Главная / Гуногун / Ҳоҷибой Тоҷибой

Ҳоҷибой Тоҷибой

Ҳоҷибой Тоҷибоев (Ҳоҷимурод) Тоҷибоев (Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон). Яке аз маъруфтарин ҳазлчии Осиёи Миёна ва бахухсус мардуми Тоҷику Узбек мебошад.

Санаи 25 августи соли 1955 дар ноҳияи Пролетарски вилояти Ленинобод (алҳол ноҳияи Ҷаббор-Расулови вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Дар ҷавонӣ ба Тошканд омада, соли 1978 Донишкадаи театр ва санъати Тошкандро хатм кардааст. Пас аз хатми таҳсил, ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар театри Шукур Бурҳонови ш. Ленинобод кор кард, баъдтар ба театри Камоли Хуҷандии Ленинобод гузшт.

Ҳоҷибой Тоҷибоев (Ҳоҷимурод) Тоҷибоев
Сурати Ҳоҷибой Тоҷибоев

Пас он ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта дар Филармонияи давлатии Андиҷон кор кард. Баъди пошхӯрии ИҶШС, ӯ дар Ӯзбекистон боқӣ монд ва фаъолияти касбии худро идома дод. Дар солҳои минбаъда ӯ бо овозхонҳои ӯзбек Шералӣ Ҷӯраев ва Ҳалим Ҷӯраев кор кард ва дар сафарҳои ҳунарии онҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Аввалҳои солҳои 2000-ум вай ба роҳ мондани намоишҳои худ дар театрҳои Тошканд оғоз кард.

Ҳар сол як маротиба, Ҳоҷибой Тоҷибой намоишҳои худро  дар Қасри Тошканд “Дӯстии халқҳо” барпо мекард, ки акасари мардум барои харидории чиптаҳои ӯ дар навбат истода бисёриҳо онро харидорӣ карда наметонистанд. Сабаб дар он буд ки талабгорони ӯ ниҳоят зиёд буд. Маъруфияти ӯ дар ш Душанбе солҳои 1992-1995 низ чунин буд ки давоми 4-6 рӯз дар кохи борбад намоишҳои Ҳоҷибой Тоҷибой ба мардум пешкаш мешуд вале халқ ба ин ҳам нигоҳ накарда қаноатманд намешуданд.

Ҳоҷибой Тоҷибоев дар баромадҳои худ паҳлӯҳои хандаовар дар ҳаёти мардум, мушоҳидаҳои онҳоро изҳор мекард. Баъзе калимаҳо ва ибораҳои ашъорашон ба масал дар байни мардум табдил ёфта буданд. Вай дар баробари забони модарии ӯзбекии худ, инчунин тоҷикӣ ва русиро медонист.

Бар асари бемории ҷигар дар сини 53-солагӣ Ҳоҷибой Тоҷибой санаи 24-уми июли соли 2008-ум аз олам дар гузашт ва онро дар ватани худ дар ш. Хӯҷанд ба хок супорида шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …