Главная / Гуногун / ХИЗМАТИ САРБОЗӢ

ХИЗМАТИ САРБОЗӢ

Дар ҳоле, ки дар Шӯравӣ донишҷӯёнро ба хизмати сарбозӣ намегирифтанд, ба бахти ман дар соли 1984, ки соли аввали дар Донишгоҳ хонданам буд, қоидаи нав рӯйи кор омад ва давлат қарор кард, ки донишҷӯён низ ба хизмати сарбозӣ ҷалб ша- ванд. Ягона истисно барои донишгоҳҳои пизишкӣ дар назар гирифта шуда буд, ки ин қарор донишҷӯёни онҳоро аз хизмат озод мекард. Аслан, барои омӯзиши забони хориҷӣ низ фосила дар байни таҳсил зараровар аст, вале он вақт факултаи мо ҳам шомили феҳристе шуд, ки донишҷӯёнаш бояд барои сарбозӣ бираванд. Он замон артиши шӯравӣ дар хоки Афғонистон буд, эҳтимолан, шояд ба ҳамин далел ниёз ба сарбозон бештар шуда бошад.

dushanbe

Хизмати сарбозӣ барои ҷавонон дар Шӯравӣ ҳатмӣ буд. Баччаҳоро аз ҳаждаҳсолагӣ барои ду сол ба хизмат мегириф- танд. Шояд барои мутобиқ кардан бошад, аксаран баччаҳоро барои хизмат ба шароити иқлимии мухолифи ҷои зисташон мефиристоданд. Масалан, аскарбаччаҳои Осиёи Миёнаро ба Сибир ва Шарқи Дури Русия, ки иқлимаш сард аст, мефирис- тоданд, баччаҳои он ҷоро бошад, ба ин минтақаҳо интиқол медоданд. Дар артиш бештар ба сарбозон сафороӣ, қадамзанӣ ва дигар корҳои ташрифотиро меомӯзонданд. Намедонам аз чи сабаб бошад, ки ҳунарҳои размӣ аз қабили каратэву самбо ва ғайра омӯзиш дода намешуданд, шояд аз он метарсиданд, ки ин баччаҳо баргашта, сафи авбошонро зиёд кунанд.

Баҳори соли 1985, вақте соли аввали таҳсилро ба поён ме- расондам, ман ҳам барои сарбозӣ даъват шудам. Ман моҳи сен- тябри соли 1984, яъне аз оғози соли таҳсил ба Душанбе омада ва дар тӯли нӯҳ моҳи аввали донишҷӯӣ ба хонаамон нарафта ва падару модарамро надида будам. Чунки он замон роҳи заминӣ аз тариқи ағбаи Анзоб фақат дар фаслҳои гарм боз буд ва дар зимистон рафту омад ба Панҷекат аз тариқи парвоз ва ё ба ва- силаи қатор аз тариқи Самарқанд имконпазир буд, ки вақт ва харҷи зиёд металабид. Ман ҳамин тавр, бе дидору хайрухуш бо хонавода ба хизмати аскарӣ рафтам. Ду соли дигар ҳам бар ин фосилаи дидор бо аҳли хонавода афзуда шуд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 3 сол хонавода ва пайвандонро надидам, фақат падар ва амакамро дидам, ки ҳикояи он хоҳад омад.

Мо наваскаронро аз фурудгоҳи кӯҳнаи Душанбе, бо пар- вози ҳаштсоата ба вилояти Амур дар Шарқи Дури Иттиҳоди Шӯравӣ бурданд ва бо қатор ба қисми низомии омӯзиши ро- нандаҳои тонк расонданд. Ҳамаи мо 175 нафар наваскарро, ки бо як ҳавопаймои «Ту-154» аз Тоҷикистон омада будем, ба ҳамин қисми низомии омӯзишӣ оварданд, вале дар давоми як моҳи аввал аксари ин наваскарони аз Тоҷикистон омадаро ба қисмҳои дигар, махсусан ба қисмҳои сохтмонӣ ва қисмҳои ёри- диҳанда фиристоданд. Мо фақат 3 нафар аз Тоҷикистон дар ин омӯзишгоҳ мондем ва ҳар рӯз аз дигар қисматҳои Шӯравӣ ба омӯзишгоҳ наваскар меоварданд, ки бештарашон баччаҳои рус, белорус ва укроин буданд. Чи тавре ки арз шуд, қисми низомие, ки моро барои омӯзиш бурданд, барои таълими ронандагони тонкҳои сабук ихтисос ёфта буд. Ба мо дар ин омӯзишгоҳ ро- нандагии тонк ва сохти онро ҳам меомӯзонданд. Шаш моҳ мо дар ин қисми низомӣ омӯзиш дидем ва пас аз он, ба қисмҳои ҳарбӣ барои хизмати асосӣ фиристода шудем.

Пас аз хатми омӯзиш, моро ба қисмҳои низомӣ фиристо- данд, то тонкҳои ҷангиро ронандагӣ кунем. Ман ва ду русбач- чаро ба вилояти Хабаровск фиристоданд. Дар он ҷо моро ба як маҷмӯае бурданд, ки барои тақсими сарбозҳо ихтисос дода шуда буд. Мо ба як салони бузург ворид шудем. Ин толори хеле калон пур аз сарбозу афсарон буд. Мисли ин ки ҳамаи сарбозони дар он толор бударо дар ихтисосҳои гуногун омӯзиши шашмоҳа дода, барои идомаи хизмат ба қисмҳои низомӣ фиристода бу- данд. Мо се нафар, ки ронандагии тонк хонда будем, аз қайд гу- заштем ва дар гӯшае нишастем. Ин толори бузург ба як бозори пурғавғо шабоҳат дошт. Афсарони зиёд меомаданд ва аз миёни он сарбозон аскарбаччаҳои барои қисми низомияшон дарко- риро пайдо мекарданду сабти ном мекарданд ва мебурданд. Замоне як капитан ворид шуду пурсид, ки ронандаҳои тонк куҷоанд? Сӯи мо нишон доданд, омад ва номҳои моро пурсид. Чун аз ном ва зоҳири ман маълум буд, ки ман аз миллати рус нестам, ӯ ба ман таваҷҷуҳе нишон надода, он дуро гирифту бурд ва сабт кард. Ин замон боз як капитани дигар ворид шуд ва бо садои баланд пурсид, ки:

– Ронандагони тонк куҷоанд?

Он касе, ки сабти ном анҷом медод, сӯи ман нишон дод. Ӯ пештар омаду пурсид:

  • Куҷост?

Он яке бо ишора ба ман гуфт:

  • Ин аст.

Афсар бо дашномҳои қабеҳ дод зад:

  • На, ман «чурка» (русҳо зодагони Осиёи Марказӣ ва Қаф- қозро дағалона ҳамин тур меномиданд, ки маънои аҳмақро дорад) намехоҳам, ман ронандаи тонк мехоҳам.

Гуфт:

  • Ҳамин ронандаи тонк аст, 3 нафар буданд, як нафар монд. Афсар пурсид:
  • Он ду нафари дигар куҷо ҳастанд?

Гуфт:

  • Ду нафари дигарро гирифтанд, – ва ба сӯи афсари қаблӣ ишора кард.

Ин афсар ба он афсаре, ки он ду танро интихоб карда буд, хитоб кард:

  • Колябин, ту чаро ҳардуро бурдӣ ва ҳадди ақал якеро ба- рои ман нагузоштӣ?

Афсаре, ки машғули сабти номи он ду тан буд, табассуми истеҳзоомезе кард ва ҷавоб надода, ба кори худ идома дод. Вақте афсари тозарасида аз ӯ хост яке аз он ду танро барои қисми ӯ бидиҳад ва манро ба ҷои ӯ бипазирад, афсари аввал қабул накард ва гуфт:

  • Кузмин, сабти асноди инҳо анҷом шуд, ту ҳамон якеро, ки монда, бигир ва агар иддаое дорӣ, дар ҷои дигар бигӯ.

Капитан Кузмин, дар ҳоле, ки хеле асабонӣ шуда буд ва дашном медод, ба сӯи ман мисли саг аккос зад:

  • Кӣ ҳастӣ?

Ман исмамро гуфтам, гуфт:

  • Миллатат чист?

Гуфтам:

  • Тоҷик.

Бо асабонияту нороҳатӣ гуфт:

  • Бо ман биё.

Ноилоҷ исм ва асноди маро сабт кард ва бо худаш бурд. Ӯ хеле норозӣ аз он буд, ки ба ӯ як «чурка» расид. Ман, тамоми ин муддат, бо истеҳзо муносибати ӯро дунбол мекардам. Ӯ намедонист, ки ман ронандаи хубам ё бад. Барояш миллатам муҳим буд, на қобилиятам!

Мо ба қисми ҳарбие омадем, ки бояд он ҷо давраи асосии хизмати сарбозиро мегузарондем. Ин қисми низомӣ дар ҳашт километрии марзи Чин воқеъ буд ва дар канори роҳҳое, ки мо қадам мезадем, ҳар ҷо-ҳар ҷо навишта буданд: «Сарбоз, ҳушёр бош, то марзи давлатӣ ҳашт километр аст». Ба қавли афсарон, ин қисми низомӣ дар муқоиса бо маҳалли омӯзиши муқаддамотии мо, ҷое хеле муҳим ва хатарнок буд. Мегуфтанд, ки солҳои шаст дар танише, ки миёни Чин ва Шӯравӣ гузашта буд, сарбозони чинӣ вориди қаламрави Шӯравӣ шуда, теъдоди зиёди сарбозонро дар шаби хобашон кушта буданд. Намедо- нам, ки ин гуфтаҳо ҳақиқат дошт ё барои ҳушёр кардани мо мегуфтанд.

Моро ба баталиони алоқа оварданд ва ҷои хоб, ошхона, майдони машқ, пойгоҳи тонку мошинҳо ва ғайраро бароямон нишон доданд. Рӯзи дигар боз моро ба пойгоҳи тонкҳо бур- данд ва мошинҳоямонро мушаххас карданд. Аслан, мо барои ронандагии тонк омӯзиш дида будем, вале вақте ба ин қисми низомӣ омадем, ба мо зиреҳпӯш (БТР) доданд, ки дар поя ё платформи ҳамон тонк сохта шуда буд, вале ба ҷои аслиҳа до- хилаш пур аз таҷҳизоти радиову алоқа ва вазифааш таъмини алоқа барои фармондеҳон дар ҳолати ҷанг буд. Исми он ПУМ (Пункт управления мобильный), буд, ки ба забони тоҷикӣ Мар- кази фармондеҳии сайёр гуфтан мумкин аст. Дар сурати сар задани ҷанг, фармондеҳи дивизия, ки зери дасташ 8-10 ҳазор афсару сарбоз буд, аз тариқи ҳамин мошини мо амалиёти ни- зомиро идора мекард, чун ин мошин таҷҳизоти заруриро дошт, зиреҳпӯш ва тасмачарх буда, метавонист аз ҷойҳои душворгузар ҳаракат кунад. Мошинҳои махсуси муҷаҳҳази дигар низ буданд, ки дар атрофи мо меистоданду бо ҳам васл мешуданд ва дар маҷмӯъ, низоми алоқаи махфии низомӣ шакл мегирифт, ки вобаста ба талаби фармондеҳ ӯро бо ҳама қисмҳои низомии зердасташ ва роҳбарони болодасташ бо алоқаи махфӣ васл мекард.

Ин зиреҳпӯшҳо аз назари ман ба унвони ронанда, хеле бадсохт буданд ва зуд-зуд вайрон мешуданд ва ду мушкили бузург доштанд, ки яке ба танзимоти системи сӯхт марбут буд ва дигараш – ба танзимоти ҷаъбаи данда. Рӯзе набуд, ки онҳо вайрон нашаванд. Албатта, аз назари сарбозоне, ки корашон алоқа буд, ин зиреҳпӯшҳо хуб буданд, чун таҷҳизоти онҳо хуб кор мекард. Вале худи мошин зуд-зуд хароб мешуд.

Мотори он дизелӣ буд ва ҳамоҳангии миёни помпи сӯхт ва мотор доим барҳам мехӯрд. Ман ба ронандагӣ шавқ доштам ва дар як соли дар Заврон кор карданам, бо трактору мошинҳо зиёд машғул шуда будам, аз сохт ва кори техника огоҳ будам ва дар он шаш моҳи омӯзиш роҳҳои рафъ кардани мушкилоти ин зиреҳпӯшро хуб фаҳмида будам.

Рӯзе аз рӯзҳои аввали хизматамон ба мо гуфтанд, ки бояд зиреҳпӯшҳоро барорем ва машқ кунему корҳои тоза кардан ва сервисро анҷом диҳем. Мо ба порк рафтем ва ман пеш аз гирон кардани мотори тонк, аввал ба ҳамон ҷойи заъфи сӯхт нигоҳ кардам ва дидам, ки дар танзимот ихтилоф эҷод шудааст. Аввал помпро боз кардам ва чархаи моторро сари ҷояш овар- даму такти аввали ҳардуро танзим кардам. Як помпи дастӣ ҳам дошт, ки бояд аввал тавассути он худи помпро бо сӯзишворӣ пур мекардӣ ва он гоҳ бо аввалин ҳаракати калид мотори тонк гирон мешуд. Вале агар ин кор анҷом намешуд, бо як-ду калид задан батериҳо, ки хеле кӯҳна буданд, аз кор меуфтоданд. Аз нав пур кардани батериҳо вақти зиёд металабид. Ман, ки инҳоро медонистам, аввал ҳама танзимотро дуруст кардам ва баъд ка- лид задам ва мотори зиреҳпӯши ман гирон шуд. Онро берун овардам ва ҳамроҳ бо ёрдамчӣ, ки ҳар ронанда як ёрдамчӣ ҳам дошт, корҳои назофат ва сервисро анҷом додем. Ротаи мо дорои ду зиреҳпӯш буд – яке таълимӣ ва дигаре – ҷангӣ. Дувумиро ҳам берун овардем ва танзиму назофат кардем. Дар паҳлуи боксҳои (гараж) мо зиреҳпӯшҳои он ду нафаре буд, ки ҳамроҳи ман аз омӯзишгоҳ омада буданд ва онҳо гирон намешуданд. Вақте ки афсарон барои бозбинӣ омаданд, диданд, ки ҳарду зиреҳпӯши мо гирон шудаву кор мекунанд ва он ду бошад, гирон намешаванд. Колябин, ки он ду сарбозро интихоб карда ва ба ман бо истеҳзо бархӯрд карда буд, назди мо омад, даври зиреҳпӯшҳои мо гашту рафта ба сарбозонаш дӯғ зад, то зудтар зиреҳпӯшҳоро гирон карда, корҳоро анҷом бидиҳанд. Дар ин лаҳза фармондеҳи ротаи мо омад ва аввалӣ бо хитоб ба ӯ гуфт:

  • Кузмин! Ин зиреҳпӯшҳои ту чӣ тавр гирон шуданд? Кузмин гуфт:
  • Намедонам.

Колябин гуфт:

  • Ба он сарбозат бигӯ, биёяд ва зиреҳпӯшҳои моро ҳам бубинад.

Ин Кузмин фикр карда буд, ки манзури ӯ он шогирд – ёвари ман аст ва ба ӯ гуфт:

  • Бирав, мошинҳои онҳоро ҳам бубин.

Сарбоз рафт ва пурсид:

  • Чиро бубинам?

Ба ӯ гуфтанд, ки бинад чаро онҳо гирон намешаванд.

Вай гуфт:

  • Ман наметавонам.

Ба ӯ гуфтанд:

  • Пас чӣ гуна он дуро гирон кардӣ?

Сарбоз гуфт:

  • Ӯ медонад, – ва ба ман ишора кард.

Колябин ба ман бо пӯписа гуфт:

  • Биё ин ҷо, ту он зиреҳпӯшҳоро гирон кардӣ? – гӯё ман ҷинояте карда бошам, -чӣ тавр гирон кардӣ?

Ман гуфтам:

  • Танзим кардам ва гирон шуд.

Пурсид:

  • Чӣ тавр танзим кардӣ?

Ман тавзеҳ додам.

Вай гуфт:

  • Бубин, инҳо чаро гирон намешаванд?

Нигоҳ кардам, ки ронанда вақти танзими мотор назми пом- про вайрон карда буд. Афсар омаду пурсид, ки мушкил дар чист? Барояш тавзеҳ додам ва мушкилро гуфтам. Ӯ гуфт:

  • Ба тартиб бигӯ, чӣ кор бикунад?

Роҳнамоӣ кардам ва ба ҳамон тартиб, ки гуфтам, танзим карданд ва бо аввалин старт, хушбахтона, батериҳо ҳанӯз на- шишта буданд, мотор ба кор даромад.

Акнун, Кузмин ба Колябин бо истеҳзо менигарист.

Дигар аз забони онҳо «чурка»-ро нашунидам.

Пеш аз ба хизмати сарбозӣ рафтан, баччаҳои аз хизмат бар- гашта ба мо аз таҷрибаи сарбозиашон ҳикояҳо мекарданд ва машварат медоданд, ки агар ба хизмат равем, чӣ гуна рафтор намоем. Ҳама ба як овоз ҳушдор медоданд, ки аз рӯзи аввал шарму тарсро канор гузошта, аз иҷрои фармонҳои собиқадорон саркашӣ кунем вагарна, моро тарсу ҳисобида, ба мо бештар корҳои ифлосро, аз қабили шустани дастшӯйиҳо ва фарш ме- фармоянд ва умуман, дар артиш касонеро, ки мутеъ бошанд, ҳурмат намекунанд. Мегуфтанд «агар як бор латтаи фаршшӯиро ба дастат бигирӣ, ду соли хизматат бо фаршшӯӣ хоҳад гузашт». Баръакс, агар нотарс бошӣ ва ба фишору таҳдид тан надиҳӣ, соҳиби эҳтиром мешавӣ ва хизмат осон мегузарад.

Ин буд, ки мо ба ҳар эроде ё фармоише вокуниш нишон медодем. Ҳатто лозим шавад, занозанӣ ҳам мекардем, вале сар намефуровардем. Ба фаҳми баччагии мо, ин як кори номусӣ буд.

Қисми низомие, ки ман дар он адои хизмат мекардам, аз баталионҳои зиёд иборат буд. Аз тоҷикон ман бо як нафари дигар, ки Мусулмон ном дошт, дар қисми алоқа хизмат ме- кардем. Дар қисмҳои дигар ҳамагӣ се нафар баччаҳои тоҷик буданду халос. Мо бо ҳамдигар хеле дӯст будем ва доим аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтем. Дар ҳама кор ба якдигар кумак мекардем. Ҳикояти як иттифоқи ҷолибро, ки бо яке аз ин баччаҳо афтида буд, дар поён хоҳам овард.

Чи тавре ки зикраш рафт, дар артиш собиқасолорӣ роиҷ буд. Сарбозони собиқадор берун аз оиннома ба худашон са- лоҳиятҳои бештар мегирифтанд. Сарулибосашонро ба завқи худашон мувофиқ мекарданд. На ҳамеша реҷаи рӯзро риоят мекарданд. Кору вазифаҳои худро ба ҷавонсарбозон бор менаму- данд ва ғайра. Умуман, қонуншиканӣ дар артиш зиёд рух медод. Инчунин, муносибати байни сарбозон зиёд ба ҷанҷолу занозанӣ мекашид, ки давлат маҷбур шуд барои муносибатҳои хилофи оиннома қонунҳои ҷиноӣ қабул кунад ва ҳатто зиндонҳои мах- суси интизомии сарбозӣ ташкил кард.

Ман ҳам як баччаи ҷавону хом ва ба истилоҳи Устод Айнӣ, «як тоҷики аҳмақ» будам ва тибқи ҳамин зеҳният хизмат мекар- дам. Бе ҳеч сабаби хос пархошҷӯӣ мекардам ва ба ҷавонсарбозон сахтгирӣ раво медидам. Боре як сарбози ҷавонро аз сабаби он, ки дар бошишгоҳ об набуд, барои об фиристодам ва таҳдид кардам, ки бе об барнагардад вагарна лат хоҳам кард. Ба зудӣ об ҳам омаду ман он сарбози ҷавонро фаромӯш карда будам. Ин сарбоз аз тарс гурехта, он шаб ба қисм барнагашт. Рӯзи дигар вақти сафороии субҳ набудани ӯ ошкор шуд ва баъд аз ҷустуҷӯ ӯро аз зери буттаҳои боғи қисмамон пайдо карданд, пурсуҷӯ маълум шуд, ки ӯ аз таҳдиди ман тарсида, гурехта будааст.

Дар натиҷа, барои ман тафтишот оғоз карданд. Дар ҳоли ба додгоҳи низомӣ фиристода шудани парванда, ба ман ҳукми адои ҷазо дар зиндони интизомии сарбозӣ таҳдид мекард, ки ман онро хеле ҷиддӣ нагирифта будам. Хеле содалавҳ будам, фикр мекардам агар як зарра поён оям, ҳамаи обрӯву номусам мерезад ва нобуд мешавад.

Муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-идеолоҷӣ майор Лебедев пешниҳод кард, ки ба падару модарам хабар диҳанд. Ӯ дар ҷамъи афсарон, ки маро муҳокима мекарданд, эълон кард, ки дар Осиёи Миёна зиндагӣ дар аулҳо ба таври қабилавӣ мегузарад ва чунин хабари бад зуд паҳн шуда, боиси сараф- кандагии хонадон мешавад. Ҳарчанд ман даъво кардам, ки ба балоғат расидаам ва ба аъмолам худам ҷавоб медиҳам, ба ин нигоҳ накарда, ба хона телеграм фиристоданд.

Ман он замон бештар аз он нороҳат будам, ки амали зиш- там ба падарам ошкор мешавад, метарсидам, ки чи гуна ба чашмони падарам нигоҳ мекунам. Фикр намекардам, ки кори баде кардаам. Аслан ба зеҳнам намерасид, ки чи ҷазое маро интизор аст. Нофармониву саркаширо қаҳрамонӣ медонистам.

Падари азизам ҳамроҳи амакам, ки ҳанӯз барҳаётанд, ба қисми низомии мо, ки ҳашт ҳазор километр аз зодгоҳ дур буд, омаданд, ки боиси сарафкандагӣ ва шармандагии ман шуд.

Вақте ки падарам ордени «Ленин»-у «Байрақи Сурхи Меҳ- нат»-ро ба сари сина овехта, ба қабули фармондеҳи қисми ни- зомӣ омаданд, ӯ дид, ки на бо як авулнишини саҳроӣ, балки бо як собиқадори хизматнишондода рӯбарӯст, даступо хӯрд ва вақте ба ӯ гуфтанд, ки худаш дар тарбияи ман масъул аст ва агар пас аз якуним соли хизмат ман ҷинояте содир карда бошам, ӯ
ҳам ҷавобгар аст, ларза дар андомаш афтод ва зери обу арақ монда, ваъда дод, ки пас аз муҳлати ками монда, маро сиҳату саломат ба хона гусел хоҳад кард. Дастур дод, парвандаро қатъ карданд ва он хатар аз сари ман рафъ шуд. То ҷое ман медонам, ин ҷоизаҳои падарам фақат ҳамин як бор ба оилаи мо хизмат карданд, вале воқеан хизмати арзандае!

Вале ин ҳодиса ба ман дарс шуд ва баъд аз он ба худам қавл додам, ки беандеша набошам ва ба он ҳама бесарӣ хотима диҳам. Дар давоми муҳлати боқимондаи хизмат, ки тақрибан ним соли дигар буд, дигар ба ҳеч фитнае дода нашудам ва аз қонуншиканиву ҷангу ҷанҷол худдорӣ кардам. Агар дар тӯли якуним соли хизмат шибҳиғалабаҳоям ба назарам боиси иф- тихор буда бошанд, бо гузашти замон худдориҳои кардаам бароям мояи ифтихор шудаанд. Баъдҳо дар асари безаволи Байҳақӣ хондам, ки ӯ низ бе овардани ҷузъиёт, аз муҷозот шуда- наш нақл мекунад ва худашро гунаҳкор медонад ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ мекунад. Ман ҳанӯз ҳам аз он ҳодиса эҳсоси шарм мекунам, нақлашро барои он овардам, ки ба ҷавонон дарс шавад.

Ман хизматро моҳи майи соли 1987 ба охир расонда, баргаштам ва таҳсилро дар Донишгоҳ идома додам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …