Главная / Гуногун / ХОК ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ОЛАМИ РАСТАНИҲО

ХОК ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ОЛАМИ РАСТАНИҲО

Растаниҳои сабз ин истеҳсолкунандагони кислород дар сайёраи мо буда, танҳо дар растаниҳои сабз моддаҳои ғайриорганикӣ ба моддаҳои органикӣ мубаддал мешаванд. Ин нон, меваи полезиҳо, меваҳои дарахтон, сабзавот ва чизҳои дигар, ки бе онҳо ба одам зиндагй кардан мушкил аст.

Ҳамаи растаниҳо дар сайёраи Замин дар як сол ба атмосфера 400 миллиард тонн кислород хориҷ мекунанд. Ҳамзамон онҳо ба худ 600 миллиард тонн гази ангидриди карбонро фурӯ бурда, 450 миллиард тонна моддаи органикй ба вуҷуд меоваранд. Дар Замин ҳама чиз яке ба дигар алоқаманд буда, растанй бе хок наметавонад зиндагй кунад. Растанй аз он об ва моддаҳои ғизоиро қабул мекунад.

Хок ин қабати ҳосилхези қабати болоии хушкии Замин ба шумор меравад. Агар андак хокро гирифта, онро ба бонкаи тунукагин гузошта, вайро дар болои оташ нигоҳ дорем, мебинем, ки хок рӯшан мешавад. Ин баёнгари сӯхтани моддаҳои органикй (гумус) дар хок аст, ки ба вай ранги торикро медиҳанд.

Андак хоки тасфонидашударо бо бонка мегузорем. Ба он об рехта, омехта мекунем. Об андак тира мешавад, зеро дар таркиби хок лой мавҷуд аст. Дар қаъри бонка peг, ки низ қисми таркибии хок ба шумор меравад, таҳшин мешавад. Обро оҳиста ба дигар бонка рехта, тасфия (филтр) мекунем. Андак оби тасфияшударо ба шиша чаконида гарм мекунем. Пас аз бухоршавй дар шиша доғҳои сафед боқӣ мемонанд. Ин намакҳои маъданй мебошанд.

Олимон ба чунин хулоса омаданд.

А Хок ин мавҷуди махсуси табий буда, аз peг, гил, моддаҳои органикй (пӯсидагй/гумус) ва намакҳои маъданй иборат мебошад.

Дар хок ҳамчунин ҳаво мавҷуд мебошад. Дар ҳоли ҳозир қисмати калони сатқи хушкии Замин бо хок пӯшида шудааст. Қабати хок тунук буда: аз 2-3 см то 2 м-ро ташкил медиҳад. Дар шароити гуногун 1 см ғафсии қабати хок дар 100 сол ва гоҳо дар 300 сол ба вудуд меояд.

Ҳосилнокӣ хосияти асосии хок ба шумор меравад. Ҳосилнокӣ аз миқдори гумус- маҳсулоте, ки аз боқимондаи организмҳои пӯсидаю хушкида, об ва ҳавои он иборат аст, вобаста мебошад. Ҳар қадар дар хок гумус бисер бошад, ҳосилнокии он ба ҳамон андоза баланд шуда, дар хоки ҳосилхез растаниҳо ҳуб месабзанд. Агар захираи моддаҳои ғизой пур нашавад, пас хок хароб гардида, ҳосилнокии он қатъ мегардад. Сарчашмаҳои моддаҳои ғизой барои растаниҳо поруҳои органикӣ ва маъданй ба пгумор мераванд.

Ба поруҳои маъданй дохил мешавад: ахлоти ҳайвонот, торф, ки дар асоси таҷзияи растаниҳои мурда ва организмҳои ҳайвонот ба вуҷуд меоянд. Поруҳои органикӣ тавассути микроорганизмҳо – бактерияҳо, обсабзаҳои баҳрй, замбӯруғҳои майда тадриҷан то ба моддаҳои маъданй тақсим мешаванд. Он моддаҳо тавассути решай растаниҳо ҷаббида мешаванд. Ин як раванди бисёр тӯлонй аст. Аз ин рӯ, маводи органикие, ки ба хок ҳамроҳ карда шудааст, на танҳо ба ҳосилнокии имсола, балки ҳосилнокии солҳои минбаъда таъсир мерасонанд.

Поруҳои маъданй- азотӣ, фосфорӣ, намакҳои калий дар корхонаҳо аз маъданҳои табиӣ сохта мешаванд. Поруҳои азотй ва калийдор дар хоки нам зуд мунҳал меша­ванд. Аз ин рӯ, онҳоро пеш аз кишти тухмӣ ба замин мепошанд. Поруҳои фосфорӣ ба оҳистагй мунҳал мешаванд. Аз ин рӯ, онҳоро якҷоя бо поруи маҳаллй тирамоҳ ба замин мепошанд, то ки то баҳор мунҳал шуда тавонанд.

Вобаста ба мавҷудияти об, ҳаво, маводҳои маъданй дар таркибашон, хокҳо гу­ногун мешаванд.

Мисол, хокҳои сиёҳзамин, хокҳои камнамаки хокистарӣ, хокҳои хокистарии бешагй, хокҳои шӯрзамин ва ғайра. Хокҳои сиёҳзамин дар таркибашон микдори зи- ёди гумус доранд.

Вай регу гилро ба ҳамдигар, ба луқмаҳои хурд сиреш менамояд, ки байни онҳо об ва ҳавои зиёд мавҷуд аст. Дар ҷумҳурии мо хокҳои хокистарранг, сиёҳзамин, куҳй, биёбонӣ, ҷангалӣ, баландкуҳӣ, биёбонию даштӣ, марғзорй, тундрагӣ ва дигар навъҳои хок мавҷуд аст.

Хок дурдонаи пурқимати табиат мебошад.

Вай моро мехӯронад, мепӯшонад, маводи хом барои саноат ва чӯб барои сохтмон медиҳад.

Олими рус Василий Василйевич Докучаев илмеро дар бораи хок, қонунҳои пайдоиши он ва ҳифзи самаранокии он асос гузошт, ки онро хокшиносӣ меноманд. Вай таъкид карда буд, ки бо хок бояд эҳтиёткорона муносибат кард, зеро вай ба осонй бо об шуста шуда, бо шамол рӯфта мешавад. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон тар- киб, сохтмон ва хусусияти хокхри саҳроӣ ва куқиро академик Аман Мамитов таҳқиқ кардааст.

Вай харитаи хокҳои Осиёи Марказй ва Қирғизистонро тартиб додааст. Ӯ соли 1927 таваллуд шуда, доктори илмҳои кишоварзй, профессор ва академик буд. Соли 2000 вафот кардааст.

Пас аз боронҳои пайдарпай оби тирагун дар ҷӯйҳо равон мешавад. Вай қабати қосилдиҳандаи хокро ба дарёҳо ва кӯлҳо мебарад. Хокҳо аз таъсири шамол зуд вай- рон мешаванд. Мавридҳое буданд, ки тавассути шамол тамоми қабати киштшаван- даи замин бурда шудаанд. Масалан, тундбодҳо танҳо дар тӯли соли 1934 аз худуди Дамвориҳои Бузурги Амрико наздик ба 300 миллион тонна гумуси ҳосилхезро, ки тайи садсолаҳо дар зери растаниҳои сершумор ҷамъ шуда буданд, бо худ бурданд. Шамол ин гумусҳоро дар шакли талу теппаҳо дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, дар фосилаи байни куҳҳои бисёрсахраи ғарбӣ то ба соҳилҳои шарқии уқёнуси Атлантик ҷамъ овардааст. Аз тӯфони пургард вилоятҳои Ростов, Қафқози Шимолӣ, даштҳои Қазоқистон зиёни сахт дидаанд. Чӣ тавр хокро аз эрозияшавӣ ҳифз ва ҳосилнокии онро таъмин бояд кард? Яке аз муҳофизони хуби хок ин растанӣ мебошад. Онҳо бо решаҳои худ хокро дошта, вайро аз шусташавӣ эмин медоранд.

Алафу буттаҳо, ҳамчун қолин хокро мепӯшонанд ва онро аз шамол муҳофизат мекунанд. Шинонида шудани дарахтҳои ҷангалӣ дар нишебии куҳҳо ва сохтани зинапояҳои уфуқӣ дар нишебих,ои хамгашта ҷараёнҳои обиро нигоҳ медоранд. Ода- мон поруҳоро нодуруст истифода бурда, ҳосилнокии хокро хароб месозанд. Барои коркарди хок партовҳои саноатӣ, хиштқои шикаста, маводҳои нодаркори шишагин ва пласмассагин монеа эҷод мекунанд.

Дар натиҷа, ин ба камқувватии хок ва аз байн рафтани организмҳои хокӣ дар он оварда мерасонад, ки он боъиси бад шудани самаранокии хок мегардад. Хок ҳамчунин аз таъсири нақлиёт, экскаваторҳо ва дигар техникаҳои кишоварзӣ вайрон мешавад. Хокро бояд аз микробҳо, ки боиси cap задани ҳар навъ бемориҳо мегар- данд, эҳтиёт бояд кард. Дар хоки чиркин бактерияҳои гуногун, ки боиси cap задани ҳар гуна бемориҳо мегарданд, метавонанд муддати дароз зиндагӣ кунанд. Олимон исбот кардаанд, ки микробҳое, ки боиси cap задани дизентерия( исҳол) мебошанд, дар хок 45 рӯз, микробҳои манбаи тиф бошанд, то як сол дар хок зиндагӣ карда ме­тавонанд.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ:

Пурсишҳо

  1. Хок чист?
  2. Гумус чй тавр ба вуҷуд меояд?
  3. Чаро хокро нарм мекунанд?
  4. Кадом намуди хок дар ҷое, ки Шумо зиндагй мекунед, дучор мешавад?
  5. Эрозияи хок чист?
  6. Чй тавр хокро аз эрозия муҳифизат бояд кард?
  7. Шумо ин чумларо чй тавр шарҳ медиҳед? «Замин раззоқ (ризкдиҳанда) аст ва вайро низ бояд ғизо дод!»

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …