳои дахлдор чун вакил иштирок менамоянд. Меъёри намояндагӣ ва тартиби пешбарии вакил аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия ё раиси шаҳр ё ноҳия муқаррар карда мешавад.

Ҷамоатҳо ба шарте босалоҳият ҳисоб карда мешаванд, ки дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи намояндагони шаҳрвандони ба ҷамоатҳо пешбаригардида ҳозир бошанд.

Барои иҷрои кори ҷамоат раёсат интихоб карда мешавад. Ҷамоатро раиси он идора мекунад. Қарорҳо аз рўи ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо аксарияти оддии овозҳои ҳозирон қабул карда мешаванд. Раиси ҷамоатро бо пешниҳоди раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ҷамоат интихоб мекунад.

Шумораи ҳайат ва муовинони раиси ҷамоатро раиси шаҳр ё ноҳия муқаррар менамояд. Муовинони раис ва котиби ҷамоат бо пешниҳоди раиси ҷамоат он гоҳ интихобшуда ҳисоб меёбанд, ки ба тарафдории онҳо зиёда аз нисфи ҳозирон овоз дода бошанд. Раис, муовинони раис ва котиби ҷамоат ба мўҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд.

Раис, муовинони ў ва котиби ҷамоат пеш аз мўҳлат аз нав интихоб шуданашон мумкин аст. Ин дар мавриди мунтазам риоя накардани Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро накардани қарорҳои ҷамоат, маҷлиси вакилони халқ, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибор пайдо кардани ҳукми суд, инчунин аз ҳудуди ҷамоати дахлдор кўчида рафтан ва шахси бешаҳрванд шудан имконпазир мебошад.

Асоси иқтисодӣ ва молиявии мақомоти худидораро моликияти он ташкил медиҳад. Иншоотҳои сохташуда, харида ё худ бо тартиби муқарраркардаи қонун додаи муассисаҳои ҷамъиятӣ, иҷтимоиву маданӣ ва таъиноти дигар, инчунин воситаҳои нақлиёт, лавозимоти хоҷагӣ ва амволи дигар ба моликияти мақомоти худидора дохил мешаванд. Захираи молиявии мақомоти худидора аз маблағи буҷет, ки маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии вакилони халқ бо тартиби муайянкардаи қонун ҷудо мекунанд, аз саҳми ихтиёрии шаҳрвандон ва коллективҳои меҳнатӣ, маблағи аз фондҳои хайрия ва манбаъҳои дигар ҷудокарда ҳосил мешавад.

Ҷамоат фаъолияти худро дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, ободонии шаҳраку деҳа ва хизматрасонӣ ба аҳолии маҳалро ба роҳ монда, нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва беҳбудии вазъи санитарии маҳал, инчунин нақшаи хароҷоти мақомоти худидораро тасдиқ мекунад, ба хароҷоти маблағи дар ихтиёраш буда назорат мекунад ва масъалаҳои дар қаламрави худ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун таъсис намудани корхонаҳои хурд, кооперативҳо, устохонаҳо ва сехҳои ҳунармандиро ҳал мекунад. Ҳамзамон, масъалаҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ба салоҳияти ў додааст, амалӣ менамояд. Ҷамоат дар доираи ваколатҳояш қарорҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи шаҳрвандони ҳудуди ҷамоат ҳатмӣ мебошад. Аз болои қарорҳои ғайриқонунии ҷамоат ба суд ё Маҷлиси вакилони халқ шикоят кардан мумкин аст.

Раиси ҷамоат дастгоҳи худро дорад, ки шумораи кормандони он бо маслиҳати Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия ё аз тарафи раиси он муқаррар карда мешавад. Раиси ҷамоат иҷрои қарорҳои ҷамоат, инчунин фаъолияти ҷории онро ба роҳ мемонад.

Барои иҷрои талаботи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди ҷамоат кор мебарад, захираҳои молиявиро ихтиёрдорӣ менамоянд, бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳо мебандад, манфиатҳои шаҳрвандонро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судҳо, дар муносибат бо ташкилотҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳимоя менамояд, дар бораи беҳбудии шароити моддӣ ва манзилию маишии шаҳрвандон чораҳо меандешад, назорати ҷамъиятиро ба кори ташкилотҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, иҷтимоиву мадании ҳудуди худ ба роҳ мемонад; ба ташкили назорати вазъи санитарии маҳалҳо, манбаъҳои обрасонӣ, манзилу мактабҳо ва муассисаҳои дигар мусоидат мекунад; ба ҳифзу истифодаи амволи бесоҳиб, инчунин амволе, ки бо тариқи мерос ба давлат гузаштааст, тадбирҳо меандешад; бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави дахлдор ҳамкорӣ менамояд; шаҳрвандонро дар ҷои кор қабул мекунад, арзу шикояти шаҳрвандонро баррасӣ менамояд, доир ба онҳо чораҳои дахлдор меандешад ва дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот мақомоти давлатӣ ба ҳисоб намераванд ва дар низоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷои мустақил надоранд, ҳарчанд ки дар доираи худидораи маҳаллӣ салоҳияти васеъ доранд.

Саволҳо:

  1. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
  2. Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси кадом принсипҳо амалӣ карда мешавад?
  3. Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кадом мўҳлат ва дар асоси кадом принсипҳо интихоб карда мешавад?
  4. Дар бораи салоҳиятҳои маҷлиси вакилони халқ маълумот диҳед.
    5. Шакли асосии фаъолияти маҷлиси вакилони халқ чӣ мебошад? 6. Дар бораи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.
  5. Ҷамоат чӣ гуна мақомот мебошад?
  6. Дар бораи асоси иқтисодӣ ва молиявии мақомоти худидораи маҳаллӣ маълумот диҳед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …