Главная / Гуногун /  ҲОДИСАҲОИ КИМИЁВӢ

 ҲОДИСАҲОИ КИМИЁВӢ

То ба инҳо, мо асосан, бо тағйироти зоҳирии ҷисмҳо, ба ибораи дигар бо ҳодисаҳои физикй шинос шудем. Мисли ҷисмҳо, моддаҳо низ ба тағйирот дучор мешаванд.

Мисол меоварем. Ҳангоми даргирифтани гӯгирд, моддаҳои таркибии он маҳсулоти сӯзандаро ба вуҷуд меоваранд: зуголи ангишт, газ ва об.

Маълум мегардад:

А Табдили як модда ба моддаи дигар ҳодисаҳои кимиёвӣ ва реаксияҳои кимиёвй номида мешаванд.

Дар ҳаво ҳамеша ҳодисаҳои сершумори кимиёвй ба амал меоянд. Дар мавриди баъзе аз онҳо таваққуф мекунем: сӯзиш, занг задан (коррозия) ва нафаскашӣ.

  1. Сӯзиш ва ҳаво.

Ба таҷриба рӯй меоварем. Болои миз се адад шамъ гузошта онро рӯшан мекунам. Як шамьро бо истакон, шамъи дуввумро бо бонкаи калони шишагин пӯшида, саввумро озод мегузорем.

Аз болои шамъҳои сӯзанда назорат мекунем. Аз ҳама аввал шамъе хомӯш мешавад, ки бо истакони хурд пӯшонида шудааст. Зеро ки дар он миқдори ками ҳаво мавҷуд мебошад. Шамъе, ки бо бонка пӯшонида шудааст, тӯлонитар месӯзад. Ин баёнгнари он аст, ки дар зери бонка ҳавои бештар мавчуд мебошад. Шамъе, ки бо ҳеҷ чиз пӯшонида нашудааст, то замоне хоҳад сӯхт, ки мо онро махсус хомӯш насозем.

Дар натиҷаи бад-ин монанд таҷрибаҳо маълум гардид, ки модда дар ҳаво месӯзад, вале дар сӯхтан танҳо кислороди ҳаво иштирок мекунад.

Дар натиҷаи сӯзиш чӣ ҳодиса pyx медиҳад? Дастгоҳеро, ки дар расм инъикос ёфтааст, ҷамъ месозем. Ба бонка махдули оҳаки шукуфтаро ва дар истакон оби тоза- ро мерезем. Тавассути пробкаи ( сарпӯши) пластмассавии бонка чумчаи дастадоре ҷойгир карда шудааст. Дар чумча як пора ангишти сӯзанда мавчуд мебошад. Пас аз чанд муддат, ангишт хомӯш гардида, маҳлули оҳаки шукуфта ғализтар мешавад. Ин баёнгари он аст, ки дар ҷараёни сӯхтан гази ангидриди карбон, ки бо маҳлул таъсири мутақобила мерасонад, пайдо мешавад.Сӯхтани ангиштро, ки аз углерод иборат ме­бошад, бо схемаи зерин ифода мекунем:

УГЛЕРОД + КИСЛОРОД = ГАЗИ .АНГИДРИДИ КАРБОН

Гази ангидриди карбон бо оҳаки шукуфта таъсири мутақобил расонида, нама- кро ташкил медиҳад. Вай калсии андигриди карбон номида мешавад. Дар амал дар ҳолати оҳаки обшуда ва сахтшуда дучор меояд.

▲ Сӯхтан – ин ҳодисаи ба хам пайвастшавии углерод ва кислород буда, дорой рӯшноии комил, сӯхтан ва чудо шудани гази ангидриди карбон мебошад.

Агар сӯхтани ҳезум, ангиштсанг ва ё нафтро қувват бахшиданй бошем, пас моро лозим аст, ки воридоти миқдори бузурги ҳаворо ба он таъмин созем. Вале барои он ки алангаро хомӯш кунем, кофист, ки воридоти ҳаворо ба он қатх созем.

Барои дар мактаб гузаронидани таҷрибаҳо, дар аксарияти мавридҳо, спиртовка истифода мешавад. Агар алангаро дар спиртовка хомӯш карданй шавем, онро дар ҷойи ҳавокашаш бо сарпӯши махсуси оҳанин мепӯшонанд.

Сарпӯшак ҳамон лаҳза воридшавии ҳаворо ба пилтаи спиртовка қатъ мекунад. Аз ин рӯ, агар дар хона сӯхторе ба вуҷуд ояд, онро бо матоъи дағал ва ё ягон маводи дигар мепӯшонанд.

Дар аксарияти мавридҳо, ба оташ об мепошанд. Вай ҳам воридшавии микдори ҳаворо ба аланга кам карда, сӯхторро бозмеистонад. Ҳангоми сӯхтани аксарияти моддаҳо аланга ба вуҷуд меояд. Агар ба алангаи шамъ ва ё спиртовка бингаред, ме- бинед, ки вай якрангу ҳамсон намебошад.

Таҷриба нишон дод, ки аланга асосан аз се қабат иборат аст. Қабати аз ҳама поёнии он, бо ибораи дигар нуги пилта ранги торик (а), миёнааш – норанҷӣ (б), қабати беруна-кабуд буда, такрибан ба чашм дида намешавад.

Мушоҳида мекунем, ки кадоме аз ин қабатҳо аз ҳама сӯзон мебошад. Барой ин ду гӯгирд, гӯгирди сӯхтаистодаи яке аз онҳоро ба нӯги пилта бурда, нӯги дигари онро ба қабати берунаи аланга мерасонем. Гӯгирде, ки дар қабати берунаи аланга ҳаст, зуд даргирифта, гӯгирде, ки ба пилта расонида шудааст, пас аз чанд мудцат дармегирад. Ин баёнгари он аст, ки нисбат ба қабати дарунии аланга, ҳарорати қабати беруна баланд аст.

Боз ба як таҷриба рӯй меоварем. Як чӯбаки борикро гирифта онро таври уфуқӣ дар қисмати поёнии аланга, наздик ба пилта мегузорем, то ки вай ҳама қабатҳои алангаро гузашта бошад. Агар чӯбакро пас аз 2-3 сония аз аланга берун кунем, пас мебинем, ки нӯги чӯбакчаҳо нимсӯхта шуда, қисмати мобайнии он бе тагйир монда- аст. Зеро ки нӯги гӯгирд ба қисмати берунаи сӯзандаи аланга ва қисмати миёнаи он ба қисмати хунуки дохилй рост омадаанд.

Чаро ҳарорати берунаи аланга нисбат ба ҳарорати дохилии он баланд мебошад? Зеро ки дар қабати берунаи аланга, ки бо ҳавои сӯзишро таъминкунанда ҳамсарҳад аст, сӯхтор нағз сурат мегирад. Вале дар даруни аланга ҳаво нест ва дар он ҳодисаи сӯхтан амалан дида намешавад.

АҚарорати қабати берунаи аланга барон он баланд аст, ки дар он кислород зиёд аст.

  1. Коррозия (зангзанй).

Сими мисин ва оҳанинро бигиред. Онро ба спирал тоб дода, ба пробиркаи тар ҷойгир кунед. Пас аз 10-15 рӯз ранги симҳоро бисанҷед.Маълум мегардад, ки сими мисин бо пардаи сабз , сими оҳанин бо қабати сиёҳтоб пӯшонида шудааст.

Ин коррозия номида мешавад. Чй тавр вай пайдо шудааст? Агар симҳоро то ва пас аз таҷриба баркашед, мо фарқиятро мебинем. Пас аз ин тачриба маълум мегар­дад, ки ба метал кадом як низе хамроҳ гардидааст. Ҳамон тавре дар илм исбот пгуда- аст, дар ин маврид ба метал кислород ҳамроҳ шудааст.

А Коррозия – ин ҳодисаи кимиёвии пайваст шудани кислород бо метал дар ҳаво мебошад. Коррозия нисбат ба ҳодисаи сӯхтан андак сустар сурат мегирад. Дар ҷараёни ин ҳодиса рӯшной ва гармй хориҷ намешавад.

  1. Нафаскашй.

Ҳамаи организмҳои зинда нафас мекашанд. Қатьи нафаскашиятонро бисанҷед. Шумо бовар ҳосил кард, ки бе нафаскашй ҳамагӣ дар муддати хеле кӯтоҳ зистан мумкин аст.

Ин вақтро тавассути сониясанҷ санҷиданатон мумкин аст. Дангоми нафаскашй дар организмхри зинда ҳамон раванде, ки ҳангоми сӯхтан ҳаст, ба мушоҳида мерасад.

Бо вуҷуди он ки дар организмҳои зинда ангишти сӯзанда ва ҳезум мавчуд на- мебошад, дар таркиби онҳо моддаҳои органикие ҳастанд, ки дар он кислород мавҷуд мебошад. Дангоми нафаскашии организмҳои зинда кислород ва моддаҳои органики ба ҳамдигар таъсир мерасонанд.

Дар ин маврид углерод бо кислород пайваст пзуда, гази ангидриди карбон ҳосил менамоянд. Инро дар тачриба бад-ин тартиб дидан мумкин аст.

Ба истакон оби оҳакдорро рехта, тавассути найчаи борик ба он дам мекунем. Маҳлул рангашро тағйир дода, сиёҳчатоби тира мешавад. Ин баёнгари он аст, ки ба ин махдули тоза гази ангидриди карбон ҳамроҳ шудааст.

▲ Даман организмҳои зинда ҳангоми нафаскашй гази ангидриди карбон- ро хориҷ мекунад. Одам дар як шабонарӯз 400 л гази ангидриди карбон нафас мекашад.

Агар дар синфхона гази ангидриди карбон ҷамъ шавад, пас қобилияти омӯзишии толибилмон паст П1уда, майли хобравй пайдо мешавад. Аз ин рӯ, сари вақт шамол додани синфхона тавсия мешавад.

Дангоми нафаскашй ба организми инсон кислороде, ки барои ҳосил кардани тер- морегулятсия, яъне танзими ҳарорат лозим аст, ворид мешавад. Ин барои таъмини организм бо ҳарорати лозим зарур мебошад.

АСОСИТАРИН НУКТАДОИ МАВЗУЪ

Сӯхтан, коррозия, нафаскашй ин ҳама ҳодисаҳои кимиёвй мебошанд. Дар ин ҳангом моддаҳо бо кислород пайваст мешаванд. Дар натиҷа гармй хориҷ шуда, гази ангидриди карбон ба вуҷуд моеяд.

Пурсишҳо:

  1. Хосиятҳои кислорода ва гази ангидриди карбонро ном баред.
  2. Чй тавр метавон исбот кард, ки кислород сӯхтан ва нафаскаширо таъмин намуда,

гази ингидриди карбон дорой чунин хосиятҳо намебошад?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …